logo

иқтисод

"КАРТОШКА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА"

 Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби «Картошка. Чанд паҳлуи як проблема», ки 10 июли соли равон (№ 143) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мақола мушкилоти соҳаи картошкапарварӣ, аз ҷумла камшавии картошкаи ватанӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва баланд шудани нархи он, инчунин,  мақсаднок истифода нашудани сардхонаҳо ва анборҳои захираю нигоҳдории  маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таҳлилу тадқиқ шудааст.
Дар ҳақиқат, тавре дар матлаб зикр шудааст, кишти тобистона ва такрории картошка дар водиҳои ҷумҳурӣ барои истеҳсоли картошкаи тухмию хӯрокӣ дорои аҳамияти калон мебошад. Аммо бо сабаби набудани анбору яхдонҳои махсуси нигоҳдории тухмӣ ва воситаҳои кимиёии нигоҳдорӣ хоҷагидорон ба ин навъи кишт диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Алҳол вазорат ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли картошкаи барвақтӣ дар шароити водиҳо бо истифода аз навъҳои тезпаз чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Барои ба даст овардани ҳосили хуби картошка дар шароити водӣ интихоби тухмӣ, риояи муҳлати оптималии кишт ва агротехникаи парвариш аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» 308 тонна навъҳои тезпази картошкаи тухмии дараҷаи элита ва хоҷагидорони дигар 285 тонна тухмии репродуксионӣ ва шартӣ ворид карданд. Ин тухмиҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ барои тухмиафзоишдиҳӣ кишт гардида, дар кишти тирамоҳӣ ба ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон бо мақсади истеҳсоли картошкаи барвақтӣ дастрас карда мешаванд.
Дар  масъалаи навъҳои картошкаи ватанӣ ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки айни замон хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ дар киштҳои асосӣ ва такрорӣ, тибқи маълумоти Комиссияи ҷумҳуриявии минтақабобкунии навъҳои рустании Вазорати кишоварзӣ, аз навъҳои картошкаи «Дӯстӣ», «Файзобод», «Шукрона», «Каримӣ», «Рашт», «Тоҷикистон», «Овчӣ» истифода мебаранд.
Дар мақола фаъолияти сусти хоҷагиҳои тухмипарвар дар мисоли хоҷагии А. Назирови ноҳияи Файзобод, ки самти асосиаш истеҳсоли картошкаи тухмӣ мебошад, мавриди интиқод қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат, рушди соҳаи тухмипарварӣ ва дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвар яке аз масъалаҳои мубрами соҳа ба ҳисоб меравад. Вазорат бо мақсади беҳтар намудани сифат, сертификатсия ва маркетинги картошкаи тухмӣ ҳавасмандии хоҷагиҳои тухмипарварро зарур шумурда, дар ин самт чораандешӣ намуда истодааст.
Ҷамила САИДОВА,
муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 363

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед