logo

иҷтимоиёт

ТААССУБУ ХУРОФОТ АЗ ОНҲО ДУРӢ БОЯД ҶУСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид ба он доштанд, ки аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш намуда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем.

Мутаассифона, то имрӯз дар аксари шаҳру навоҳии мамлакат амалҳои ноҷоизу носавоб, ки марбут ба хурофоту таассуб ва тақлидҳои беҳудаанд, ба назар мерасанд. Чанде қабл гузорам ба масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ афтод. Ободиву зебоии масҷид ҳар бинандаро хушнуд месозад. Вале дар ду тарафи роҳ талбандаҳо даст ба ҷониби зиёраткунандагон дароз карда, садақа мепурсиданд. Дар муқобили масҷид бозорчаи хурдакаке ташкил кардаанд, ки чанд нафаре дар қатори ҳар гуна китоб чизу чораи худро ба фурӯш гузоштаанд. Зиёраткунандагон асосан занону духтарон буданд. Баъзе аз онҳо баробари ворид шудан дарвозаро мебӯсиданд ва ё онро ламс карда, ба дидагонашон мемолиданд.
Чаро мо ин қадар содаву гумроҳу нодонем? Чаро касе ин амали носавобу бидъати онҳоро манъ намекунад? Наход вазифаи ходимони масҷид дар ҷамъ кардани садақаву қироати дуо ва додани оби дам бошаду халос?! Ин гуна ҳолат дар мисоли масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ қариб  дар аксари мазорҳои кишвар ба назар мерасад.  Бо дидани чунин манзараҳо ҳамон байти   Хоҷа Ҳофиз ба ёдам омад:
Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну
хуш бош, вале,
Доми тазвир макун чун
дагарон Қуръонро.
Ростӣ, баъзе аз мардуми мо ончунон ба таассубу  хурофот ва урфу одатҳои беҳуда пойбанд шудаанд, ки онҳо аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд. Бӯсидани хоки мазореву тавоф кардани он ва ё дар назди қабр ё мазоре  қурбонӣ кардан чӣ маъно дорад?  Пеш аз ҳама, мо бояд бидонем, ки таассуб чист ва хурофот аз куҷо сарчашма мегирад? Таассуб дар фарҳанги форсии «Амид» ба маънии ҷонибдорӣ кардан, ҳамчунин, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тарафдории кӯр - кӯрона, мутаассибӣ ва хурофотпарастӣ низ омадааст.
Назар ба андешаи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънои таассуб қабул накардани ҳақ ҳангоми зоҳир шудани далели ҳақ буда,  он дорои анвои гуногун, аз ҷумла нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, лисонӣ, динӣ, мазҳабӣ  ва ғайра мебошад. Таассуб дар раъйро чунин тавсиф кардаанд: таассуб назареро бидуни интихоб кардани вақти кофӣ барои таҳқиқи он ва бидуни эътибори он ки  он назар мунсифона мебошад ё не  ихтиёр кардан аст. Раъйи интихобшуда мусбат аст ё манфӣ, вале аз он бидуни эътибори далелҳои дастрасбуда тақлид карда мешавад. Масдару маншаи чунин таассубҳо қалби инсонҳост, майлу рағбати манфиатҳо, кибру ғурур, таъсири муҳиту забон, мафтун шудан ба илму раъйи худ мебошад. Таассуб худ як мусибатест, ки баъзан бузургонро ба тасарруф ва фикру назари хато расондааст ва таъсири он хатоҳо то замони мо расидааст.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, дигар навъи эътиқод, ки дар қалби инсонҳо пайдо мешавад ва онҳоро аз роҳи мустақим мунҳариф месозад, ин хурофот аст. Калимаи хурофот, чуноне ки дар «Ғиёс - ул - луғот» оварда шудааст, аз Хурофа ном як марди араб гирифта шудааст. Ӯ гӯё ба париён ошиқ шуда буд ва суханҳое мегуфт, ки мардум ба онҳо бовар намекард. Аз ин рӯ, минбаъд ҳар касе сухани беҳуда ва бемаъно мегуфт, ӯро ба ҳамон нисбат дода, мегуфтанд, ки хурофот мегӯяд. Хурофот батадриҷ дар байни мардуми мо низ паҳн шуд. Он ба оятҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ ва ба иҷтиҳоди муҷтаҳидони мазоҳиб, хусусан аҳли суннат мутобиқат ва мувофиқат надорад. Яке аз шаклҳои хурофот ин сеҳру ҷодугарист, ки зуҳуроти  он дар байни мардуми мо дида мешавад. Қонунгузорӣ нисбат ба онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, муҷозот таъйин кардааст. Бо вуҷуди  ин, иддае ба фолбинию ҷодугарӣ машғуланд ва мардумро ба доми фиреб мекашанд. Ҳол он ки ягон фолбин ва ё соҳир ба дарди касе намехӯрад.
Абдулвоҳид Ҳомидов, мутахассиси раёсати мазкур, дар иртибот ба ин мавзӯъ зикр сохт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бӯсидани мазору санг, панҷараву дарахт ва бастани латтаву ришта ба онҳо раво нест.  Ҳоҷиёни муҳтарам хуб огоҳӣ доранд, ки ҳангоми зиёрати мақбараи Паёмбар Муҳаммад (с) дар Мадина баъзеҳо мехостанд панҷараро бибӯсанд, вале посбонҳо «ҳаром - ҳаром» гӯён онҳоро аз ин роҳ мегардонданд ва ҳатто он касонеро, ки гӯш намекарданд, ба китфу тахтапушташон бо калтакчаҳои резинӣ мезаданд. Ҳамин ҳақиқат моро водор месозад, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва урфу одатҳои носавобу зиёдатӣ, ки иҷрои онҳо ҳеҷ зарурияте надорад ва баръакс моро ба куфру бидъат ва ширк мебарад, даст кашем.                   
С. МУНАВВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 506

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед