logo

иҷтимоиёт

ҲОЛИ НОГУВОРИ ПАРТОВГОҲҲОИ КӮЛОБ

- Аз бемасъулиятии кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, идораи санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаи муҳити зисти шаҳр, аксар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои зисти он ба назар партовгоҳҳоро мемонанд. Сокинон ҳайронанд, ки партовҳои худро ба куҷо баранд. Пештар мошинҳо партови ҳавлию корхонаҳоро ҳафтае як маротиба кашонда мебурданд, ҳоло ин амал моҳе як бор ба анҷом расонда мешавад. Касе парво надорад, ки дар ин муддат дар манзили сокинон чӣ қадар партов ҷамъ мешавад! Дар чунин шароит мардум илоҷи дигар наёфта, партовҳоро дар ҷойҳои мамнӯъ мепартоянд, - навиштааст дар номаи хеш сокини шаҳри Кӯлоб Шарифхон Тиллоев ба унвони рӯзнома.
Аммо А. Миралиев, сардори раёсати муҳити зисти минтақаи Кӯлоб мушкилоти партовҳоро рад намуда, шаҳрро нисбатан тозаю озода ва аз нигоҳи экологӣ беҳтар баҳогузорӣ намуд.
Доир ба ҳолати мазкур сардори идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Ҳикматулло Қурбонов чунин гуфт:
- Аз моҳи август сарварии идораро ба дӯш дорам. Маҳз мушкилоти мазкур боиси тез-тез иваз гардидани роҳбари корхона гаштааст. Идора бо усули худмаблағгузорӣ фаъолият мекунад ва дар он  117 нафар коргар машғули коранд, ки аз ин ҳисоб   54 нафари онҳоро занҳо ташкил менамояд. Мо дар ихтиёри худ 3 трактор ва 1 автомошинаи КамАЗ дорем. Мошинамон бо иллати пӯсидану аз кор баромадани сандуқҳои ахлотпарто, истифода намегардад. Аз ин хотир маҷбур ҳастем, ки тракторҳоро дар ду баст истифода намоем. Ҳама мушкилоти мо аз заифии базаи моддию техникии корхона сарчашма мегирад. Ҳоло аз ин вазъ баромада истодаем. Рӯзҳои наздик мавриди амал қарор гирифтани  барномаи алоҳида маҳз  барои рафъи ҳамин мушкилот дар заминаи идораи мо дар назар аст. Дар ин росто мо бо бошандагони шаҳри азизи худ оид ба фарҳанги шаҳрнишинию иҷрои шартномаҳо муносибати зич ба роҳ мондем. Самараи хизматрасонии мо пеш аз ҳама ба муносибати некбинонаи онҳо вобастагӣ дорад. Масалан бо 7103 хонавода оид ба кори хизматрасонӣ шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонидаем, вале  иҷрои он  ҳоло беш аз 40 фоизро ташкил менамояд, ки ин рақам қонеъкунанда нест.
Аз пайгирии ҳамаҷонибаи номаи Ш. Тиллоев, хусусан аз суҳбат бо масъулону сокинони шаҳр, маълум гардид, ки  сабаби асосии мушкилоти партовҳо дар ин  шаҳри дар навбати аввал имкониятҳои нокифояи техникии идораи коммуналӣ ва фаъолияти сусти муассисаҳои назоратӣ, аз ҷумла идораҳои санитарию эпидемиологӣ, муҳити зист ва паст будани фарҳанги шаҳрнишинии баъзе сокинон аст. Вазъи изтиробовари Сойи Тебалай, бахусус ҳолати риққатовари атрофи  кӯпруки назди бозори «Саховат» шаҳодати равшани ҳолати бади партовгоҳҳои шаҳр аст. Ҳоло пули мазкур ягона василаи пайванди қисмати ҷанубии шаҳр ба қисмати шимолии он маҳсуб меёбаду рӯзе ҳазорон нафар аз пул мегузаранд. Акнун ин сой партовгоҳи ҳақиқиро мемонад. Дар ин маврид танҳо нуктаеро ёдрас шуда, гуфтанием, ки 7 сол қабл дар сойи мазкур бо сабаби муносибати нодурусти соҳилнишинону масъулон дар натиҷаи борони рӯзи 10-уми май дарё тағийри маҷро кард ва оқибатҳои нохуши ҷонию молӣ ба бор овард. Вазъи ногувори имрӯзаи ин макон ба саломатию бехатарии сокинон бетаъсир нахоҳад монд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 374

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед