logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. КАСБУ ҲУНАРҲОИ АҶДОДӢ ЭҲЁ МЕГАРДАНД

Имрӯз қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои хурди саноатӣ, коргоҳҳои атласу адрасбофӣ арзи вуҷуд карда истодаанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои гулбурӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, адрасу атласбофӣ, заргарӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ ва дигар навъҳои косибиву ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҳои муассир андешида шавад. Дар ноҳияи Данғара низ оид ба эҳё намудани ҳунарҳои қариб аз байн рафтаи мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.

Бо ин мақсад дар Донишгоҳи давлатии Данғара марказҳои таълимии тренингии «Дунёи ҳунар» ва «Чаманоро» фаъолият менамоянд. Дар ин марказҳо курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Курси кутоҳмуддати «Мақсад» - ро 30  нафар занону духтарон хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд. Айни замон, дар ин курсҳо 60 нафар занону духтарон ба омӯзиш фарогир шудаанд.
Дар назди шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ноҳияи Данғара филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ташкил шудааст. Дар муассисаи мазкур омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд. Чор адад дастгоҳи адрасбофӣ харидорӣ ва айни замон 16 нафар занону духтарони ноҳия ба омӯзиши адрасбофӣ машғул мебошанд. Бо ташаббуси роҳбарияти  Ҷамоати деҳоти Абдулло Ҳафизов маркази истеҳсолии атласу адрасбофӣ ташкил шуда, дар он 6 адад дуконҳои адрасбофӣ насб гардидаанд. Дар ин давра 22 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. То ҳол зиёда аз 500 метр адрас истеҳсол карда шуд. Бо мақсади боз ҳам равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои бонувони ноҳия, дар деҳаи Ҳусейншайхи Ҷамоати деҳоти Корез сохтмони корхонаи дӯзандагӣ идома дорад, ки баъди ба истифода додани он зиёда аз 50 нафар занону духтарони гирду атрофи деҳот бо ҷойи кор ва маоши доимӣ таъмин мегарданд.
Бино ба иттилои Ориф Воҳидов, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар деҳаҳои Хоҷа Шақиди Балхӣ, Баҳор, Алиҷон, Дилнишин, Шаҳбур, Чорсада ва Ҷамоати шаҳраки Данғара чунин курсҳо ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 147 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар деҳаи Остонаи Ҷамоати деҳоти Лолазор ҳунарманди маҳаллӣ Зуҳро Кенҷаева хона-музейи оилавӣ таъсис додааст, ки дар он намунаҳои ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили кашидадӯзӣ, куртаҳои чакани мардумӣ, гулдӯзиҳо, кӯзаву хурмаҳои қадимии мутааллиқ ба асрҳои гузашта нигоҳ дошта мешаванд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2017    №: 172    Мутолиа карданд: 324

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед