logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ 800 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУД

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: «Мо афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнатро ба инобат гирифта, минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем».

Барои ба шуғли пурмаҳсул ва омӯзиши касб фаро гирифтани аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017» амал мекунад. Дар доираи барнома дар шаш моҳи соли ҷорӣ наздики 800 сокини ноҳия аксаран дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маорифу тандурустӣ, бо ҷойи кор таъмин шуд. Дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 дарсад зиёдтар ҷойҳои кор таъсис ёфтанд.
Абдумаҷид Сайфуллоев, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, гуфт, ки аз шумораи нафарони бо ҷойи кор таъминшуда беш аз 500 нафарашон занону ҷавонон мебошанд.
Ба гуфтаи номбурда, хусусан ба ташкили меҳнати хонагӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Бо ин мақсад курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҳисоби хатмкунандагони ин курсҳо дар нимсолаи гузашта 78 нафар соҳиби ҷойи кор гашт.
Солҳои охир корҳои ободониву сабзкорӣ дар гӯшаву канори мамлакат равнақ ёфтаанд. Ин амал барои ба шуғли мавсимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд. Аз ҳисоби аҳолии бешуғли ноҳия 90 нафар ба чунин корҳо сафарбар гардиданд. А. Сайфуллоев саҳми хоҷагиҳои деҳқониро дар муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ назаррас арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Зайналобод ҷиҳати бо кор таъмин кардани аҳолӣ пешсафанд.
Баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ яке аз  роҳҳои асосии бо кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Аз аввали сол дар ноҳия 5 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронда шуд, ки тавассути онҳо 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гашта, 77 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 534

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед