logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бошад, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи нав боз намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия низ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуданд. Дар ин давра низоми муосири ҳокимияти судӣ таъсис дода шуда, ба сифати шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва се барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гашт, ки татбиқи онҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории соҳа ва кафолати амалишавии меъёри конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун мусоидат кард.
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабули Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Ин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон шуда, дар асоси таҷзияи ҳокимият тартиби ташкил, салоҳият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ танзим гардид.
Боиси ифтихору фараҳмандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи кӯтоҳи вақт бо раҳнамоии Сарвари дурандешу бунёдкорамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу шукуфон ва диданӣ табдил ёфт. Муҳимтар аз ҳама, дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардондани давлату миллат неру мебахшад.
Фаррух ВАЛИЗОДА,
мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 426

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед