logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи 16 - уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарият, фаъолон  ва  сокинони  шарафманду  меҳнатдӯсти  вилоят  бо  самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои  нави  муассисаҳои  таълимӣ иштирок карда, ба  сохтмони иншооти нав оғози расмӣ мебахшанд.

Шиносоӣ бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар ташриф оварданд.

Роҳбарият, фаъолон, аҳли илму ҳунар ва намояндагони ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти «Заргар» бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли гузашта низ дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Бохтар як қатор иншооти гуногунро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти кишоварзон шинос ва бо фаъолони вилоят суҳбати самимӣ анҷом дода буданд.
Дар ноҳияи Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуданд.
Кооперативи тиҷоратии «Сомон» дар деҳоти "Заргар" 51,2 гектарро ташкил намуда, аҳли заҳмат ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки аз майдони умумии хоҷагӣ 4,7 гектарашро боғ, 2 гектарашро лимӯ, 30 гектарашро пахта ва 15 гектари дигарашро юнучқа ташкил медиҳад. Парвариши лимӯ дар асоси омӯзишу таҷрибаи ғанӣ дар 10 гармхона ба роҳ монда шудааст, ки дар ҳар кадоми он вобаста ба ғунҷоиш аз 110 то 200 ниҳоли лимӯ парвариш меёбад. Соли гузашта аҳли заҳмат бештар аз 42 тонна ҳосили лимӯ ба даст оварда буданд. Имсол бо назардошти он, ки шумораи гармхонаҳо 2 адад зиёд шуда, майдони умумии ниҳоли дарахтони ситрусӣ ба 2 гектар расонда шудааст, ҳосили интизории хоҷагидорон бештар аз 50 тонна лимӯро ташкил медиҳад. Соли равон майдони гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияи Бохтар ба 60 гектар расонда шудааст, ки аз ин 20 гектараш майдони ҳосилдеҳ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот омӯзиш ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадамро барои гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ дар дигар хоҷагиҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» имсол дар майдони 30 гектар чигити навъи «Хатлон - 2014» кишт намудаанд ва ҳосили интизории кишоварзон аз ҳар гектар то 45 - сентнериро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ соли равон дар ноҳияи Бохтар дар майдони 11481 гектар кишти пунбадона гузаронда шудааст. Ҳоло чорвои шохдор дар кооперативи тиҷоратии «Сомон» 150 сарро ташкил медиҳад ва ҷамъоварии хошок аз ҳисоби юнучқаи хоҷагӣ сурат мегирад.
Хоҷагиҳои хурди «Акбари Тоҷиддин», «Ҳалими Қаландар» ва «Хусрав - 96» дар назди кооперативи тиҷоратии «Сомон» фаъолият доранд. Соли равон дар маҷмӯъ дар ноҳияи Бохтар дар майдони 17 594 гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронда шудааст, ки нисбат ба соли 2016 – ум 8 гектар зиёд мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин, олимони соҳа ва хоҷагидорон дар ин ва дигар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои гирифтани то 3 ҳосил аз як замин ва истифодаи мақсадноки он ҳидоятҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ
Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар» - и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.

Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳаҷми ғунҷоиши иншооти мазкур 2000 тонна мебошад.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назарбек Шарифов тавассути сармоягузории хориҷӣ сохта шуда, мақсад аз он дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад, ки ин раванд ба танзими нарху наво дар бозори истеъмолӣ низ мусоидати фаъол мекунад. Арзиши лоиҳавии сардхона 2,5 миллион сомонӣ буда, он дар давоми як сол бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорро намунавӣ хонда, бобати бештар кардани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон масъулонро вазифадор карданд. Зеро вилояти Хатлон аз минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот аз ҳамин минтақа бастагии амиқ дорад.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” дар намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорону барзгарон ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Бохтар 1917 хоҷагӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 1861 адад хоҷагии деҳқонӣ, 4 адад хоҷагии ёрирасони тухмипарварӣ, 6 ширкати аграрӣ, 4 хоҷагии давлатӣ, 37 хоҷагии ҷамъиятӣ ва 5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд фаъолият менамоянд.
Кишоварзони ноҳия намунаи ҳосили ғалладона, сабзавоту полизӣ, мевагиҳо ва маҳсулоти занбӯри асалро ба намоиш гузоштанд, ки басо диданӣ буд. Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда гувоҳӣ аз он медод, ки хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони вилояти Хатлон дар пайгирӣ аз дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ноҳияи Бохтарро аз зумраи минтақаҳои фаъол дар самти таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, фаъолияти босамари деҳқонони кордон ва сокинони меҳнатқарини онро, ки дар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин пешқадам мебошанд, намунаи ибрат маънидод карданд.
Як гӯшаи дигари намоишгоҳро дастоварди саноатчиёни ноҳия оро медод. Бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат ҳам дар Бохтар рушди тадриҷӣ пайдо кардааст. Вобаста ба он ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия хеле тараққӣ кардааст, фаъолияти аксари корхонаҳои саноатӣ ҳам ба коркарди маҳсулоти ҳамин соҳа нигаронда шудааст, яъне стратегияи давлатии табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари индустриаливу аграрӣ дар ин ноҳия тадриҷан амалӣ мешавад.
Дар маҷмӯъ дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳияи Бохтар дар ҳаҷми бештар аз 53 миллиону 863 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои ҶДММ “Бохтар – Инвест - Коттон”,  ҶДММ “Коттон-Ансор”, ҶДММ “Ресандаи Хатлон”, ҶДММ “Муъмин - Коттон”,  ҶСШП “Мину - Фарм” ва амсоли ин ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Сарвари давлат фаъолияти босамари корхонаҳои саноатиро як воситаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ номида, аз саноатчиёни ноҳия даъват ба амал оварданд, ки сифати маҳсулоташонро боз ҳам беҳтар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гардонанд. Зеро маҳз сифати баланд ва намои зебои маҳсулот кафолати асосии таъмини фаъолияти бонизоми ҳар як корхонаи саноатӣ мебошад.

Ба истифода додани мактаби рақами 14
Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти «Заргар» дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст иштирок варзиданд.

Хонандагони ин мактаб бо нишони арҷгузорӣ ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Муассисаи мазкур тибқи нақшаи тарҳрезигардида барои 660 ҷойи нишаст бо назардошти 27 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннӣ, кабинети инкишофи кӯдак, ҳуҷра барои директор ва муаллимон, қабулгоҳ, муҳосибот, ҳуҷраи ҳамшираи шафқат, се кабинет барои омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузарондани дарсҳои иловагӣ бунёд ёфтааст. Инчунин, сохтмони толори варзиш бо 183 ҷойи нишаст, корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 204 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой, китобхона бо 32 ҷойи нишаст, иншооти ёрирасони муассисаи зикршуда сифатан хуб ба анҷом расонда шудааст.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат бо хонандагону омӯзгорон суҳбати гарму самимӣ доир карда, муҳассилинро ба омӯзиши густурдаи илмҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят карданд.
Фармоишгари лоиҳаи мазкур Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои лоиҳакашӣ, сохтмониву васлгарӣ ва таъмин намудани мебелу таҷҳизоти мактабиро ширкатҳои ватании ҶДММ «Панасия ЛТД», ҶДММ «Сари Хосор», ҶДММ «Нузам» ва ҶДММ «Арт Медиа» ба анҷом расонданд. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби Фонди саудии рушд сурат гирифтааст.
Ба иттилои бошандагони атроф бинои куҳнаи мактаби рақами 14 ҳанӯз солҳои 50-60 асри гузашта сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Зимнан теъдоди хонандагон дар муассисаи мазкур сол ба сол зиёд гардида, шумораи онҳо ба 2000 нафар расида, танқисии ҷойи нишаст пеш омада буд. Бо назардошти вазъи бамиёномада, лоиҳаи мактаб аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» тарҳрезӣ гардида, аввали соли 2016 корҳои сохтмониву васлгарӣ оғоз шуданд.
Бинои нав аз чор қисмат иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини мактаб 2,33 гектарро дар бар мегирад.  Маблағи умумии корҳои сохтмониву васлгарӣ бо назардошти фондҳои асосӣ, аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мебелу таҷҳизот қариб 16 миллион сомониро ташкил дод.
Буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон сохта шуда, аз деги буғӣ иборат мебошад, ки дар фасли зимистон имкон дорад тамоми ҳуҷраҳои биноро тавассути ангишт гарм нигоҳ дорад.
Таъкид гардид, ки сатҳ ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ назар ба солҳои пешин беҳтар шуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок ва соҳиби 66 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 9 медали тилло, 8 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ гардидаанд. Инчунин, хонандагони ноҳияи Бохтар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ва анҷом додани суҳбатҳои созанда бо хонандагону муаллимони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14, дар саҳни мактаб дар ҳузури намояндагони сершумори маорифчиён ва фаъолони ноҳияи Бохтар сухан ронда, ба масоили беҳтар намудани сифати таълиму тадрис, тарбияи наслҳои имрӯза дар рӯҳияи илмомӯзиву ватандӯстӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дигар масъалаҳои дархӯри рӯз таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои коллеҷ
Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳа  14 миллион сомониро ташкил дода, барои 600 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, маҷлисгоҳ, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамзамон, дар шафати бинои коллеҷ барои 400 нафар хобгоҳ сохта мешавад, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино 3 ҳазору 494 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони дахлдор барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шудааст.
Бо мақсади фароҳам сохтани шароити арзандаи таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёд карда мешаванд.
Баъди бунёди коллеҷи аграрии вилояти Хатлон имкон фароҳам мегардад, ки барои ин минтақаи аграрии кишвар мутахассисони варзидаи соҳа омода карда шаванд.

Оғози фаъолияти марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва савдо
Имрӯз дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.

 Маркази таълимӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳир Давлатов дар зарфи як соли охир бунёд ёфта, дорои шароити арзанда барои ҳунаромӯзиву истеҳсоли атласу адрас аст. Феълан 25 нафар занону духтарон дар ин коргоҳ соҳиби ҷои кор гардида, ҳамзамон гурӯҳи дигари ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, дар баробари истеҳсолот, ҳамчунин, ҳар се моҳ гурӯҳи хоҳишмандон аз ҳисоби занону духтарони бекор дар ин марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ошёнаи дуюми коргоҳ фурӯши маҳсулоти ин марказ ва қолинҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст,  ки бо истифода аз ин имконот шаҳрвандони ноҳия метавонанд маҳсулоти хушсифати истеҳсолгарони ватаниро харид намоянд. 
Ба ҷиҳати сохтмон ва муҷаҳҳазсозии маркази таълимӣ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, он бо шароити муосири  кориву касбомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори мазкур дар шафати маркази таълимӣ - истеҳсолӣ бо харҷи 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ маркази савдо мавриди истифода қарор дода шуд. Ин марказ бо таҷҳизот ва рафҳои муосири савдо муҷаҳҳаз буда, анвои гуногуни маводи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба шаҳрвандону меҳмонони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат чунин иқдомҳои ободкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонданд. Ҳамзамон, ҳайати омӯзгорони марказро вазифадор карданд, ки тамоми маҳорати худро ба харҷ диҳанд, то занону духтарони бешуғли ноҳия тавонанд ба пуррагӣ аз нозукиҳои касби атласу адрасбофӣ бохабар гарданд.

Шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, шинос шуданд.

Барои пурра аз таъмир баровардани мактаб наздики 4 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст, ки он аз ҷониби як гурӯҳ шахсони саховатпешаи ноҳия, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат амалӣ карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар мактаб 1100 нафар хонанда дар ду баст таҳсил мекунад ва он аз 30 синфхона ва ҳуҷраҳои кории муаллимон иборат мебошад. Бино пурра ба талабот ҷавобгӯ набуд ва аксари синфхонаҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Бо назардошти ин соҳибкорони ноҳия иқдом пеш гирифтанд, ки онро аз таъмири асосӣ бароварда, барои фарзандони сокинони ноҳия як шароити созгори таълим фароҳам оранд.
 Баъди иҷрои корҳои таъмиру таҷдиди мактаб шароити таълиму ҳунаромӯзӣ дар синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, сехи ҳунаромӯзӣ, синфи технологияи компютерӣ, китобхона бо 4 ҳазор адад китобҳои фаннию бадеӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет, толори варзиш бо 100 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 120 ҷой ва ошхона ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардид.
Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳунаромӯзии духтарон 10 адад мошинаи дарздӯзӣ тақдим карда шуд.
Пас аз шиносоӣ бо корҳои таъмиру таҷдид дар мактаб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони хайрхоҳ, ки ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати башардӯстонаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ин амали некро анҷом додаанд, изҳори сипос карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 330 нафар кӯдакони маъюб ва ятими кулл аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ ёрии моддию молиявӣ, аз қабили аробачаҳо барои маъюбон, дучархаҳо, сарулибос, маводи ғизоӣ, шириниҳо тақдим карданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин кумакҳои моддию маънавӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманд аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша расонда мешаванд, ки дар беҳбудии сатҳи иҷтимоии ниёзмандон мусоидати амиқ менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2017    №: 172    Мутолиа карданд: 341

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед