logo

сиёсат

ҲАССОСИЯТИ СИЁСӢ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ КОРСОЗ НЕСТ Дар ҳошияи матлаби «Ба кадом суханатон бовар кунем?»,

«Ҷумҳурият», 1 августи соли 2017
Чанде пеш таҳти унвони «Ба кадом суханатон бовар кунем» матлаби ҷавобии донишманд ва сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар робита ба нашри маводи собиқ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Сайидрасули Мӯсавӣ рӯи чоп омад, ки барои хонанда қобили андеша аст. Пажӯҳишгари тоҷик дар нома-ҷавобияи худ бо далоили илмӣ-фаннӣ ва забони шевои тоҷикӣ бо навиштаи дур аз воқеияти Мӯсавӣ, ки дар ҳошияи конфронси Бомиёни Афғонистон иншо шудааст, бархӯрд карда, комилан дурӯғ ва иғво будани ҳарфҳои собиқ сафирро ифшо сохтааст.
Сайидрасули Мӯсавӣ бо истифода аз фурсати мусоиди конфронси Бомиёни Афғонистон ва бар мабнои суҳбати сарироҳию саричойӣ бо пажӯҳишгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо  матлаби ғаразнокеро расонаӣ карда, ба пиндори худ бар намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар радду бадали фикрию сиёсӣ ғолиб омадааст. Вале Абдуллоҳи Раҳнамо бо далелҳои қотеъ нишон додааст, ки собиқ сафир бо чунин тарзи кор хостааст алайҳи давлати мо тавтеа эҷод кунад. Аввал ин ки собиқ сафир аз суҳбати сарироҳӣ ва саричойии Раҳнамо, ки дар қолаби танзу шӯхӣ сурат гирифтааст, моҳирона суиистифода карда, ба он тасҳеҳу иловаҳои ҳадафнок ворид сохта, ба ин восита барои наҳзат дар арсаи муборизаи иттилоотӣ ва расонаӣ холи сиёсӣ додааст. Ин нуктаро Раҳнамо дар оғози матлаб сареҳан ишора намуда, дур аз воқеият будани онро бозгӯ кардааст.
Ба унвони намояндаи расмии Ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ намудани Абдуллоҳи Раҳнамо аз ҷониби собиқ сафир ва дар ҳоли ҳозир мушовири аршади Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон як навъ иғвои сиёсӣ мебошад. Дигар ин ки аксари расонаҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба унвони абзори иттилоотӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ бо сарпарастии сармояи берунӣ ва бо баҳонаи таблиғи демократия, озодӣ ва либерализм иттилооти дурӯғ ва ғаразнокро паҳн намуда, талош доранд, табақаи иҷтимоии камзарфиятро таҳти фишори иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ қарор диҳанд. Ин дар ҳолест, ки, мутаассифона, дар фазои маҷозии мо бештар навиштаҳое паҳну нашр мегарданд, ки бар пояи тасаввуру эҳсосот ва таассубу хурофот устуворанд. Абдуллоҳи Раҳнамо дар матлаб ишора ба он мекунад, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ҲНИТ таҳқиқоти зиёди илмӣ ва ихтисосӣ анҷом дода, дар ин замина ба раёсати ҳизб пешниҳодҳои судманд манзур намудааст.
Аммо, чӣ илоҷ, ки раҳбарияти наҳзатӣ интиқоди илмӣ ва фаннии муҳаққиқро нодида гирифта, ба ҷойи ислоҳи камбудию навоқиси дохилиҳизбӣ, барномавӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар масири худбохтагӣ, ҳангомасозӣ ва фурсатталабӣ ҳаракатро идома дода, саранҷом ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Ваҷҳи тундравӣ ва иртиҷоишавии ҲНИТ-ро муҳаққиқ дар тундравӣ ва китобгурезии баъзе роҳбарони ин ҳизби сиёсӣ арзёбӣ карда, ба пуштибони ҲНИТ гӯшзад менамояд, ки чарбзабонӣ ва фазлфурӯшии раёсати наҳзатӣ маънии донишмандӣ ва сиёсатмадориро ифода намекунад.
Аз мадорику маъхазҳое, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ба сифати муҳаққиқи ягонаи ҳизби динӣ (дар мисоли ҲНИТ) дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯйи даст дошта, бар мабнои онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст, хеле кам коршиносону муҳаққиқони ватанӣ огоҳанд. Бинобар ин, он чи ки ӯ дар бораи ҲНИТ ва раҳбарияти он медонаду мегӯяду менависад, воқеият аст. Сайидрасули Мӯсавӣ иддао дорад, ки барои террористӣ хондани ҲНИТ Ҳукумати Тоҷикистон хурдтарин далеле надорад. Дар ҳоле ки далелҳои муътамад дар дасти мақомоти марбутаи давлатӣ қарор доранд, ки роҳбарияти наҳзатиро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ (моҳи сентябри соли 2015) гунаҳгор медонанд. Гузашта аз ин, ҲНИТ дар кушта шудани 150 ҳазор нафар дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳонаи солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ муҷрим шинохта мешавад, ки ин омор, бо шумули 5,5 миллион нуфуси вақти Тоҷикистон хеле зиёд аст. Муаллифи матлаб аз собиқ сафир даъват ба амал меорад, ки  шахсан ба Тоҷикистон ташриф биёрад ва дар муколамаи ихтисосӣ ва самимӣ бо мақомоти расмии давлатӣ ва коршиносони масоили минтақавӣ масъалаи мавриди назарро матраҳ намуда, ба саволҳои худ дар қиболи ташкилоти террористии ҲНИТ посухҳои дархӯри расмӣ бигирад. 
Ба таври куллӣ, Абдуллоҳи Раҳнамо ба унвони пажӯҳишгари созмонҳои сиёсии динӣ дар минтақа бо масоили исломи сиёсӣ (дар мисоли ҲНИТ) аз мавқеияти илмӣ ва собиқ сафир аз ҳассосияти сиёсӣ кор гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки ҳассосияти сиёсӣ дар масоили мавриди назар дар ҳалли мушкилот корсоз нест ва дар бисёр маврид бар тирагӣ ва таниши муносибот меанҷомад. Баръакси ин, дидгоҳ ва мавқеияти илмию тахассусӣ, ки бар пояи омӯзиш, пажӯҳиши густарда, далоилу натиҷагирии илмӣ устувор мешавад, воқеияти масъаларо  ошкор карда, дурнамои ақлонӣ ва инсонӣ дорад.
Нозим НУРОВ, пажӯҳишгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 485

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед