logo

иҷтимоиёт

КӮДАК ВА АҲАМИЯТИ ШИРИ МОДАР ДАР КАМОЛОТИ Ӯ

Зери ин шиор чанде дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабиниҳои маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардиданд. Мақсад аз роҳандозии онҳо баланд бардоштани маърифати беҳдоштии аҳолӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» арзёбӣ гардид.

Ташкилкунандагони чорабинӣ мегӯянд 1000 рӯзи аввали ҳаёт дар  инкишофи комили минбаъдаи зиндагии инсон нақши муҳим дорад. Хусусан, агар давоми ин муддат кӯдак бо ғизои табиӣ - шири модар таъмин бошад ва аз ҷиҳати санитарӣ дуруст нигоҳубин гардад. Ба ин хотир, давоми 10 рӯз дар доираи чорабинӣ кормандони соҳаи тиб бо занону модарон вохӯрда, аҳамияти шири модар ба кӯдак ва таъмини кӯдакон бо ғизои дурустро фаҳмонданд. Доир ба мавзӯи зикршуда, ҳамчунин, семинарҳои омӯзишӣ – таълимӣ гузаронда шуд. Миёни модарон викторинаҳо ташкил шуд ва варақаҳои иттилоотӣ паҳн гардид. 
- Аз пистони модар шир хӯрдани кӯдак барои модарон роҳи аз ҳама  осон ва хуби ғизодиҳист. Шири модар барои кӯдак беҳтарин ғизо аст, зеро дар таркиби он миқдори зиёди иммуноглобулин вуҷуд дорад ва ин кӯдаконро аз сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳо то замони пурра ба фаъолият  оғоз кардани  масунияташон ҳифз менамояд. Аммо, мутаассифона, ҳоло бисёр модарон кӯдакони худро дар давраи лозимӣ на бо ғизои табиӣ, балки бо ғизоҳои сунъӣ ба воя мерасонанд, ки ин боиси нигаронист. Зеро тифлоне, ки аз шири модар маҳруманд, зери хатари беморшавӣ қарор доранд. Ин ба инкишофи дурусти онҳо  монеъ гардида, ҳатто хатари марг ва маъюбиро ба вуҷуд меорад,- гуфт дар суҳбати телефонӣ бо мо Матлуба Шоҳназарова, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон.
Илми тиб собит намудааст: кӯдаконе, ки шири модарро истеъмол менамоянд, дар муқоиса бо кӯдакони истеъмолкунандаи омехтаи шири ҳайвонот ва ё шири хушк солиманд ва дар рушду инкишофи комил комёб. Ба гуфтаи мутахассисон, агар кӯдакон дар 6 моҳи аввали ҳаёташон танҳо аз шири модар ғизо гиранд ва дар ин муддат ба кӯдак ҳатто об ҳам  надиҳанд, дар ин сурат имкон аст ҳамасола дар ҷаҳон ҳаёти 1, 2 миллион кӯдак наҷот дода шавад. То синни дусолагӣ ва зиёда аз он истеъмоли шири модар солимӣ ва рушди миллионҳо кӯдакро метавонад ба таври назаррас беҳтар созад.
Пас, аҳамияти шири модар барои кӯдакон бояд мавриди таваҷҷуҳи умум қарор гирад, зеро он дар рушди зеҳнии инсон аҳамияти зиёд дорад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 305

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед