logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш
16 август дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои барзгарони ноҳия шинос гардиданд.

Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш нахуст аз хоҷагии деҳқонии "Маҷид" боздид ба амал оварданд. Самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур ба токпарварӣ равона шудааст. Масоҳати умумии ангурбоғи хоҷагӣ 1,2 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни ангур, аз ҷумла ҳусайнӣ ва ҳафизӣ (ғалаба), парвариш карда мешаванд. Соли гузашта токпарварони хоҷагӣ аз ин боғ зиёда аз 17 тонна маҳсулоти хушсифат ба даст оварданд. Имсол  нашъунамои токзор хубтар буда, меҳнаткашони  хоҷагӣ ният доранд, ки то 25 тонна ҳосил гиранд.
Пешвои миллат зимни мулоқот бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки дар Тоҷикистон навъҳои зиёди ангур мерӯянд ва ҳар навъи он лаззати ба худ хос дорад. Иқлим ва обу ҳавои кишварамон барои парвариши навъҳои гуногуни ангур хеле мусоид аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Вахш, ки иқлимаш  барои токпарварӣ мусоиду мувофиқ аст, майдони токзорҳо бояд васеъ шуда, ҳаҷми содироти ин мева ба хориҷи кишвар зиёдтар гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон, инчунин, бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Шукрона-2013" шинос гардиданд. Ин хоҷагӣ 0,45 га замини обӣ дар ихтиёр дошта, ҳар қитъаи он оқилонаю самаранок истифода мегардад.  Аз ҷумла, дар мавсими имсола хоҷагидорон аз ин масоҳати замин тавонистанд ба миқдори 45 сентнер ҳосили гандум рӯёнанд. Дар кишти такрорӣ хоҷагидорон зироати дигар, ба монанди мош ва бедаву ҷуворимакка, барои хӯроки чорво коштаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил дар ноҳияи Вахш дар маҷмӯъ дар масоҳати 7667 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст.
Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагидорон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз намуданд, ки меҳнати зарбдор самараи нек хоҳад дод ва марди деҳқон ба воситаи меҳнату заҳмати софдилона на танҳо зиндагии худро беҳтар мекунад, балки дастархони ҳамаи сокинони ҷумҳуриро бо маводи ғизоӣ таъмин месозад.
Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ аз намоиши маҳсулоти хоҷагии халқ дидан намуданд. Дар ин намоиш тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш дастранҷи худро ба маъраз гузошта буданд. Бонувони чирадасти ноҳия намунаи маҳсули дасти худ, аз ҷумла намудҳои гуногуни нону кулча ва дигар таомҳои миллиро пешниҳод намуданд.
Кишоварзони ноҳия соли 2016 дар ҳамаи бахшҳо ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 193,6 миллион сомонӣ расонданд, ки ин нисбат ба соли 2015 - ум 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2017 хоҷагидорон дар майдони 15 ҳазору 485 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда, нақшаи дурнаморо 100 дарсад иҷро намуданд. Майдони кишти зироати асосӣ - пахта  9 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Дар доираи амалишавии барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии бахши хусусӣ, дар ноҳияи Вахш зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Кооперативи тиҷоратии "Нуфузи Вахш" ва ҶДММ "Насими кӯҳсор" аз он коргоҳҳое мебошанд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ин корхонаҳо айни ҳол ба миқдори зарурӣ аз шир ва меваю сабзавот маҳсулот истеҳсол мекунанд. Намунаҳо аз маҳсулоти корхонаҳои мазкур дар ин намоишгоҳ ҷойгоҳи махсуси худро доштанд. 
Дар шаш моҳи соли 2017 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла рустанипарварӣ,   сабзавоткорӣ,   полизӣ ва меваҷот мувофиқи нақшаи дурнамо иҷро гардидааст. Пешравиҳо дар самти чорводорӣ низ назаррас мебошанд. Ҳоло дар ноҳия саршумори чорвои калон 2800 сарро ташкил медиҳад. Шумораи моли майда ба 61 ҳазору 300 сар расидааст.
Сарвари давлат ба фаъолияти хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд дода, ба онҳо бобати боз ҳам самаранок истифода намудани ҳар қитъа замин, таъсиси боғҳои нав, васеъ намудани майдони кишти пахта ва дигар зироат, инчунин зиёд кардани ҳаҷми  маҳсулоти содиротӣ, дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Кишоварзони ноҳияи Вахш аз ташрифи Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд ҳам дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани қудрати содиротии он саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Оғози бунёди маркази табобатӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолон
16 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Маркази табобатӣ бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири солимии ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб” Қурбоналӣ Юсупов дар давоми 1 сол бунёд мегардад.
Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори ватандӯст иттилоъ дод, ба хотири дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар маркази табобатии нав хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.
Бинои маркази табобатӣ чорошёна хоҳад буд ва пас аз ба истифода додани он беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум беш аз 25 синфхонаи таълимӣ, 15 ҳуҷраи корӣ, наздики 70 кати хоб барои беморон, хобгоҳ ва толори маҷлис сохта мешаванд.
Қаблан ҳам роҳбарияти хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб” иқдомҳои шоиста намуда, дар ҳудуди деҳот якчанд иншооти муҳими таълимӣ, хизматрасонию маиширо ба истифода дода буданд. Президенти мамлакат ба ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи соҳибкорон изҳори сипос карда, ба онҳо дар ин кори пуршараф барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш мулоқот карда, фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ намуданд. Сарвари давлат бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия минбаъд низ аҳлона заҳмат кашида 26 - солагии Истиқлолияти давлати хешро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Зеристгоҳи нави 22011010 киловаттаи «Геран-2»
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои маҳбуби худ, роҳбарияти ноҳия, фаъолону собиқадорон, ҷавонони ватандӯст ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 22011010 киловаттаи «Геран-2» иштирок намуданд.
Зеристгоҳи мазкур дар доираи лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё ба имзо расидааст, бунёд гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бинои идоракунӣ ва назоратӣ бо пахши тугма ба фаъолияти ин иншооти азими энергетикии мамлакат оғози расмӣ бахшиданд.
Дар зеристгоҳи нави «Геран-2» бинои идоракунии назоратӣ бунёд гардидааст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, ҳамаи дастгоҳҳои он тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд. Зикр гардид, ки мақсади асосии сохтмони зеристгоҳи «Геран-2», ин, пеш аз ҳама, васеъ ва таҷдид намудани системаи интиқоли барқи қисмати ҷануби Тоҷикистон мебошад, ки барои савдои минтақавии неруи барқ мусоидат менамояд. Аз тарафи дигар, ин иншооти муосир дар паст кардани талафоти қувваи барқ ва беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини ин зеристгоҳ, ки бо технологияи пешрафтаи ширкатҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ба он баҳои баланд доданд.
Зеристгоҳи «Геран-2» дар майдони 7 гектар доман густурда, барои бунёди он беш аз 21 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА сарф шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқӣ дар зеристгоҳ аз ҷониби Консорсиуми «Алстом-Генсер» ва зерпудратчиёни лоиҳа-ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Интеграл», «Тоҷиккурортстрой» ва «Барқсоз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бо сифати баланд амалӣ гардид.
Тибқи шартнома таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Франсия, Италия, Туркия, Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, дар корхонаҳои истеҳсолкунанда пурра аз санҷиши техникӣ бо муваффақият гузаронда шудаанд.
Ду хати интиқоли барқӣ 220 (кВ) киловолтаи зеристгоҳи «Геран-2» бо Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» ва як хати интиқоли барқӣ 220 (кВ) киловолта бо зеристгоҳи «Колхозобод» пайваст мебошанд. Хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ ва як хати интиқоли барқи 110 кВ неруи барқ аз зеристгоҳи «Геран-2» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон неруи барқи истеҳсоли ҷониби Тоҷикистонро содирот мекунанд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур эътимоднокии таъминоти барқ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ бештар хоҳад гардид.
Баъди дидани имконияти зеристгоҳи замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони собиқадору ҷавони шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон суҳбати озоду созанда доир намуда, кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаю содиқона ва истифодаи дурусти технологияи муосир ҳидоят карданд.

Дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон» дар ноҳияи Ҷайҳун
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.

Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар ин ҷо барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити муосири хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва рӯҳану ҷисман омода намудани онҳо, ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон», ҳамчунин, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо, пеш аз ҳама, барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.
Ҳамчунин, дар ин дидбонгоҳ ошхонаи кушоду барҳаво, майдони сафороӣ, ду майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, ҷойи покиза кардани либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ, сарулибос, мошинсарой, ҷойи нигоҳдории сагҳои хизматӣ, аспхона, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта шудаанд.
Дар ҳудуди дидбонгоҳи мазкур, инчунин, як бинои истиқоматии дорои хонаҳои як ва дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ истиқомат менамоянд. Дар ҳавлии бинои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи бозии кӯдакона низ бунёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки масъулияти ҳифзи марзи кишвар дар минтақаи Панҷ аз соли 2005-ум пурра ба уҳдаи сарҳадбонони отряди сарҳадии «Панҷ» вогузор гардида, он то ба имрӯз чун сипари боэътимод ва пуриқтидори давлату миллат фаъолият дорад.

Рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар мавзеи Сари Пули ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2008 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд»» ба муҳлати 25 сол ташкил шудааст. Шакли фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ ва тиҷоратӣ буда, масоҳати он 401,6 гектарро дар бар мегирад. То ин вақт аз масоҳати умумии заминҳои минтақа 18,7 гектар аз худ карда шудааст.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» барои бунёди боз се корхона, аз ҷумла ҶСШП «Бурок», ҶДММ «Танус» ва ҶДММ «Глобал» санги асос гузошта шуд.
Дар оянда ҶСШП «Бурок» дар масоҳати 0,5 гектар бунёд шуда, самти фаъолияти он тиҷорат ва истеҳсоли равғани рустанӣ мебошад. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар ин корхона 2 миллион долларро дар бар мегирад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 2 ҳазор литр равғани офтобпараст буда, маҳсулоти тайёр асосан содирот мегардад ва, инчунин, дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Дар асоси нақша равғани истеҳсолшуда ба Афғонистон ва Покистон интиқол мегардад. Ашёи хом ба ин корхона асосан аз хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат ва, инчунин, аз хориҷи кишвар дастрас мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи истеҳсолӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки қитъаи ҷудогардида барои ҶДММ «Танус» 1 гектарро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти ин корхона бошад, ба истеҳсоли пойафзол нигаронда шудааст. Ҳаҷми сармояе, ки барои бунёди корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Танус» равона гардидааст, 700 ҳазор доллар мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол ба 500 ҳазор ҷуфт пойафзол баробар аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» боз 50 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Дар корхона пойафзоли гуногуни мардона ва занона истеҳсол карда мешавад. Тибқи нақша пойафзоли дар ин корхона истеҳсолшуда ба ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Шри - Ланка, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот шуда, дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба фурӯш гузошта мешавад.
Корхонаи дигаре, ки барои бунёди он аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд, ҶДММ «Глобал» мебошад. Дар ин корхона чӯткаи дандон истеҳсол карда мешавад ва масъулон нақша доранд дар оянда истеҳсоли хамираи дандоншӯиро низ ба роҳ монанд.
Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Глобал» дар масоҳати 1 гектар сохта мешавад ва ҳаҷми сармояи нигарондашуда барои бунёди он 500 ҳазор доллар мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 1 миллион дона чӯткаи дандон баробар аст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона низ ба Афғонистону Покистон, Федератсияи Русия ва Қазоқистону Ӯзбекистон содирот карда шуда, ҳамчунин, дар бозори дохилӣ пешниҳоди сокинон мегардад.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти корхонаҳои мазкур қисман дастрас гардидаанд ва муҳлати бунёди ҳар се корхона як сол муайян шудааст.
Дар баробари гузоштани санги асос барои бунёди се корхонаи азими саноатӣ, Пешвои миллат дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, об ба ин минтақа аз дарёи Панҷ ба масофаи 4700 метр бо лӯлаи қутраш 315 оварда шудааст. Об аз дарё ба воситаи се пойгоҳи обкашӣ гирифта шуда, дар се обанбори ғунҷоишашон 1000 метри мукааб захира карда мешавад. Ҳамчунин, дар назди обанборҳо дастгоҳҳои муосири обсофкунӣ насб карда шудаанд. Барои обтаъминкунии субъектҳо дар ҳудуди минтақа 4 нуқтаи обтақсимкунӣ бунёд гардидааст. Имрӯз дар баробари корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», инчунин, аҳолии гирду атроф, ки 100 хоҷагиро ташкил медиҳад, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд. Маблағи барои бунёди хати оби нӯшокӣ масрафшуда 2 миллиону 256 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли ғӯлачаҳои ҷуворимаккаро ба истифода супурданд. Ба Пешвои миллат хабар доданд, ки корхона дар масоҳати 0,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба коркарди 100 тонна ҷуворимакка баробар аст. Дар ин ҷо 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст. Барои бунёди корхонаи мазкур аз тарафи ҶСП «Ансор групп» 100 ҳазор доллар равона гардидааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона баробари ба фурӯш гузоштан дар ҳудуди вилояти Хатлон, инчунин, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир мегардад.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори кормандон шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати сифатнок истеҳсол кардани маҳсулот дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин минтақа 14 субъект ба қайд гирифта шудааст ва имрӯз ду корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва як корхонаи хизматрасонии логистикӣ фаъолият доранд. Дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар як сол имкон аст ба миқдори 180 ҳазор сомонӣ истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба маблағи 82,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ҳаҷми ҷалби сармоя дар ин давра ба 1,7 миллион сомонӣ баробар мебошад. Аз аввали фаъолият бошад, дар ин минтақа ба миқдори 501,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, бештар аз 6 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. Имрӯз дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 300 ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шудааст.
Аз аввали таъсисёбӣ барои нигоҳдорӣ ва бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 5 миллиону 800 ҳазор ва аз ҳисоби даромади минтақа 870 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, то имрӯз сохтмони деворбандии ҳудуди минтақа, бинои назорати гумрукӣ, роҳи дохилӣ ва пайвастшавии он ба шоҳроҳи Душанбе - Панҷи Поён ба анҷом расонда шудааст. Имрӯз ин минтақа бо барқ ба пуррагӣ таъмин мебошад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ҶДММ «Фон-Дарё» фаъолият дошта, дар рӯзҳои наздик корхонаи он ба кор андохта мешавад. Самти фаъолияти ҶДММ «Фон-Дарё» коркарди нафт, маҳсулоти нафтӣ ва биоэтанол мебошад. Корхона бо харҷи 600 ҳазор доллар бунёд карда шуда, қитъаи замини ҷудогардида 0,7 гектарро дар бар мегирад. Ҳаҷми солонаи истеҳсолот дар корхонаи мазкур ба коркарди 20 ҳазор тонна нафт баробар аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи саноатӣ 28 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Шоҳназар Абдуллоев бунёд карда шудааст.
Дар масоҳати 0,20 гектар сохтмони сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Сардхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми сармояи муайянгардида 50 ҳазор доллар мебошад. Сардхона низ дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаҳо ва рафти сохтмонҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба масъулон ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдгарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Дар Иттиҳодияи “Водии заррин”
Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” шинос шуда, бо коргарону мутахассисони он суҳбати самимӣ доир карданд.

Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев таъсис ёфта, баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин истифодаи самараноки замин ба хотири беҳбудии зиндагии аҳолӣ, равона гардидааст.
Иттиҳодияи “Водии заррин” моҳи ноябри соли 2016 таъсис ёфта, ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ ва гандум, дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият дорад. Дар заминҳои Иттиҳодияи “Водии заррин” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парвариши шолӣ ва пахта шинос шуда, ба фаъолияти самараноки меҳнаткашони ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд доданд.
Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор то имрӯз 6 ҳазору 700 гектари он ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар заминҳои азхудкардашуда аз ҳисоби кишти ғалладонагиҳо ва пахта ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Дар Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” беш аз 2 ҳазор нафар бо кор таъмин мебошад.
Соли 2015 Президенти мамлакат дар доираи амалӣ кардани “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин”  дастур доданд, ки майдони 8 ҳазору 874 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ дароранд. Дар натиҷаи истифодабарии техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ давоми солҳои 2015-2016 марҳила ба марҳила майдони зиёда аз 6 ҳазору 700 гектар заминҳои бекорхобида барқарор гардид.
Баҳри амалӣ гардидани маҷмӯи корҳои барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида аз тарафи ҷамъият 220 адад техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ, сохтмонию гидромелиоративӣ ва ғайра ворид карда шуд. Дар «Водии заррин» се намуди маҳсулот: ғалла, шолӣ ва пахта бо усули муосир кишт ва обмонӣ мешавад.
Президенти мамлакат истифодаи усули нави обмонӣ ва ҷорӣ намудани онро дар дигар хоҷагиҳо манфиатовар арзёбӣ намуданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин усул об  дуруст  истифода гардида, шусташавии замин низ нигоҳ дошта мешавад.
Соли ҷорӣ ҷамъияти мазкур дар майдони 2 ҳазору 21 гектар кишти гандум, 1 ҳазору ҳаштсаду се гектар пахта, дар майдони 2 ҳазору 870 гектар кишти шолӣ гузаронда, беш аз 2 ҳазор нафар сокинони маҳаллиро бо кор таъмин кард.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти пурсамару ибратбахши ҷамъият дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии коргоҳҳои пахтатозакунӣ, коркарди шолӣ ва истеҳсоли биринҷ, намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатиро тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби хоҷагидорону деҳқонон ҳама намуди маҳсулот ба маъраз гузошта шуд. Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷумҳурӣ аз ноҳияҳои калони аграрӣ буда, шуғли сокинонаш зироаткорӣ аст ва фаъолияти кишоварзонаш дар самти парвариши сабзавоту полизӣ, шолӣ ва лимӯ миёни деҳқонони дигар ноҳияҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад. Соли равон аз ҳисоби ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ноҳия дар майдони зиёда аз 15 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногун, аз қабили ғалладонагӣ, полизӣ, сабзавот ва пахта кишт карда, деҳқонон бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар ҳамин ҷо баробари маҳсулоти кишоварзӣ ҳамзамон чорво ва техникаҳои гуногуни соҳавӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ, намоиш дода шуданд.
Дастовардҳои меҳнатии коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” ва нақшаҳои дурнамои корхона дар намоишгоҳ ҷойи махсусро гирифта буданд, ки аз тарафи роҳбарияти хоҷагӣ муаррифӣ гардиданд.
Фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияи Ҷайҳун давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳия ва коргарони корхона натиҷагирӣ карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2017    №: 173    Мутолиа карданд: 287

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед