logo

фарҳанг

АНГЕЗАИ ЭҲСОСИ ОЛӢ

Насли ҷавони мо бояд  огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ,  махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони  забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.                 
Эмомалӣ  РАҲМОН
Халқи тоҷик тӯли ҳазор соли  бенасибӣ аз давлату давлатдорӣ аз байн нарафт, зеро онҳое, ки болои ӯ ҳукумат мекарданд ва ӯро дар панҷаи зулму асорат нигоҳ медоштанд, ҳамеша ниёз ба забон ва неруи эҷодкориву созандагии ӯ доштанд.
Аҳди Сомониён давраи тиллоии давлатдорӣ, даврони дар авҷи таҷаллӣ қарор доштани илму фарҳанги миллӣ беш аз асре тӯл накашид ва халқи тоҷик ба роҳи дарози таърихӣ, роҳи пур аз имтиҳонҳои сахту сангин, саршор аз таҷовузи душманон, саркӯбҳои хушунатомез, сахтиҳо, озору азият раҳсипор шуд,  то ин ки фақат баъд аз  даҳ садсола соҳиби давлате бо марзҳои бамаротиб хурдшуда гардад. Вале ҷолиб ин аст, ки миллати тоҷик на танҳо он ганҷинаеро, ки дар бағал дошт, дар он шебу фарозҳои пурхатари роҳи ҳазорсолаҳо гум накард, балки болои он боз ганҷҳои гаронбаҳо илова карда, барои муосирон ва ояндагон армуғон  овард. Президенти кишвар дар ин бора гуфтааст: «Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих, аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама,  ҳувият, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва истиқлолро то замони мову шумо расонад».
Таърих гувоҳ аст, ки алорағми вазъи печидаву мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт аз ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон фориғ набудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз поёни соли 1992 ва аввали соли 1993 ба манзури тақвият бахшидан ба мақоми забони давлатӣ ба иқдом пардохт. Ҷашнгирии ҳамасолаи қонуни забон ба роҳ монда шуд. 21 октябри соли 1997  вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  доир ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави кишвар қабул гардид ва 3 сентябри соли 1998 «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»  тасдиқ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бар ҳайси Роҳбари сиёсии кишвар  ба ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи ӯ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён буда, аз мавқеияти хосае бархӯрдор мебошад. Сарвари давлат мутмаин аст, ки як риштаи пайванди неруманди таърихии муҳимро ҳамин забону адабиёти тоҷик ташкил медиҳад ва ишқу алоқа ба забон ва гиромидошти анъанаҳои миллиро аз ҷониби тоҷикон сабаби асосии дар арсаи таърих пойдор мондани миллати тоҷик арзёбӣ мекунад.
Устод Садриддин Айнӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аз забони тоҷикӣ пуштибонӣ ва бо як гурӯҳ аз фарзонафарзандони баруманди миллат забони ниёгони моро ҳифз кард. Дар солҳои 20-уми асри гузашта  пантуркистон мавҷудияти миллати тоҷикро инкор намуданд, забони тоҷикиро  аз доираҳои расмӣ, аз забони мардум нест кардан хостанд. Дар Бухорои шариф, дар зодгоҳи забони тоҷикӣ ҳар нафареро, ки ба забони тоҷикӣ гап мезад, ҷарима мекарданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат дар баробари анҷом додани вазифаҳои мураккаб ва печидаи марбут ба таҳкими сохтори сиёсии давлат омода ва баргузор намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳаёти давлатӣ ҳамеша бар он мекӯшид, ки соатҳое ҷудо кунад, то бо ҳамватанон дидору мулоқотҳо ороста, сухан аз омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллӣ бикушояд ва мардумро ба роҳи фарогирӣ ва сабақандӯзӣ аз таърихи миллати хеш ҳидоят намояд. Дар ин замина  нахустин қадамеро, ки барои худшиносӣ ва огоҳии миллӣ тавсия медиҳад, гиромидошти забон аст. Пешвои миллат забонро появу бунёди ҳастии миллат медонад ва бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пас аз ҳукмронии 200 - солаи арабҳо аз ба саҳнаи сиёсӣ баргардондани забони модарӣ оғоз гардидааст ва бо рӯй овардан ба саҳифаҳои таърих иброз медорад, ки барои гузаштагони  мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунон ки таърих шаҳодат медиҳад, дар воқеъ ҳам, бо ба майдони сиёсат зуҳур намудани Тоҳири Пушанҷӣ, Яъқуби Лайси  Саффорӣ растохези бузурге дар ривоҷ додану ба кор гирифтани забони тоҷикӣ ба ҷои арабӣ оғоз шуду суръат гирифт. Ба ин давра ба ривоҷи забону адаби тоҷикӣ замина гузошт, ки баъдан, дар замони Сомониён ҳар чи бештар забони меъёрӣ ва расмӣ неруманд гардид.
Забони тоҷикӣ офаридаи миллати тоҷик, нигаҳбони ҳастии ӯ тӯли садсолаҳо гардид. Шукри Истиқлоли кишвар, ки ин забон боз ба гаҳвораи худ баргашт ва чун ҳазор соли пеш забони расмӣ шуда  мақоми пешинаи худро касб кард. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забонро ба минбарҳои баланди дунё баровард, бо ифтихору сарфарозӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан кард ва бори дигар паёми сулҳу ваҳдату шукуфоии ватани азизи моро ин соҳибзабони арзанда ба оламиён расонд.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 342

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед