logo

номаҳо

АЗ Ӯ ИФТИХОР ДОРЕМ!

Аз пешвоям ифтихор дорам. Аз пешвое, ки дар замирашон олитарин хислатҳои инсонӣ нуҳуфтааст. Яке аз чунин хислатҳои Пешвои муаззами миллат бахшояндагию меҳрубонист. Дар муддати солҳои на чандон зиёди сипаришуда мо шоҳиди он гардидем, ки ҳазорҳо гунаҳкоронро афв намуда, ба роҳи рост ҳидояту роҳнамун сохтанд. Ба ятимону барҷомондагон, маҷрӯҳону пиронсолон чунон раҳмдилу дилсӯзанд, ки ҳеҷ гуфтан наметавон. Меҳри Пешвои миллат дар дили ҳама ҷой гирифтааст.
Дар солҳои пешин мо ёд надорем, ки сарварони давлат пайваста ба ноҳияҳо ташриф оварда, бо мардуми одӣ аз наздик рӯ ба рӯ шуда, суҳбати ошкоро карда бошанд. Вале Пешвои миллат аз тамоми ноҳияҳою деҳоти мамлакат дидан намуда, бо сокинони маҳаллаҳо аз наздик суҳбатҳо оростаанд. Хислати ҳамидаи дигари Сарвари давлат боз он аст, ки бо мардуми одӣ суҳбат карданро дӯст медоранд ва бо як самимияти хоса бо онҳо ҳарф мезананду онҳоро мешунаванд.
Боре дар маҳаллае бо мардум вохӯрӣ доштанд. Вақте ки ба минбар баромаданд, нахуст чашмашон ба он мардуми дуртар аз мо истода бархӯрд ва аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки пеш оянд. Сарвари давлат нахуст аз зиндагии онҳо ва фикру андешаҳояшон огоҳ шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.
 «Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст» мегӯянд бузургон. Пешвои миллат  баҳри оромию осудагии давлатҳои бо мо ҳамсоя чи қадар кӯшишу талошҳо намуда, аз минбарҳои баланди дунё баҳри дастгирию ободии онҳо дархост ва пешниҳодҳои ҷолиб намудаанд.  Пешниҳодҳои эшон оид ба таъмини оби ошомиданӣ дар сайёра аз муҳимтарин масъалаҳо маҳсуб мешуд. Мардуми дунё аз он ҳамаҷониба пуштибонӣ намуд.
Дар боби ҳифзу асолати дини мубини ислом хизматҳояшон беназир аст. Калимаи «ислом»-ро аз ибораи «террористони исломӣ» ҷудо ва ба дини мубини ислом ҳеҷ алоқаманд набудани калимаи «террорист»-ро исбот карданд.
Агар корҳои дар зарфи чоряк аср ба анҷом расондаашонро рӯи авроқи сафед иншо намоем, даҳҳо китобро ташкил медиҳанд. Зеро ҳар як лаҳзаи талоши Пешво, ҳар як рӯзи корашон баробар ба як достон аст.
Д. РАҲИМЗОДА,
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 1604

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед