logo

фарҳанг

ПАС, ДЕР НАКУНЕМ!

Омӯзиши таърих ва гузаштаи худ ҳаргиз ба хотири фароғату хуш гузарондани вақт нест. Мақсад аз он шинохти беҳтари миллат, таҳкиму пойдории давлат ва боло бурдани сатҳи маърифату дарки сиёсати давр мебошад. Бузургонамон ҳам таъкид намудаанд, ки:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҷойи таассуф аст, ки бар асари ноогоҳию фориғболӣ ин ҳама ҳақиқатро нодида мегирем ва боз умедвор мешавем, ки рӯзгори хубу шоиста худ ба худ моро насиб мегардад. Ба ҷуз ин пайомади баъзе аз ҳодисаҳои номатлуби рухдодаро эҳсос намекунему мепиндорем асари бадаш бар мо намерасад.
Ҷойи масаррату шодмонист, ки шумораи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз ба рӯз дар кишвар меафзояд ва ҳолиё он аз миллион гузаштааст. Аммо ҳолатҳои ногувору муносибатҳо ва мавқеъгириҳои номуносиб ин ҳақиқатро ошкор месозад, ки на аз таърих дуруст сабақ бардоштаему на сатҳи худшиносии миллиамон боло рафтааст. Ончунон дилбохтаи ҳангомаву фитнаҳоем, ки онҳоро аз душманонамон ҳам бисёр хуш мепазирем ва ҳатман дар ҷавоб «аҳсан!» - ашон мехонем.
Мисли ин аст, ки аксар зиёиён рисолати худро фаромӯш кардаанд. Ва ё гурӯҳе аз онҳо сахт метарсанд, мабодо номашон дар «рӯйхати сиёҳ» биафтад. Чаро намеандешем, ки душманони миллату давлати мо барои мо ҳеҷ гоҳ «рӯйхати сафед» надоштанду надоранд? Чаро аз кору рӯзгори устод Садриддин Айнӣ дарси ибрат намегирем? Магар барои ӯ осон буд бо душманони сарсахту ҷонсахти миллату давлати тоҷикон мубориза бурдан? Ҷисму ҷони худро ӯ барои ҳифзу пойдории мо сипар намуд.
Душманон, мухолифон, мутаассибон рӯ ба рӯи мо овоз баланд мекунанду мо дар посух ба онҳо хомӯширо ихтиёр мекунем. Аз ин ҳама рамуз мегиранд, ки ба тақдири худу ояндаамон бетафовутем ва дар натиҷа тадбирҳои муассиртар барои маҳв гаштанамон меандешанд.
Ин миллати борҳо ҷабри таърих кашида оқибат истиқлол ба даст овард. Аммо душманон ин дастовард, ин ҳадяи эзадиро хуш қабул накарданд ва хостанд ба ин бор ҳатто номи кишвари моро аз харитаи ҷаҳон барои умре маҳв бисозанд. Ба ин хотир, ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуданд, ки бар асари он ҳазорон намояндагони миллат, сокинони ин диёри маҳбуб аз зиндагӣ маҳрум шуданд ва беш аз он муҳоҷири иҷборӣ.
Душманон, мухолифонамон ба ҳар сурат, ба ҳар шакл бо мо ба мубориза, ҷанги рӯ ба рӯ бархостаанду ин ҳамаро нодида мегирем. Бадбахтии бештару бузургтар он аст, ки бархе аз ҳаммиллатони мо бар осиёби гардони онҳо об мерезанд. Албатта, ба ин умед, ки муште орд насибашон мегардад. Наметавон ин амали номатлубу нангинро хиёнат ба миллату давлат наҳисобид. Номҳову чеҳраҳову мавқеъҳо мисли солҳои пешин ноошно нестанд. Ҳар кирдори худро хидмати бузургу таърихӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мешуморанд ва мутмаин месозанд, ки номашон дар саҳифаҳои заррини таърих, ба яқин, навишта мешаванд. Аммо:
Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?
То ба кай фиреби онҳоро мехӯрем? То ба кай доми онҳо бароямон биҳишти гумшуда менамояд? Дар ин домҳо ҳар кӣ афтодааст, маҳол аст, ки раҳоӣ биёбад. Барҳақ фармудаанд:
Ба дому дона нагиранд, мурғи доноро.
Бархе аз мо тамошобин аст, бехабар аз он ки ин саҳна аз саҳнаи театр фарқ дорад. Шамшер на тасодуфан, балки қасдан низ бар сари хам ҳам фуруд меояд. Ин оташи фитна хушку тарро ҳама якҷо месӯзад. Замону давронест, ки ҳар зиёӣ, ҳар ватандори асил ба амалу навиштаҳои бадғаразон бо донишу маҳорату ҷасорате, ки дорад, бояд посух бигӯяд, посухи сазовор. Набояд душманону мухолифонамон бупиндоранд, ки мо дар хобем, дар хоби ғафлатем ва ба ҳимояи Ватану сарзамини аҷдодӣ ҳеҷ барнамехезем.
Дар ин сарзамин, дар ин хоки аҷдодӣ нафас мегирем, ба камол расидаем, ҳамчун миллати асил ташаккул ёфтаем. Пас, бояд бар ҳифзи он ҳамеша омода бошем, нагузорем, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бар мо санг бизананд. Ҷои номусу нанг аст. Дуруст фармудаанд, ки раҳи оби ҷӯйро метавон ба бел гирифт. Интизор набошем, ки он ба сел табдил биёбаду мулкро хароб бинамояду мардумро дар ранҷу азоб бигузорад.
Ва низ ба таъкид гуфтаанд: «Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон».
Оре, бояд вақтшиносу дунёшинос бошему душманро аз дӯст фарқ карда битавонем. Агар акси ҳол бошад, душманону мухолифон барои маҳву нестии ин миллат неруи тоза меёбанд ва саъю кӯшишашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба маротиб меафзоянд. Пас дер накунем, ки ҳар лаҳза қимату ғанимат аст. Бетараф набошем, худро нафурӯшем ва миллату Ватани азизамонро бузургтарин неъмату ганҷ бидонем.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 341

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед