logo

фарҳанг

РИСОЛАТ. АЗ ШИНОХТИ ФАЗИЛАТ ТО ҲИКМАТИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Андешидани чораҳои муассир ҷиҳати пешгирии бегонапарастӣ ва тақлид ба либоси ғайр, махсусан сатр ва ҳиҷоб, метавонад омили муҳим дар самти ҳифзи як рукни асосии фарҳанги миллӣ гардад. Дар ин раванд омӯзиш ва шинохти фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад.

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори «Ҷумҳурият» ин мавзӯъро матраҳ намуд ва аз гароиши бархе занону духтарони кишвар ба фарҳанги бегона изҳори таассуф кард. Тазаккур дод, ки дар вилоят бо мақсади муайян кардани омилҳои зуҳури бегонапарастӣ тадқиқоти сотсиологӣ гузаронда шуд. Аз натиҷаи тадқиқот ба чунин хулоса омадем, ки сабабҳои асосии рӯ овардани занон ба сарулибоси бегона, махсусан сатру ҳиҷоб, тақлидкорӣ, мӯд пиндоштани чунин либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ, водорсозӣ аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила, инчунин, таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо мебошанд. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят, дар ин раванд мардон, бахусус ҷавонон, низ таъсиргузоранд. Зеро баъзеи онҳо то он дараҷа ба хурофот дода шудаанд, ки дар назди зан масъалаи интихоби  либоси бегона ва ё оиларо мегузоранд. Дар чунин ҳолат, албатта, аксари занҳо пойдории оиларо афзал дониста, маҷбур сатр ё ҳиҷоб мепӯшанд.
Ҳамчунин, тадқиқот муайян намуд, ки бархе аз занону духтарон байни либоси миллӣ ва бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта наметавонанд. Ва ҳамон сатру ҳиҷобро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд. Яъне аз ин ҷо маълум мешавад, ки мо дар шиносондани либоси миллӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаем. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар чи бештар либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ ҳаматарафа тарғибу ташвиқ шавад. Барои пешгирӣ аз ин раванд баланд бардоштани сатҳи маърифати динию ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсоси ифтихори миллии онҳо бағоят муҳим мебошад.
Вобаста ба ин, дар вилоят корҳо дар якчанд самт амалӣ гашта истодаанд. Якум, ин ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои савдо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, дуюм, мулоқоту вохӯриҳои бевосита бо мардум дар маҳаллаҳо, сеюм, пешбурди кори фардӣ аз рӯи усули «Хона ба хона», чорум, роҳандозии корҳои иттилоотию маърифатӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ҷиҳати муаррифии либоси миллӣ. Имрӯзҳо ниҳодҳои дахлдори шаҳру навоҳии вилоят бо занону духтароне, ки майли бегонапарастӣ доранд, дар ҳама ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, ба онҳо моҳияти амалашонро мефаҳмонанд,- иброз дошт Махфират Хидирзода.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 444

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед