logo

сиёсат

ЗАМИН. АЗ 6021 ГЕКТАРИ БА ГАРДИШ ВОРИДГАРДИДА ТО ҚОНУНШИКАНИҲОИ ОШКОРШУДА

Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, заминсозии байнихоҷагӣ, баҳои замин, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, топографӣ - геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва деморкатсияи сарҳад аз зумраи он масоили муҳиме буданд, ки дар нимсолаи аввали соли равон низ дар меҳвари фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо баёни ин матлаб иттилоъ дод, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллии соҳа танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо майдони 3463 гектар, ки аз он 3407 гектараш обӣ аст, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Дар вилояти Суғд аз ҳисоби заминҳои партов майдони 58 гектар обӣ, вилояти Хатлон 3405 гектар, аз ҷумла  заминҳои партов 1649 гектар, аз ин 1593 гектараш обӣ, чарогоҳ 952 гектар, буттазор 11 гектар ва дигар заминҳо 793 гектар бо қарори раисони ноҳияҳо ҳамчун заминҳои корам ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидаанд.
Дар шаш моҳи сипаришуда аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо  инвентаризатсияи боғу токзорҳо гузаронда шуда,  ба ҳолати 1 июни соли 2017 дар майдони 2558 гектар, ки аз он 240 гектараш обӣ аст, боғу токзор бунёд гардидааст. Дар  маҷмӯъ, якҷо бо майдони боғу токзор 6021 гектар замин, аз он 3647 гектараш обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид шудааст.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар баробари зикри дастовардҳои соҳа, аз риоя нагардидани қонунгузории  замин изҳори нигаронӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти идораи замини кишвар 6958 ҳолати риоя нагардидани қонунгузории замин ошкор  гашта, нисбат ба  6315  ҳолат дастур, 5730 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул ва ба маблағи  2 миллиону 212 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 412 мавод ба прокуратура, 313 барои бо роҳи маҷбурӣ ситондани маблағи ҷаримаҳо ба суд  ирсол гашта, 4053 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал  бартараф гардидааст.
Мутахассисони  раёсати назорати давлатии замини кумита дар ноҳияҳои Қубодиён, Восеи вилояти Хатлон, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Рашт ва Тоҷикобод  оид ба риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба замин санҷиш гузаронданд. Муайян гардид, ки дар ноҳияи Қубодиён дар 91 ҳолат қонунгузории замин риоя нагаштааст. Нисбат ба 58 ҳолат дастур, 74 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои ситондани 39250 сомонӣ ҷарима қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои суратгирифта 27150 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаи давлатӣ ворид гардидааст. Дар ноҳияи Восеъ бошад, дар рафти санҷиш  55 ҳолати қонуншикании замин ошкор  гардида, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Нисбат ба  40 ҳолати риоя нагардидани муқаррароти қонуни замин парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 22600 сомонӣ қарор дар бори ҷаримабандӣ қабул ва  17600 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид гаштааст.
Дар рафти санҷиш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор  гардида, нисбат ба  136 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Гузашта аз ин, 13 қарори ғайриқонунӣ оид ба додани замин ошкор гашта, барои баррасӣ ба  унвони раиси ноҳия пешниҳод шудааст. Санҷиш дар шаҳри Гулистон 17 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор  намуд. Нисбат ба  16 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи  8050 сомонӣ ҷарима ситонда шуда,  аз ин 7050  сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаи давлатӣ ворид гаштааст. Инчунин, ҳафт қарори ғайриқонунӣ оид ба додани замин, аз он чор қарори раиси шаҳри Гулистон ва се қарори раиси ҷамоати деҳот  ошкор ва  барои беэътибор донистан ба унвони раиси шаҳр пешниҳод гардидааст. Дар рафти санҷиш дар ноҳияи Рашт 124 ва Тоҷикобод 80 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор  шудааст.
Бино ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохт намудани маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ тибқи талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд, Хатлон  58 аризаи даъвогӣ оид ба рӯёндани 41 миллиону 980 ҳазору 882 сомонӣ таҳия ва пешниҳод намудааст. Дар нимсолаи аввали соли равон ба суратҳисоби махсуси Буҷети давлатӣ 31 миллиону 508 ҳазору 434 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 412

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед