logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ БУНЁД ШУД

Хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва дастгирию ғамхорӣ дар ин самт пайваста идома дорад. Аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар назди биноҳои истиқоматии рақами 6 ва 8 - и кӯчаи Неъмат Қаробоев, ки ин макон қаблан таваққуфгоҳи мошинҳо буд, дар муддати хеле кӯтоҳ  майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ин имкон медиҳад, ки боз 1 гӯшаи шаҳр ободу зебо гардад ва аз ҳама муҳим барои ба варзиш машғул шудани кӯдакону наврасон шароит муҳайё шавад.
Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, зимни ифтитоҳи майдонча ба сифати корҳои сохтмончиён баҳои баланд дод. Майдонча бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, дорои майдонҳои бозии футбол, волейбол, баскетбол, майдони бозиҳои кӯдакона ва ҷойи нишасти волидони хурдсолон мебошад. Дар атрофи майдонча дарахтҳои ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ шинонда шуда, мавзеи бо майсазори сабз зиннатдода рӯҳи касро болида мегардонад.
Сокинони биноҳои назди ин майдонча  аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуда, аҳамияти онро дар солимии ҷомеа, бахусус  кӯдакону наврасон, муҳим ва муассир арзёбӣ намуданд. Насиба Давлатова, сокини ин маҳалла, зимни суҳбат изҳор дошт, ки ҷавонону наврасон ва кӯдакон аз ин пас метавонанд вақтҳои холии худро ба беҳудагардӣ сарф накарда, дар ин майдончаҳо  ба ҳар гуна бозиҳои варзишӣ машғул шаванд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бомаром идома дорад,  барои тарбияи насли солим заминаи воқеӣ гузошта, дар баланд бардоштани шуурнокиву ташаккули наврасону ҷавонон нақши муассир мегузоранд. Мо аз ин ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат бисёр миннатдор ҳастем.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2017    №: 172    Мутолиа карданд: 341

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед