logo

иҷтимоиёт

ЧУН МУТАХАССИСОН НАМЕРАСАНД…

Вазъи бемориҳои сироятӣ ва ба даст овардани иттилооти саривақтӣ барои пешгирии аҳолӣ аз хавфу хатари он яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад. Ҳарчанд пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, то имрӯз дар ин самт се барномаи давлатии мубориза бар зидди сил ва ҷиҳати танзими ҳуқуқии ин масъала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» қабул гардидааст. Мутаассифона, дар баъзе минтақаҳои кишвар ин ҳолат боиси нигаронӣ қарор гирифтааст.
Тавре Қудратулло Қодиров, директори маркази зидди бемориҳои сили ноҳияи Рашт иттилоъ дод, - дар маркази зидди бемориҳои сили ноҳия баҳри пешгирӣ ва табобати бемории сил тамоми шароити лозимӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар ноҳия 41 нафар табобатгирандагони бемории сил ба қайд гирифта шудаанд, ки 26 нафари онҳо бемори сили шуш мебошад. Ташхис ва табобат хуб роҳандозӣ гардида, доруворӣ низ ройгон ба онҳо дода мешавад. Илова бар ин, беморони сабук ба маблағи 236 сомонӣ ва беморони сили вазнин 441 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.
Варақаҳои иттилоотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ дастрас гардонда мешаванд. Ҳамкории марказҳои саломатӣ ва нуқтаҳои тиббӣ бо маркази зидди бемориҳои сили ноҳия дар ин самт мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидааст.
- Мушкилии асосӣ дар норасоии мутахассисони соҳа аст. Дар маркази мо ҳамагӣ 8 нафар корманд фаъолият дорад, ки аз ин 2 нафар духтур, 2 нафар лаборант, 1 нафар ҳамшира мебошад. Мо бо сабаби норасоии кормандон имкони гузарондани вохӯрию чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва огоҳондани мардум оид ба пешгирии ин беморӣ дар чойхона – фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии деҳаҳои дурдастро надорем, - мегӯяд Қ. Қодиров.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 288

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед