logo

иқтисод

САРКАШИИ РӮИРОСТ. ДАР БОРАИ НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ОБ ВА МУШКИЛОТИ ВОБАСТА БА ОН

Тибқи маълумоти Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб, дар минтақа 33 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мекунад. Ба иллати ҳаққи хизмати обро напардохтани онҳо қарзи иттиҳодия дар назди шарикони истеҳсолӣ ба 9 миллиону 771 ҳазор сомонӣ расида, муассисаҳои зертобеи он  рӯ ба муфлисшавӣ овардаанд.
Ёдрас месозем, ки айнан чунин ҳолати ташвишовар 4 - 5 сол қабл рух дода,  қарзи иттиҳодия дар назди шарикон,  аз ҷумла муассисаҳои барқу андоз, ба беш аз 20 миллион сомонӣ расида буд. Ҳукумати кишвар баҳри рафъи мушкилоти мазкур, ки вазъи истеҳсолии муассисаҳои хизматрасони ин соҳаи муҳими хоҷагии халқро сахт заиф карда буд, ғамхорӣ намуда, дар баробари рӯи кор овардани як қатор тадбирҳо қарзҳои солҳо ҷамъшударо ба сифр баробар кард. Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб фаъолияти истеҳсолии хешро аз ҳамин сифр шурӯъ намуд. Мутаассифона, тавре мебинем, боз ҳамон ҳолати ташвишовар дигарбора такрор мешавад. Қарзҳо дар як муддати кӯтоҳ қариб ба 10 миллион сомонӣ расидаанд. 
- Вазифаи иттиҳодия ва муассисаҳои зертобеи он, пеш  аз ҳама, дар ҳолати хуб нигаҳ доштани заминҳои обӣ ва  сари вақт таъмин намудани кишоварзон, яъне истифодабарандагони об бо оби полизист. Ҷамъоварии ҳаққи хизмати моро ассотсиатсияҳои  истифодабарандагони об ба зимма доранд. Аммо қариб тамоми  ассотсиатсияҳо ҳаққи хизмати моро бо пуррагӣ пардохт накардаанд. Ин ҳолат моро водор намуд, ки соли ҷорӣ шартномаҳои дуҷонибаро ба сеҷониба табдил диҳем. Яъне аз ин пас идораи мо низ дар ҷамъоварии ҳаққи об саҳм мегирад, - гуфт сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии  минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов.
Соли равон кормандони идора барои бо об таъмин намудани 61493 гектар замини минтақа муваззаф шудаанд. Аммо ассотсиатсияҳо барои бо об таъмин кардани ин миқдор замин дар давоми 7 моҳ ба суратҳисоби иттиҳодия ҳамагӣ 1 миллиону 860 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмат ворид намудаанд ва маълум нест, ки маблағи боқимонда - 7 миллиону 900 ҳазор сомониро кай  ҷамъоварию  пардохт мекунанд.
- Агар  маблағҳо пурра  пардохт шаванд, мо метавонем қарзи андоз ва неруи барқро ҳисобӣ карда, миқдори зиёди заҳбуру заҳкашҳоро тоза намоем. Қарзи неруи барқ, ки 5 миллиону 645 ҳазор сомониро ташкил менамояд, аслан ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Данғара мансуб аст. Баъзе истифодабарандагони об, ки дар ихтиёрашон 15 - 20 гектар замини пахта доранд, рӯйрост аз супоридани  ҳаққи об саркашӣ мекунанд. Имсол барои рӯёндани қарзҳоямон маҷбур шудем, ки аз болои як қатор ассотсиатсияҳо ба суди иқтисодӣ шикоят барем, - изҳор дошт муовини сардори иттиҳодия Оллоҳназар Хоҷаев.
Т. ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 353

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед