logo

фарҳанг

ВОХӮРИИ ХОТИРМОН Ё ЧӢ ГУНА НОМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ДАР ХОВАЛИНГ ВИРДИ ЗАБОНҲО ШУД

Дар ноҳияи Ховалинг вақте сухан дар бораи шахсиятҳои шинохта ва барӯманди солҳои 20 - 30 - и замони шӯравӣ меравад, пеш аз ҳама, номи Қаҳрамони  Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо некӣ ба забон гирифта мешавад. Зеро ӯ ҳамчун шахси худшиносу худогоҳ, масъулиятшиносу ватандӯст ва раъиятпарвар барои наҷоти миллат ва фардои дурахшони Ватани аҷдодӣ хизмати шоиста анҷом додааст.
Замони кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонии Нусратулло Махсум  дар зодгоҳаш - деҳаи Чашмаи Кизии бекигарии Қаротегин, баъдан мардикориву ҳамолӣ дар Қӯқанду Фарғона гузаштааст. Ин марди оқилу дурандеш дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, аз раиси вилояти Ғарм то раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расидааст. Дар бораи ҳаёту рӯзгори ибратбахши ӯ, вазниниҳои дар зиндагию кор паси сар намудааш, махсусан ҳаёти пурпечутоби ҳамсараш Ҳалима, фарзандонаш Хосият, Мунавваршоҳ, Акбаршоҳ ва Музаффар дар рӯзномаи писандидаи мардум-«Ҷумҳурият» мақолаҳои зиёде ба табъ расиданд, ки ҳоҷат ба такрор нест. Ҳамин қадар мегӯем, ки бузургӣ ва хизматҳои назарраси ӯ ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардуми тоҷик зудуда намешаванд.
Сокинони солдидаи ноҳияи Ховалинг нақл мекунанд, ки Нусратулло Махсум дар шаҳри Душанбе бо Теша Паҳлавони Ховалингӣ ҳангоми мусобиқаи гӯштин, ки пирӯз гардида буд, ҳамсуҳбат шуда, мушкилашро осон гардондааст. Ин паҳлавони машҳур дар Гузари Паранаки шаҳраки Ховалинг дар оилаи Сафар ном деҳқон, ӯ низ паҳлавон будааст, ба дунё омадааст. Мегӯянд, ки вақте Теша ба гӯштин медаромад, ҳарифашро дар як ё ду дақиқа ба пушт меафтонд. Дар чорабиниҳои варзишии наврӯзӣ ва мусобиқаҳои бузкашӣ ҳамеша дастболо мешуд...
Солҳои 30-юми асри гузашта падарандари Теша Паҳлавон - Зоир Қаровулбегиро бо гуноҳи «аз синфи истисморгар будан» равонаи зиндон карданд. Теша барои дидорбинӣ ба Душанбе омад. Чанд муддат дар пойтахт монд. Барои он ки рӯзаш гузарад, мардикорӣ мекард, аз субҳ то шом хишт мерехт. Музди хуб мегирифт. Рӯзе дар маркази шаҳр мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гашт. Дар он аз тамоми минтақаҳои кишвар паҳлавонҳо иштирок доштанд. Теша Паҳлавон ҳам дар ин чорабинӣ ширкат варзида, се ҳарифи асосиро шикаст дод. Дигар ягон паҳлавон ҷуръат накард, ки ба майдон барояд.
Дар ин мусобиқа раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум низ иштирок дошт. Раиси КИМ аз тарзи гӯштингирӣ, ҳамзамон ҷасурию чолокии ин ҷавон ба ваҷд омада,  пас аз ҷамъбасти мусобиқа ӯро ба наздаш даъват кард:
- Чӣ ном дорӣ, аз кадом минтақаӣ?
 - Ман Теша Паҳлавон, аз Паранаки Ховалинг.
- Дар Душанбе чӣ кор мекунӣ?
- Падарандарамро аз синфи истисморгар гуфта, ба ин ҷо оварданд. Ҳоло дар зиндон аст. Мардикорӣ карда, ӯро бо нону об таъмин мекунам.
Вақте Нусратулло Махсум ин суханонро шунид, ба дасту бозуи тавонои Теша Паҳлавон нигариста, гуфт, ки падарандаратро, агар бегуноҳ бошад, озод мекунанд.
Ҳамин тавр, субҳи рӯзи дигар Зоир Қаровулбегиро аз зиндон озод намуданд. Баъди ба Ховалинг баргаштани падару писар ин вохӯрии хотирмон нақл шуд ва аз даҳон ба даҳон гузашта, номи неки фарзанди фарзонаи миллат Нусратулло Махсумро вирди забонҳо гардонд.
Амир Сайиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 507
03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед