logo

ҳуқуқ

ТАМРИНҲОИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО ҶАЛБИ БЕШ АЗ 30 ҲАЗОР НИЗОМӢ ИДОМА ДОРАНД

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиёти стратегии зиддитеррористӣ ҷараён доранд. Тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ бо ҷалби беш аз 30 ҳазор ҳайати шахсӣ аз 14 август шурӯъ шуда, то 17 - уми ҳамин моҳ идома хоҳанд кард.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор марҳала дар ҳудуди вилояти Суғд ва машқгоҳҳои низомии Чорухдарон ва Нурафшон ба таври назариявию амалӣ ҷараён дорад. Дар рафти тамринҳо аз захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техникаи хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётии стратегии зиддитеррористӣ заруранд, истифода мегарданд. Илова бар ин, дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру навоҳии вилоят ва масъулони тамоми сохторҳои қудратии минтақа ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз техникаҳои вазнини ҷангӣ, зиреҳпӯш, силоҳу муҳимоти сабуки ҳарбӣ ва ба омӯзиши дигар мавзӯоте, ки ба нақшаи гузарондани ҷамъомади мазкур марбут мебошанд, ҷалб шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар машқҳои муштараки амалиёти стратегии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд бо аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ,  наздик ба 200 техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ, 70 техникаи аслиҳавӣ ва зиёда аз 450 техникаи автомобилӣ истифода мегарданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии муштараки низомӣ дар гарнизони Суғд сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2017    №: 172    Мутолиа карданд: 448

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед