logo

иқтисод

ЧӢ БОЯД КАРД? ЧАРО КОРХОНАҲОИ АЗИМИ ПАРАНДАПАРВАРӢ АЗ КОР МЕМОНАНД?

Парандапарварӣ манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо тухму гӯшти парҳезии ватанӣ буда, рушди он барои таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад. Бо вуҷуди дар солҳои охир ба фаъолият пардохтани  корхонаҳои хурду калон, воридоти гӯшту тухми мурғ аз хориҷи кишвар давоми шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба қаламрави кишвар  зиёда аз 21 ҳазор тонна гӯшт  ва қариб 4100 тонна тухми мурғ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  мутаносибан 5663,78  ва 3535,27 тонна  зиёд мебошад. Маҳсулоти гӯшти мурғ асосан аз  Туркия, Русия, ИМА, Бразилия  ва  тухми мурғ аз давлатҳои ҳамсояи Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия ворид  мешавад.
Дар натиҷаи санҷиши маркази ташхисии Агентии Тоҷикстандарт соли гузашта 30631 килограмм тухми мурғи воридотӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1870 килограмм тухм ва зиёда аз 31 тонна гӯшти мурғи воридотии ғайристандартӣ ошкор карда шуд. 
Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки маҳсулоти воридотӣ на ҳама вақт дорои сифати баланду ба меъёри стандарт  ҷавобгӯст. Чӣ бояд кард, ки талаботи аҳолии кишварро  бо маҳсулоти босифати истеҳсоли ватанӣ таъмин намоем, то ки ҳоҷат ба истеъмоли маҳсулоти воридотӣ намонад?
Тибқи  иттилои  Машокир Назаров, сардори КВД  «Саноати парандапарварӣ» - и Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст, ки айни ҳол 79 - тои он фаъолият дорад.
Онҳо бо таҷҳизоту технологияи муосир ва мутахассисон пурра таъминанд. Беш аз 20  корхона  муваққатан аз кор бозмондааст. Риоя накардани технологияи парвариш, сари вақт таъмин накардани хӯрокаи паранда ва чӯҷа барои такрористеҳсолкунӣ омилҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои муфлисшуда мебошанд. Норасоии  хӯрокаи паранда, ки қариб 80 дарсад аз хориҷи кишвар ворид мегардад, мушкилоти асосии соҳа аст. Хӯрокаи паранда аз Русия, Қазоқистон, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Аргентина, Лаҳистон ва дигар мамлакатҳо ворид мегардад, ки нархи интиқоли  он хеле баланд буда, ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад. 
Дар корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли равон 87 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллион дона кам мебошад. 
- Мушкилие, ки соли 2016 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавҷуд буд, паси сар шуда истодааст. Он миқдори саршуморро, ки кам шуда буд, дар ин нимсола аз ҳисоби афзудани миқдори паранда  дар корхонаҳои  фаъолиятдошта  пур кардем. Имрӯз саршумори паранда  дар корхонаҳои парандапарварӣ ба 1 миллиону 661 ҳазору 500 расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 ҳазору 900 сар зиёд мебошад. Аммо тухм  нисбат ба соли гузашта 27 миллион дона кам истеҳсол шуд. Мо дар ин давра 17 миллион донаи онро то имрӯз аз ҳисоби корхонаҳои фаъол пур кардем. Боварӣ дорем, ки то охири сол 10 миллион дона зиёд тухм истеҳсол намуда, ҳисоби онро ба соли гузашта баробар намоем. Сабаби асосии истеҳсоли ками тухм ва амалӣ нашудани дурнамо  ин аз фаъолият боз мондани  корхонаи азими парандапарварии ҷумҳурӣ - ҶДММ «Мурғи ҳилол» - и ноҳияи Файзобод ва корхонаи парандапарварии № 2 - и ноҳияи Ҷабор Расулов мебошад, - гуфт М. Назаров.
Барои рушди  соҳаи парандапарварӣ таъминот бо хӯрока ва барқ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Барои дастгирии соҳибкороне, ки ба парандапарварӣ машғуланд ва рафъи мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Вазорати кишоварзӣ ва КВД «Саноати парандапарварӣ» тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд. Солҳои пеш дарёфт кардани чӯҷаи 1 – рӯза барои гӯшт ва тухм проблемаи асосӣ буд. Онро парандапарварон аз хориҷи кишвар бо нархи гарон дастрас мекарданд.  Имрӯз  ин мушкилот тадриҷан  ҳалли худро ёфтааст. Айни ҳол КВД «Саноати парандапарварӣ», корхонаҳои «Раҳмонҷон» - и ноҳияи Данғара, «Симурғ» - и шаҳри Истаравшан, «Чептура» - и ноҳияи Шаҳринав ба парвариши мурғ ва чӯҷаи якрӯзаи хушзот  машғуланд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Данғара ва вилояти Суғд ду корхона хӯрокаи паранда истеҳсол мекунанд.
Барои рушди минбаъдаи соҳа  лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2021»  омода шудааст. Ҳадафи  барномаи нави таҳияшуда афзун кардани саршумор, истеҳсоли босифати тухм ва гӯшти паранда бо истифода аз технологияҳои муосир, беҳтаркунии зот,  баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин, кам намудани хароҷоти изофа  мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 669

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед