logo

иқтисод

БУНЁДКОРӢ ВАТАНДОРИСТ

Сохтмончиёнро ободгари шароити зиндагии халқ меноманд. Дар ҳақиқат, ягон соҳаи хоҷагии халқ ва иқтисодиёт бе сохтмон тараққӣ намеёбад.
 
Сохтмон ҷодаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо дониши амиқу таҷриба, балки қобилияту фидокориро талаб мекунад. 
Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд ёфтаанд. Рушди босуръати соҳаи сохтмони мамлакат ба зиёдшавии миқдори корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи нави бинокорӣ ва технологияи муосири соҳа дар иншооти гуногунҳаҷм оварда расонд. Асосгузори ҳамаи азнавсозиҳо, ташаббускорӣ ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд. Бо дастгирии  бевоситаи  Сарвари давлат ҳамасола дар  саросари  мамлакат бинову иншооти азими замонавӣ  сохта, ба  истифода дода мешаванд. 
Бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар - Неругоҳи барқи обии Роғун, неругоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахш ва Зарафшон, хати интиқоли барқи Тоҷикистон - Афғонистон, таҷдиди силсиланеругоҳҳои дарёҳои Варзоб ва Вахш, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Норак, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Чанак,  Душанбе - Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Кулма, Душанбе - Саритош, Душанбе - Турсунзода - марзи Ӯзбекистон барои рушди кишвар аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.
Дар пойтахти Тоҷикистони азизамон - шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати на чандон тӯлонӣ намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва боҳашамат гардид. Он корҳое, ки бо дастони сохтмончиён иҷро мешаванд, мардумро хушбахт мекунанд. Бунёдкорӣ бо санъати меъмории Шарқу Ғарб, ки дар сохтмони иншоот истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал гардондааст.
Барои рушду инкишофи соҳаи меъморию сохтмон дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Тавре маълум аст, бунёд ва ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобастагӣ дорад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васею хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудааст.
Ободии Ватан ва осоиши мардум аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Барои ин бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкарда, нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт беҳтар гардондани сифати иншооти бунёдшаванда талош варзем.
Ҷамшед АҲМАДЗОДА, 
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2017    №: 170    Мутолиа карданд: 307

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед