logo

номаҳо

ОБ ВА МУШКИЛИ 13 ҲАЗОР АҲОЛИ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Аз мутолиаи матлабҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият», бахусус Гӯшаи «шаҳрванд» (номаҳои бетаҳрир) дарёфтем, ки ин нашрия ба арзи шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос дорад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо таъсири нек гузоштааст.
Бинобар ин, мо як гурӯҳ сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон тасмим гирифтем, ки мушкилотамонро тавассути ин рӯзномаи бонуфуз матраҳ созем. Ба умеде, ки масъулони соҳа ба он мароқ зоҳир намоянд ва дар ҳалли ин масъала ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд.
Мушкил дар он аст, ки мо - сокинони ҷамоати номбурда солҳо боз аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашем. Об аз дарёи Сурхоб ба воситаи мошинҳои обкаш дастраси мо мегардад, ки он нархи муайян дорад. Хати обе, ки дар солҳои шӯравӣ сохта шуда буд, куҳнаю фарсуда шуда,  пойгоҳи мавҷудаи обкашӣ насос надорад. Оби чашмаҳои кӯҳӣ талх ва ғайриистеъмол буда, дар фасли тобистон кам мегардад.
Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов зиёда аз сездаҳ ҳазор аҳолӣ дошта, мо бо иншои ин нома ба унвони рӯзнома умедворем, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дар ҳалли ин масъала мусоидат менамоянд.
А. ЗАРДИЕВ, С. НАЗАРОВ, Ш. РАҲМАТОВ,
 Р. ХОЛМАТОВ, И. РАҲИМОВ, Ф. ҲАЙДАРОВ,
Н. ШОВАЛИЕВ, И. ҲАЛИМОВ,
сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 1555

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед