logo

иқтисод

ҶДММ «МУРҒИ ҲИЛОЛ» АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД, ЧАРО?

ҶДММ «Мурғи Ҳилол» - и ноҳияи Файзобод яке аз корхонаҳои маъруфи кишвар маҳсуб ёфта, барои бо тухми аълосифат ва гӯшти парҳезӣ таъмин намудани аҳолӣ саҳми чашмрас дошт. Корхона соли 2008 ба фаъолият оғоз намуда, саршумори мурғро аз 30 ҳазори соли аввал ба 742,3 ҳазор, истеҳсоли тухмро аз  2,3 миллион дона ба 97 миллион дона расонда, яке аз сарчашмаҳои асосии фаровонии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ дар бозорҳои кишвар буд.
Мутаассифона, имрӯз корхонаи мазкур зери таъсири буҳрони молиявӣ қарор дошта, пурра аз фаъ-олият бозмондааст. Ин ба он оварда расонд, ки қариб 600 нафар корманди он ба рухсатии бемузд баромадаанд. Зафар Ҳакимов, директори корхонаи мазкур сабабҳои пурра  аз фаъолият бозмондани корхонаро чунин шарҳ дод:
- Яке аз сабабҳои асосӣ ин таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ мебошад, зеро фаъолияти корхона аз воридот вобастагии зиёд дошт. Мо натавонистем, ки сари вақт  миқдори зарурии хӯрокаи омехтаи паранда   ва чӯҷаи якрӯзаро дар муҳлати пешбинишуда ворид намоем.
Соли 2012 бо мақсади рушди соҳа ва ба силсилаи пурраи истеҳсолӣ  расондани корхона «Лоиҳаи рушди парандапарварӣ дар Тоҷикистон» - ро, ки барои истеҳсоли  12 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 200 миллион дона тухм дар 1 сол ва таъсиси 4000 ҷойи нави кор пешбинӣ шуда буд, ба Бонки рушди Авруосиё пешниҳод намудем. Дар сурати амалӣ шудани лоиҳа корхона метавонист, инчунин,  коркарди партовҳои истеҳсолиро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб худро пурра бо қувваи барқ таъмин ва ҳамасола 150 ҳазор тонна нурии органикӣ истеҳсол намояд ва дар раванди амалисозии лоиҳа сехи истеҳсоли чӯҷаро ба кор андозад. Лоиҳа аз ҷониби бонк пазируфта шуд ва корхона аз таҳлилҳои аудити байналмилалӣ гузашта, хулосаи мусбӣ гирифт. Барои амалӣ намудани ин лоиҳа 75 миллион доллар лозим буд. Мутаассифона, мо танҳо тақрибан 28 дарсади  маблағи лоиҳавиро аз бонкҳои дохила ва аз ҳисоби худӣ пайдо кардем.    
Ягона роҳи ҳалли масъалаи мазкур, ба андешаи З. Ҳакимов,  дар дастгирии вазорату кумитаҳои дахлдор барои ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Айни замон лоиҳаи мазкур  мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 406

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед