logo

фарҳанг

АЗ АРАСТУ ТО ИБНИ СИНО. ДАР БОРАИ ЯК АСАРИ НОШИНОХТАИ ШАЙХУРРАИС

Ҷомеи фарҳангии ҷаҳон 18 августи соли равон 1037- солагии Шайхурраис Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Сино (370ҳ./980-420ҳ./1037) - яке аз андешамандоне, ки кохи пуршукӯҳи рӯзгори хезиши фарҳангии тоҷикону эрониён дар даврони Сомониён  бар он пойдор  буд, ҷашн мегиранд.

Шахсияти илмӣ ва фарҳангии Ибни Сино ҳанӯз аз даврони худи мутафаккир ва то замони мо аз мавқеъҳои мухталиф мавриди баҳс ва пажӯҳиш қарор гирифта, дафтари таърих аз арзёбиҳои мунсифона ва ҳатто ғаразнок моломол мебошад. Аз ҷумлаи чунин арзёбиҳои мунсифона ва ба мақом ва мартабаи илмии Шайхурраис мувофиқ гуфтори Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳормақола» мебошад: «Чаҳор ҳазор сол буд, то ҳукамои аввоил (яъне юнониён - С.С.) ҷонҳо гудохтаанд ва равонҳо  дарбохтанд, то илми ҳикматро ба ҷой фуруд оранд, натавонистанд. То баъд аз ин муддат ҳакими мутлақ ва файласуфи аъзам Аристотолис ин нақд (илм) - ро ба қистос (тарозуи росту дақиқ)-и  мантиқ бисахт (санҷид) ва ба маҳакки ҳудуд нақд кард ва ба микёл (ченак) - и   қиёс бипаймуд, то шакку райб (шубҳа) аз ӯ бархост ва мунаққаҳ (тоза, пок) ва муҳаққақ гашт ва баъд аз ӯ дар ин ҳазору панҷсад сол ҳеҷ файласуф  ба кунҳ (моҳият) - и сухани ӯ нарасид ва бар ҷодаи сиёқати ӯ нагузашт, илло афзал – ул - мутааххирин, ҳаким-ул-машриқ, ҳуҷҷат-ул-ҳақ ала-л-халқ Абуалӣ ал -Ҳусайн ибни Абдулло ибни Сино. Ва ҳар ки бар ин ду бузург эътироз кард, хештанро аз зумраи  аҳли хирад берун овард ва дар силки аҳли ҷунун тартиб дод ва дар ҷамъи аҳли атаҳ (аблаҳон) ҷилва кард. Эзид Таборак ва Таъоло моро аз ин ҳафавот (лағзишҳо) ва шаҳавот нигоҳ дорад, биманниҳи ва лутфиҳи (бо марҳамат ва лутфаш)» (Низомиии Арӯзии Самарқандӣ. «Чаҳор мақола», бо эҳтимоми Муҳаммад Муъин, Теҳрон. 1376 ш. с.114 - 115). Мо агар ин ҳикояти Низомии Арӯзии Самарқандиро бо мероси баҷойгузоштаи Шайхурраис ва мавзӯи дар ин мақола арзёбишаванда қиёс намоем, ба ин хулоса мерасем, ки  ӯ баъди Арасту дар таърихи илми ҷаҳонӣ  аз зумраи он мутафаккироне мебошад, ки ҳамеша таваҷҷуҳи ҳам ҳаводорон ва ҳам мухолифонро ба сабаби шумулияти матолиби илмӣ ва равиши таҳқиқ  ба худ ҷалб кардааст.
 Ибни Сино дар соҳаҳои мухталифи илму фалсафа асарҳои ҷовидона эҷод кардааст, ки бархе аз онҳо ба забонҳои ҷаҳон забони тоҷикию русӣ тарҷума шуда, роҷеъ ба ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафии ӯ мақолаю гузоришҳо ва китобу монографияҳои зиёд дар ховаршиносии ҷаҳон ва маҳаллӣ ба чоп расида, мақом ва манзалати ӯ то дараҷае дар ин ҷода арзёбӣ ва муайян гардидааст. Вале ҳанӯз  ҳам бархе аз осори гаронбаҳояш дар соҳаҳои мушаххаси  илму фарҳанги тоҷик ва бавижа, дар арабшиносии илмӣ мавриди тарҷума ва таҳқиқу баррасӣ қарор нагирифта, ҷойгоҳ ва хидмати ӯ муайян нагардидааст. Дар ҳоле ки тарҷума, омӯзиш, арзёбӣ ва дастраси хонанда ва муҳаққиқ  гардондани осори бузургоне чун Ибни Сино ва дигарон дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ басо муҳим ва саривақтӣ аст.  Дар ин мақолаи мухтасар сухан дар бораи яке аз асарҳои муҳим ва ҳанӯз ношинохтаи  Шайхурраис «Китоб-ул-ҳайвон»-яке аз бахшҳои асосии илмҳои табиатшиносии асари доиратулмаорифии ӯ «Китоб-уш-шифо» меравад, ки аз назари мазмун ва муҳтаво ба асари дигари доиратулмаорифии ӯ дар соҳаи тибби қадим «ал-Қонун фӣ-т-тиб» пайванди ногусастанӣ дошта, ҳанӯз ба забони тоҷикӣ ва русӣ тарҷума нагардидааст ва нигорандаи ин сатрҳо тарҷумаи русӣ ва таҳқиқи  онро ба анҷом расондааст, ки дар вақтҳои наздик ба чоп мерасад. 
«Китоб-ул-ҳайвон» бо вуҷуди бузургии ҳаҷму мазмун ва аҳамияти басо илмӣ ва истилоҳоти хоса ҳанӯз  мавриди таваҷҷуҳи донишмандон қарор нагирифтааст, ҳарчанд ин асар  на танҳо аз нигоҳи илмҳои табиатшиносӣ, балки аз назари эҷоди истилоҳоти илмии соҳаи байторӣ ва илми ҳайвон дар таърихи илм ва фалсафаи тоҷик ва исломӣ камназир мебошад.
«Китоб-ул-ҳайвон» фанни ҳаштум ва охирини «Китоб-уш-шифо» буда, аз «Китоби илоҳиёт» - и Ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм калонтар аст ва бахши асосии илмҳои табиатшиносии «Китоб-уш-шифо»-ро ташкил медиҳад. Ин китобро шогирди андешаманд Абуубайди Ҷузҷонӣ дар феҳристи осори ӯ дар «Сирати Шайх» чунин шарҳ додааст:» Китоби маъруф  ба «аш-Шифо», ба истиснои китобҳои наботу ҳайвон, ба анҷом расид. Вале ин ду китобро  дар соле, ки Алоуддавла оҳанги  Собурхост намуд, дар роҳ тасниф намуд «(Абуалӣ Ибни Сино. Осор.,ҷ.1, Душанбе, 2005, с.165.). Ҳамин фикрро сарчашмаҳои дигар аз ҷумла: ал-Қифтӣ дар «ал-Ахбор-ул-уламо би ахбор ал-ҳукамо» (Қоҳира, бе соли нашр); Ибни Аби Усайбиъа дар «Уюн-ул-анбо фӣ табақот ал-аттибо» (Бейрут, 1981), Яҳёи Маҳдавӣ дар «Нусхаҳои мусаннафоти Шайхурраис» (Теҳрон,) ва Ҷурҷ Қанавотӣ дар «Муаллафоти Ибн Сино» (Қоҳира, 1955) зикр кардаанд. Донишманди шинохтаи мисрӣ Иброҳим Мадкур, ки дар табъу нашр ва тарғибу ташвиқи осори Ибни Сино ва махсусан «Китоб-уш-шифо» хидмати бузург ва саҳми арзишманд дорад, роҷеъ ба ин асар  ва аҳамияти он дар фарҳанги исломӣ дар муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон» гузориши пурмуҳтаво навиштааст (Аш-Шифо-ат-табиъиёт, ал - Ҳайвон, роҷаъаҳу ва қаддама лаҳу Иброҳим Мадкур, Қоҳира, 1980, муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон», с.Ъайн).
Аз назари сохтор ва мазмун «Китоб-ул-ҳайвон» аз нуздаҳ мақола иборат буда,мақолаҳо ба фаслҳо тақсим мешаванд, ки дарозтарин мақолаи китоб мақолаи сездаҳум буда, аз понздаҳ фасл иборат мебошад. Шайхурраис дар ин тақсимбандӣ  ба гумони ғолиб  ба  се  китоби Арасту: «Таърихи ҳайвон ё табоеъи ҳайвон», «Аъзои ҳайвон» ва «Пайдоиши ҳайвон» дар тарҷумаи арабии онҳо, ки  то замони мо расидаанд, пайравӣ намудааст. Ӯ дар «Китоб-ул-ҳайвон»  матолиби  илмӣ ва маводро   бар хилофи равиши илмии одатии худ   чун Арасту дар чанд ҷой мавриди арзёбӣ қарор додааст («Китоб-ул-ҳайвон», с. 39, 54, 67, 330, 338, 398). Осори ба ҳайвонот бахшидаи Арасту бо се номгӯй: «Таърихи ҳайвон ё табоеъи ҳайвон» (дар даҳ мақола), «Аъзои ҳайвон» (дар чаҳор мақола) ва «Пайдоиши ҳайвон» (дар панҷ мақола) дар тарҷумаи Ибни Батриқ ба забони арабӣ то замони мо расидаанд. Дар маҷмӯъ, ин се асар аз нуздаҳ мақола иборат буда, аз назари табақабандии илмӣ бо ҳамдигар  алоқаи зич доранд. Ибни Сино асари худро дар як китоб ва дар пайравӣ ба  ин ҳар се асари Арасту таълиф ва табақабандӣ карда, ин нуктаро дар муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон» чунин ишора кардааст: «Акнун дар бораи «Китоб-ул-ҳайвон» сухан  гуфта, дар шарҳу баёни  тамоми  матолиби ин китоб Муаллими Аввалро - ба ҷуз ташреҳи инсон - пайравӣ мекунем (Муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон, с.1).

Се асари ба ҳайвонот бахшидаи Арасту аз калонҳаҷмтарин асарҳои ӯ дар миёни осори табиатшиносии Муаллими Аввал мебошанд ва чунонки Иброҳим Мадкур дар муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон»-и Ибни Сино ишора мекунад, Арасту дар ин се асар дар бораи бештар аз панҷсад навъи ҳайвонот, хусусиятҳо, одату ахлоқи онҳо маълумотҳои пурқимат овардааст, ки бешак, ӯро асосгузори илми «Зоология» мешуморад (Муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон», с. Л.).
Тибқи таҳлили ин асари Ибни Сино чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки ӯ ҳангоми таълиф асосан ба Арасту такя карда, аз маводи осори ӯ ба сурати фаровон истифода бурдааст, махсусан бахше, ки ба ҳайвон тааллуқ дорад. Вале дар бахши инсон, чунонки  муҳтавои асар дарак медиҳад, Ибни Сино на танҳо аз Арасту истифода накардааст, балки дар бисёр ҳолатҳо бо ӯ ва дигар табибони Юнон чун Буқрот, Ҷолинюс ва дигарон дар баробари эътирофи фазилаташон бо онҳо ба баҳс  пардохта, ақидаҳои онҳоро роҷеъ ба ин ё он масъала таъйид ё  рад кардааст. Албатта, таҳқиқи моҳияти чунин баҳсҳои Ибни Сино бо табибон ва мутафаккирони юнонӣ аз ҳадафи ин мақола берун буда,  як кори  мустақили тахассусӣ ва илмии мутахассисони соҳа мебошад.
Бо эътирофи худи мутафаккир ӯ аз осори ба ҳайвонот бахшидаи Арасту фаровон истифода карда, дар асараш ибораҳои «ӯ [Арасту] мегӯяд» ва «ман мегӯям»- ро дар баёни матолиби илмӣ истифода кардааст. Вале аз ин гуфтор набояд хулоса бароварда шавад,ки «Китоб-ул-ҳайвон»-и Ибни Сино таълиқ ва талхиси осори ба ҳайвонот бахшидаи Арасту мебошад, зеро чунонки Иброҳим Мадкур ишорат мекунад: «Китоб-ул-ҳайвон» як таҳқиқоти комилан, мустақил аст, ки муаллиф  вайро ба сурати махсус ва бо дидгоҳи вижа таълиф кардааст» (Муқаддимаи «Китоб-ул-ҳайвон», с.Ф.).
Дар фарҳанги исломӣ пеш аз Ибни Сино асарҳо роҷеъ ба ҳайвонот  таълиф гардида  буданд ва баъдтар ҳам дар зери таъсири ӯ асарҳои мустақил дар бораи ҳайвонот ба забони арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфт, ки намунаи равшани онҳо «Китоб-ул-ҳайвон»-и Ҷоҳиз мебошад. Дар асари Ибни Сино ишораҳое дар ин бора пайдо карда метавонем, чунончи мегӯяд: «Он чи бархе аз мутакаллимон аз дӯстии шеру паланг мегӯянд, дурӯғ аст» («Китоб-ул-ҳайвон», с.114). Ба гумони ғолиб Ибни Сино дар зери мафҳуми «мутакаллимон» Ҷоҳиз – яке аз пайравони тариқаи муътазиларо дар назар дорад. Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса метавон кард, ки Ибни Сино дар асари хеш аз осори гузаштагон чун юнониён ва донишмандони исломӣ истифода кардааст, вале бо дидгоҳи нав ва фикру андешаҳои тоза.
Ибни Сино дар  «Китоб-ул-ҳайвон» дар атрофи чаҳор масъалаи асосӣ: илми муқоисавӣ доир ба ҳайвонот, андомшиносӣ, вазифаҳои андомҳо ва илми ҷаниншиносӣ ё эмбриология баҳс кардааст. Чунонки ишора кардем, тафсилоти мазмуни асари Ибни Синоро ба мутахассисони соҳа ҳавола карда, дар ин ҷо танҳо бархе аз масъалаҳои марбут ба муносибати илмии  Ибни Синоро  бо осори  Арасту зикр менамоем.
Ибни Сино дар зимни ҳашт мақолаи аввали китоби хеш ба пажӯҳиши «Илми муқоисавии ҳайвон» мепардозад ва мақолаи ҳабдаҳуми асарро низ ба ин мавзӯъ ихтисос медиҳад ва ихтилофоти ҳайвонотро нисбат ба ҷойи зист, хӯрок, андомҳои беруна ва даруна, зоиш ва афзоиш, табиат ва хӯю хислати онҳо муайян менамояд. Зимни таҳқиқи масоили илмӣ Шайхурраис ба китоби «Табоиъ-ул-ҳайвон» - и Арасту такя карда, ба андешаҳои илмии Муаллими Аввал баъзе фикрҳои ҷузъиро меафзояд, вале дар аксари ҳолатҳо дидгоҳи илмии Арастуро таъйид намуда, онро шарҳу тавзеҳ ва дақиқ сохта, дар баъзе масоил бо ӯ ба баҳс мепардозад.
Мавзӯи дувуме, ки Ибни Сино дар асари худ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода, дар он ба Арасту нуқоти мушаххасро илова кардааст, «Илми андомшиносӣ (анатомия)» мебошад. Дар ин илм фарқияти умдаи Шайхурраис аз Арасту дар ин аст, ки ӯ бештар ба ташреҳи инсон пардохтааст, дар ҳоле Арасту олами хайвонотро бештар мавриди таҳқиқ қарор додааст. Чунин падидаро мо бояд табиӣ арзёбӣ намоем, зеро Ибни Сино пеш аз ҳама табиб ва дар ин соҳа таҷрибаи фаровон касб карда буд ва ҳарчанд Арасту аз авлоди табибон баромада буд, вале Ибни Сино дар табобати инсон ва ташреҳи он таҷрибаи бештар андӯхта буд. Фарқияти асарҳои ин ду мутафаккири бузург ҳам маҳз дар ҳамин аст, ки яке бештар табиатшинос, яъне Арасту ва дигаре Ибни Сино бештар табиб буд ва ҳар кадоме дар соҳаи худ таҳқиқоти арзишманд боқӣ гузоштаанд. Мисоли равшани чунин андеша асари тиббии Ибни Сино «ал-Қонун фи-т-тиб» мебошад, ки дар таърихи илми қадим ва навин асари бесобиқа аст. Ибни Сино зимни шарҳи андомшиносии инсон ҳайкалу пайкари  инсон ва андомҳои алоҳидаи  ӯро  аз сар ё худ димоғ (майна) оғоз карда, пасон ба шарҳи қафаси сина, сутунмуҳра, устухонҳои асосии бадан пардохта, шарҳу баёни худро бо рону устухони пойҳо ва қадамҳо ба анҷом мерасонад. Бо дарки ин ки мушакҳо дар ҳаракату ҷунбишҳои инсон нақши барҷаста доранд, онҳоро ба сурати муфассал ва алоҳида мавриди шарҳу баён қарор медиҳад. Шайхурраис ба ташреҳи майна ва дастгоҳи ҳозима диққати хоса зоҳир карда, онҳоро аз дидгоҳи вазифаҳо шарҳу баён карда, пайванди онҳоро бо андомҳои эҳсос ва воситаҳои идрок нишон медиҳад. Қалбро чун узви асосии инсон ба сурати муфассал таҳқиқ намуда, рагу пайе, ки аз он ҷудо гардида, ба тамоми бадан паҳн мегарданд, маълум месозад. Шарҳу баёни бофтаҳо, мизоҷҳо, ахлот аз мадди назари Шайхураис дур намондааст. Ӯ хунро чун унсури асосии ҳаёту мамоти инсон шуморида, майна, ҳароммағзро мавриди омӯзиши амиқ қарор  дода, илми тиб ва илми байториро ба ҳам наздик сохтааст. Ибни Сино ба мавзӯъҳои муҳими мазкур се мақолаи асари хеш мақолаҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чаҳордаҳуми «Китоб-ул-ҳайвон»-ро, ки калонтарин мақолаҳои асарро ташкил медиҳанд, бахшидааст. Дар таснифи мақолаҳои мазкур аз «Табоеъ-ул-ҳайвон» ва «Аъзо-ул-ҳайвон»-и Арасту истифода кардааст, вале ӯ онҳоро мӯшикофона ва бо равиши махсуси илмӣ ва таҷрибаи андӯхтаи тиббии хеш мавриди таҳқиқ қарор дода, аз таҳқиқоти  андомшиносии табиби машҳури Юнон Ҷолинюс фаровон истифода намудааст (Муқаддима,с.Сод.). 
Таваҷҷуҳи Ибни Сино дар «Китоб-ул-ҳайвон» ба вазифаҳои узвҳои ҳайвонот ва инсон камтар аз андомшиносии онҳо нест. Ӯ дар шарҳу баёни сирри офариниши инсон ва ҳайвонот ва тафсири сабабҳои ҳастии онҳо ба ин натиҷа мерасад, ки дар олами инсон ва ҳайвон се андоми асосӣ ё куллӣ - аз рӯйи таъбири худи ӯ - мавҷуд аст, ки онҳо манбаи зарурӣ ва асосӣ барои бақои шахс ва навъ мебошанд: нахуст дил аст, ки он манбаи ҳаёт, дувум майна аст, ки манбаи неруи ҳис ва ҳаракат ва сеюмин ҷигар аст, ки манбаи қувваи ғизогирӣ («Китоб-ул-ҳайвон», с.15). Ибни Сино дар ин ақида мебошад, ки ҳар андомеро узви дигаре хидмат мекунад ва хидматгузори дил шушу рагҳои шараён буда, хидматгори майна андомҳои ғизогирӣ ва асаб мебошанд, дар ҳоле хидматгузори ҷигар меъда ва шоҳрагҳоанд («Китоб-ул-ҳайвон, с.15).

Шайхурраис дар "Китоб-ул-ҳайвон» дастгоҳи ҳозимаро ба сурати муфассал шарҳу тафсил дода, нақши даҳону дандонҳоро мушаххас менамояд ва меъдаро "ошхонаи ғизо" мешуморад ("Китоб-ул-ҳайвон», с.294). Ибни Сино дар ин ҷо сурхрӯда, пардаи ҳочиз, рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреос, рӯдаи борик ва ғафсро муфассал бозбинӣ кардааст ("Китоб-ул-ҳайвон», с. 295, 296). Таъсири фишураҳо дар амалияи ҳазм ва бавижа кори  талха мавзӯи дигаре аст, ки аз назари файласуф ва табиби мо дур намондааст ("Китоб-ул-ҳайвон», с.320).
Истилоҳи муҳими фалсафӣ ва тиббие, ки Ибни Сино онро ҳам дар осори фалсафии худ ва ҳам дар "Китоб-ул-ҳайвон" мавриди баррасӣ қарор додааст, - "рӯҳ" мебошад. Ин истилоҳ, ки дар фалсафаи юнонӣ бо номи "пневма" машҳур буда, аз ҷониби табиби мо, чун ҷисми бухории латифе, ки дар асабҳо ҷой  дошта, дар тамоми ҷисм паҳн мегардад ва аз қалб берун шуда, ба дигар атроф тӯл мекашад ва гӯё ҳамроҳ бо хун дар рагҳои шараён ва шоҳрагҳо ҷорӣ мешавад, муайян гардидааст ("Китоб-ул-ҳайвон», с.224-226). Ин истилоҳ аз зумраи истилоҳоте мебошад, ки Ибни Сино дар тамоми осори фалсафии худ ҳангоми шарҳу баёни алоқаи ҷисм бо нафс таваққуф  кардааст (Иброҳим Мадкур. Фи ал-фалсафа ал - исломийа, Қоҳира, 1968, с. 170 - 174).
Масъалаи дигаре, ки мавриди пажӯҳиши Шайхурраис дар "Китоб-ул-ҳайвон" қарор гирифтааст, ихтилофи назари файласуфон ва табибон дар масъалаи манбаи саршавии хун мебошад. Назари ҳакимон чун Афлотун ва Арасту  ин аст, ки баромадгоҳи хун аз дил аст, дар ҳоле табибон маншаи онро ба ҷигар мансуб медонанд ("Китоб-ул-ҳайвон», с.39-46). Дар ин масъала Шайхурраис бо файласуфон гароиш дошта, бар хилофи машшоиён ва дар пайравӣ бо табибон  на қалб, балки  майнаро мабдаи қувваҳои нафсонӣ мешуморад ("Китоб-ул-ҳайвон», с.40). Чунонки аз мазмуни асари Ибни Сино берун меояд, ӯ ба қалб ва ташреҳи он диққати махсус дода, онро дақиқан шарҳу баён карда, рагу шоҳрагҳои аз он ҷудошавандаро низ ба қисмҳо ҷудо намуда, муайян сохтааст. Аз дидгоҳи Ибни Сино қалб дорои ҳаракатҳои ғайриодӣ буда, онро чун мушак ҳисобидан хатост, ҳарчанд бо онҳо шабоҳате ҳам дорад ("Китоб-ул-ҳайвон», с.290-291).
 Ибни Сино бар хилофи Арасту дастгоҳи нафаскаширо ба сурати муфассал мавриди баррасӣ қарор дода, хирной, "забони най", дастгоҳи шушро  бо шуъбаҳои  мухталифи он  ва вазифаи онро чун омодакунандаи ҳавое, ки барои ғизои ҷисму ҷон зарур мебошад, муайян кардааст. Дидгоҳи файласуфонаи Шайхурраис роҷеъ ба вазифаи ҳар ду шуш аз ин иборат аст, ки аз рӯйи ҳикмати Худованд сурхраг барои он дорои ду шуш аст, ки бо аз кор мондани яке дигаре аз фаъолият боз намонад ва инсон нафас бикашад ва зиндагиро идома бидиҳад ("Китоб-ул-ҳайвон», с. 277 - 282). Дар партави гуфтаҳои боло чунин ба назар мерасад, ки Ибни Сино ба тамоми илми физиологияи қадим огоҳии комил дошта, ба ақидаи файласуфи шинохта Иброҳим Мадкур ду асари Арасту "Табоеъ-ул-ҳайвон" ва "Пайдоиши ҳайвон"- ро, ки ба таҳқиқоти физиологӣ бахшида шудаанд, истифода карда, айни замон хатоҳо ва камбуди онҳоро нишон додааст. Бешубҳа, андешаҳои физиологии Ибни Сино аз афкор ва ақидаҳои табибон ва файласуфони Юнон комилтаранд, ҳарчанд бо пайдоиши дастгоҳҳои замонавӣ, илми физиологияи нав  ва дастгоҳҳои дақиқи илмӣ корҳои ӯ низ аз камол дуртаранд (Муқаддимаи "Китоб-ул-ҳайвон», с.РЕ).
Аз бозёфтҳои Ибни Сино дар "Китоб-ул-ҳайвон" кашфи пайванд байни илмҳои "Наслшиносӣ" ва "Ҷаниншиносӣ" мебошад, ки ӯ бештар ба Муаллими Аввал гароиш дорад, зеро чунонки маълум аст, Арасту аз бунёдгузорони илми "Ҷаниншиносӣ ё эмбриология" буда, байни мавлуди зинда ва тухма фарқ мегузорад ва хосиятҳои асосӣ ва фаръии ҷинсиро ҷудо баён карда, чунин мешуморад, ки ҷанин ботадриҷ нашъунамо ёфта, нашъунамои он ба амали хамирмоя монандӣ дорад ва дар ин ҷо вазифаи асосии ҳамроҳак ва банди нофро муайян сохтааст (Сартон. Торих ал-илм.Қоҳира, 1961, ҷ. 3, с. 269 - 270). Ибни Сино дар мақолаҳои нуҳум,  даҳум, понздаҳум ва то ҳаждаҳум  мавзӯъҳои мазкурро ба сурати муфассал мавриди пажӯҳиш қарор додааст.
Мавзӯи муҳими дигаре, ки Ибни Сино дар асари худ даст зада, хатои Арастуро ислоҳ кардааст, ин аст, ки аз дидгоҳи Муаллими Аввал манӣ танҳо хоси мард аст ва зан танҳо дорои хуни ҳайзу нифос аст ("Китоб-ул-ҳайвон», с.144-145). Нуқтаи назари Шайхурраис ин аст, ки марду зан – ҳар ду дорои манӣ мебошанд, ҳарчанд вай аз назари хусусият дар ҳар ду фарқ менамояд ("Китоб-ул-ҳайвон», с.145). Аз дидгоҳи Арасту  мард ба зан чизи мушаххасе намедиҳад ва инро дар китобҳои худ хеле муфассал баён сохтааст ва дар ин ҷода байни Ҷолинюс ва Муаллими Аввал баҳсҳои доманадор барпо гардидаанд ва ба ин ақида расидаанд, ки бунёди насл аз марду зан аст ва мании ҳар дуи онҳо зоянда аст ва зоиш бе иштироки ҳар дуи онҳо номумкин аст ("Китоб-ул-ҳайвон», с.147-164). Аз ин ҷо маълум мегардад, ки масъалаи сурат ва мода дар ин  росто аҳамияти хоса дошта, мард танҳо сурат медиҳад  ва сурат ба андешаи Арасту фарзияест, ки қариб аз чизи воқеӣ дарак намедиҳад, дар ҳоле зан модаро, ки он ҳам чизи мушаххас ва ҳисшаванда мебошад, пешкаш менамояд. Он чи дар ин маврид сазовори таваҷҷуҳ мебошад, ин аст, ки Ибни Сино  ба ҳайвоноти дорои манӣ қоил аст, ҳарчанд онҳоро эътироф намекунад, вале  ин ақидаи ӯ як андешаи бикр буда,  ба сабаби набудани асбобҳои замонавӣ ӯ  натавонистааст онҳоро дақиқ муайян созад ("Китоб-ул-ҳайвон», с.392).

Мавзӯи муҳими дигаре, ки аз таҳқиқи мухтасари "Китоб-ул-ҳайвон" берун меояд ва барои илми филология аҳамияти хосса дорад, истилоҳоти соҳаи илми байторӣ ва ҳайвоноту парандагон мебошанд, ки Ибни Сино, бешубҳа, дар таърихи бунёди истилоҳоти ин соҳаҳо  ба забони арабӣ яке аз асосгузорони он мебошад. Ин мавзӯъ ҳам як мавзӯи мустақили филологӣ аст,ки бояд фарохтар мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Хулосаи илмӣ аз баррасии истилоҳоти ин китоби арзишманди Ибни Сино аз ин иборат аст, ки арабҳо аз аввалҳои қарни дуюми ҳиҷрӣ  ё худ ҳаштуми милодӣ ба навиштани асарҳо роҷеъ ба ҳайвонот оғоз карда, донишмандоне чун ал-Асмаӣ (216ҳ.), Абуҳотам Сиҷистонӣ (248 ҳ.)  ва дигарон асарҳо бо номҳои "Китоб-ул-ибил" ("Китоб дар бораи шутур"), "Китоб-ул-хайл"("Китоб дар бораи асп") ва "Китоб-ул-вуҳуш ва-т-тайр" (Китоб андар ваҳшиён ва парандагон") навишта буданд ва то замони мо расидаанд (Ниг. Муқаддимаи "Китоб-ул-ҳайвон»,с. Коф.). Дар ин ҷода ду қасидаи Бишр ибн ал-Муътамар (тав.210 ҳ.) роҷеъ ба хусусиятҳои ҳайвонот ва шигифтиҳои онҳо ва асари  машҳури  адиб ва муҳаққиқи тавоно ал-Ҷоҳиз аст, ки бори аввал китоби мукаммал бо номи "Илми ҳайвон" ба забони  арабӣ  эҷод намудааст, ки  мавзӯъҳои марбут  ба ҳайвонот, адаб, сиёсат, калом,  фалсафа, тиб ва табиатро дар бар мегирад.
Анъанаи навиштани асарҳо дар бораи ҳайвонотро баъди Ибни Сино  Муҳаммад ибни Мӯсо ад-Думайрӣ бо номи "Ҳаёт-ул-ҳайвон" ва дар асрҳои баъдина ба забонҳои арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ бо номи "Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот" дар адабиёти араб ва форсу тоҷик" идома ёфта, аз ҷумла ба забони форсӣ-тоҷикӣ Аҳмади Тӯсӣ сад сол пештар аз асари ҳамноми "Аҷоиб-ул-махлуқот"- и Закарёи Қазвинӣ ба забони арабӣ байни солҳои 1176-1193 таълиф ёфтааст (Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ. Аҷоибнома. Душанбе, 2016, таҳияи С.Назарзода ва С.Саидов,с.7).
Дар ҳошияи баррасии "Китоб-ул-ҳайвон" - и Ибни Сино як рӯйдоди муҳими илмии ба осори Ибни Сино тааллуқдоштаро ишорат накарда наметавонам, ки он ҳам ду чопи нави интиқодии "Китоб ал-қонун фи-т-тиб" мебошад. Чунонки маълум аст, "ал-Қонун" бори аввал ба забони лотинӣ аз ҷониби Герарди Кремони (1114 - 1187) ва бо фармоиши Фридрих Барбарос тарҷума гардида, дар таърихи илми ҷаҳонӣ аз назари шумораи чопҳо бо «Инҷил» рақобат дошт. Матни лотинии он дар соли 1473 ба чоп расида, матни арабии он дар Рим дар матбааи Медичи соли 1593 ба табъ расида, дар асри XV дар давоми сӣ сол  15 маротиба ба забони лотинӣ ва ба сурати умум чиҳил бор ба табъ расидааст, дар ҳоле  Ҷолинюсро дар ҳамин давра як бор чоп кардаанд («Ал-Қонун фи-т-тиб" ли Аби Али  ал-Ҳусайн ибни Сино ал-мутаваффа санат 428ҳ., ал-ҷузъ ал-аввал, Қоҳира,2012,с.30.). Чопи аз ҳама мукаммали "ал-Қонун" ба Племпи дар соли 1658 тааллуқ дорад. Дар солҳои баъдӣ тарҷумаи ин асар байни солҳои 1934 - 1961 аз рӯйи дастхати арабии асри XII, ки дар шуъбаи ленинградии Институти ховаршиносии АИ СССР маҳфуз аст, бо ҷалби иловагии дастхати Булоқ (Қоҳира) дар соли 1877 ба забони русӣ тарҷума гардидааст (Ниг.Абу Али Ибн Сино.Канон врачебной науки.Т.1,в 10 томах,Ташкент,1996, с. 21.).
Чопи нави интиқодии "ал-Қонун", ки дар бораи он сухан мегӯем, дар  Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Қоҳира аз ҷониби мутахассисони соҳа ва бо  ҷалби дастхатҳои нави "ал-Қонун" дар Китобхонаи миллии Миср ва бо истифода аз дастхатҳои аврупоӣ омода шуда, хато ва камбудиҳои ҷойдошта аз роҳи муқоисаи илмӣ ислоҳ гардида, муҳаққиқон ғайр аз ислоҳи калима ва ибораҳо дар поварақ истилоҳоти тиббиро ба забони лотинӣ низ овардаанд, ки ин амр тарҷумаи истилоҳоти асарро хело осон месозад. Ба сурати умум, метавон гуфт, ин чоп аз комилтарин ва боэътимодтарин чопҳои нави "ал-Қонун" баъди асри бист мебошад ва ба назари банда барои бозназарии тарҷумаҳои нави  ин асари пурарзиш дорои аҳамияти хосса мебошад. Асар дар шаш ҷилд дар байни солҳои 2012-2015 дар Донишгоҳи улум ва технологияи шаҳри Қоҳира бо ин унвон ба табъ расидааст («Ал-Қонун фи-т-тиб" ли Аби Али  ал-Ҳусайн ибни Сино ал-мутаваффа санат 428ҳ., Қоҳира,2012-2015.).
Дар партави 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 1037- солагии Шайхурраис Ибни Сино месазад ин нуктаро  таъкид намоем, ки омӯзиш, тарҷума, дастрассозии мероси бузурги фалсафӣ, тиббӣ ва илмию фарҳангии  мардуми  тоҷик ва ба сурати махсус Ибни Сино, ки хирмани илму маърифати оламиёнро бо дастранҷи илмии худ бой гардондаанд, дар замони нав бояд  бештар мавриди омӯзиш ва тарғибу ташвиқи донишмандон, муаллимон, аҳли фарҳанг ва дастгирии бевоситаи давлату Ҳукумат қарор гирифта, нақши онҳо дар тарбияи насли ҷавони ватанамон муассиртар карда шуда, хидмати фарзандони миллат дар пешбурди илм ва фалсафа барои ҷаҳониён собит гардад,ки мероси ҷовидонаи Шайхурраис дар ин ҷода намунаи ибрат аст.
Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171, 172, 173.174-17    Мутолиа карданд: 494

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед