logo

иҷтимоиёт

ҚӮРҒОНТЕППА. НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ БИНОКОРОН ВА МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба истиқболи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи кормандони сохтмон намоиши дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии кишвар, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017” баргузор гардид. Ширкатҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Сокинону меҳмонон ба маҳсулоти сохтмонию ороишии корхонаҳои “Субҳи Сарбанд”, “Ауфен”, “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Арча”, “Созмон”, “Суғд Пластик” ва корхонаҳои дигар баҳои баланд доданд.
Муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим зикр кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд ёфтани биною иншоот ва маҷмааҳои зиёди хуштарҳу пурбардошт гувоҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи сохтмону меъморист.
- Барои рушди ин соҳаи муҳим дар мамлакати мо тамоми шароит фароҳам аст. Манзалати сохтмончӣ сол ба сол боло рафтан дорад. Ҷамъиятҳои истеҳсолию ташкилотҳои сохтмониро мебояд, ки зимни лоиҳакашию бунёди иншоот ба хусусиятҳои меъмории миллӣ авлавият диҳанд. Ҳар як сайёҳ, ҳар як фарди хориҷие, ки вориди кишвари мо мешавад, шаҳрҳои моро дидан баробар бояд эҳсос кунад, ки мо фарҳанги ғании меъморию шаҳрсозии бостонӣ дорем. Барои ин мо бояд ҳамаи маҳсулоти сохтмониро дар дохили мамлакати худамон истеҳсол кунем. Ашёи хом мерасад, дастгирӣ ҳаст, ҷалби сармояи хориҷӣ идома дорад, мутаассифона, корҳои амалӣ ҳоло ҳам мувофиқи мақсад нестанд ва ба сайқалу такомул ниёз доранд, - гуфт Азим Иброҳим, зимни ҷамъомаде, ки дар расми ифтитоҳи чорабинӣ доир гардид.
- Ҳамасола чи дар вилояти Хатлон ва чи дар минтақаҳои дигари ватани азизамон даҳҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мегарданд. Тақозои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин аст, ки хишту оҳан, семент ва масолеҳи дигаре, ки дар кори сохтмон истифода мешаванд, сифати олӣ дошта бошанд, то ин ки иншооти навбунёд даҳсолаҳои дароз бидуни ягон мушкил мавриди истифода қарор гиранд. Баъзан мебинем, ки қабати якуми бино зуд нуқс мебарорад. Чунин саҳлангорию ноҷӯриҳо дар кори сохтмончиён ё истеҳсолгарони масолеҳи сохтмонӣ набояд ҷой дошта бошанд. Мақсад аз ташкили намоиш ва озмун густариш бахшидан ба кори истеҳсоли масолеҳи босифати сохтмонӣ ва бунёди иншооти хуштарҳу пурбардошт мебошад, - гуфт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон. 
Ғолибони озмун ва ширкаткунандагони фаъоли намоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи меъморию сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷоиза, туҳфа ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2017    №: 172    Мутолиа карданд: 401

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед