logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод Тоиров, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Вақти таваллуд шудани ман падару модарам никоҳи расмӣ надошта, танҳо баъди ду сол аз ақди никоҳи расмӣ гузаштаанд. Бо ҳамин сабаб дар шаҳодатномаи таваллудам насабам ба номи модарам сабт ёфтааст. Ҳоло падарам дар қайди ҳаёт нестанд. Чӣ тавр метавонам дар вақти гирифтани шиноснома ба насаби падарам гузарам?
Абдусаттор, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- Тибқи муқаррароти моддаи 51 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари ӯ ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда шавад. Шумо метавонед пас аз омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суди маҳали зистатон бо ариза оид ба эътироф намудани далели эътирофи падарӣ муроҷиат намоед.
* * *
- Дар шаҳодатномаи таваллуди духтаронам номи ман нодуруст сабт гардида, айни ҳол бо сабаби номувофиқатӣ дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият баъзе монеаҳо ба вуҷуд омада истодаанд. Барои ислоҳ кардани ин иштибоҳ ба куҷо муроҷиат намоям?
Ойгул, шаҳри Қӯрғонтеппа

- Дар ин ҳолат шумо тибқи талаботи  моддаи 269 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” бояд ба суд бо ариза оид ба муқаррар намудани ҳолати хешовандӣ ва ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии духтаронатон муроҷиат намоед. Вақте бо ҳалномаи суд ҳолати модари духтаронатон будани шумо муайян гардид, он барои ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 406

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед