logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

САБАҚИ ЗИНДАГӢ
Мард хушҳол ба хона даромаду ба занаш паём расонд:
- Пагоҳ шом падару модарам меоянд, омодагӣ бин. Хӯроки хушхӯру болаззате таҳия намо.
Зан бо хунсардӣ ҷавоб дод:
- Ку, пагоҳ шаваду шом биёяд, мебинем…
Фардо қарибиҳои шом мард аз кор хаста, вале бо рӯҳи болида баргашт. Ҳамсараш ҳеҷ омодагие надидааст: хона норӯфта, таом ҳам нест. Сабаби ин ҳолро аз зан пурсид.
- Падару модарат одамони бофаросатанд. Аз мо намеранҷанд, ҳар чизе таҳия кардем, хӯрда шукрона мекунанд, - посух дод зан.
Мард аз хона бадар шуд. Баъди рафтани ӯ падару модари зан аз дар даромада пурсиданд: «Домод куҷо шуд? Моро хушхабаре ҳаст гуфта, ба хонааш даъват карду худаш нест?!»
Занро забонаш гирифт. Онҳоро саросема ба хона дароварда, берун омад ва ба шавҳараш занг зад:
- Куҷо рафтед, охир. Зуд омада, баъзе чизҳои лозимиро аз бозор харида биёред. Бояд таоми болаззате омода кунам. Падару модарам ҳар рӯз меҳмони мо нестанд - ку! Баъдан он хушхабар чӣ будааст, ки ман ҳанӯз огоҳ нестам?
Мард гуфт:
- Падару модарам одамони бофаросатанд. Аз мо намеранҷанд, ҳар чизе таҳия кардем, хӯрда шукрона мекунанд. Хушхабар ин буд, ки дар корхона маро ба вазифаи баландтар таъйин карданд. Чун роҳи падару модарам дур буд, волидони туро даъват карда, хостам дуояшонро бигирам.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


АЗ РОҲ БИЗАНУ ХАЙР КУН!
Ин ҳамчун мақол асрҳо боз маълуму маъмул аст. Бархе аммо асли мақсадро дарнаёфта, ба маънии зоҳирии он пойбанд шуданд. Мепиндоштанд, ки хайр кардан ё худ саховат намуданро бо ҳар роҳу василае, ки бошад, бояд роиҷ гардонд. Андаке биандешем: наход адабиёте, ки саропо ҳама панд аст, иҷозат бидиҳад, то ба хотири хайр кардан роҳзанӣ бинамоем? Ва ҳам амали мазкур ба табиати миллати қадиму мутамаддини мо бегона асту онро ҳеҷ намепазирад. Пас, мақсуд чист?
Оре, хато нест, бояд, воқеан, аз роҳ бизанему хайр бикунем. Барои дарёфти мақсуд бояд роҳро бишиносем. Он кадом роҳ аст? Албатта, роҳи нафс мебошад. Яъне аз роҳи нафси худ бизанему хайр бинамоем. Шайх Фаридуддини Аттор ин ҳақиқатро бо як матлаи зебои ғазалаш ошкор сохтааст:
Ишқро бехештан бояд шудан,
Нафси худро роҳзан бояд шудан.
Абдулқодири РАҲИМ


Оё медонед?
ТОҶИКИСТОНИ ДИГАРЕ ҲАМ ҲАСТ!
Тоҷикистон сайёраи хурди Системаи офтобӣ буда, 1 сентябри соли 2015 аз ҷониби  Иттиҳоди  байналмилалии  астрофизикон ба хотири  саҳми намоёни  олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ номгузорӣ шудааст.
Мадори ин сайёра дар миёни сайёраҳои  Миррих ва Муштарӣ чарх мезанад.  Ба гуфтаи олимони соҳа он аз Замин дар масофаи 250 ва аз  Офтоб 463 миллион километр дур ҷойгир мебошад. Астрономҳо  муайян намудаанд, ки Тоҷикистон  дар панҷ сол як маротиба дар атрофи Офтоб давр мезанад.
Ҳоло он дар масофаи наздиктар ба Замин  ҷойгир аст ва олимони тоҷик талош доранд, ки  хосиятҳои физикиву кимиёвӣ ва ҷараёнҳои дар он баамаломадаро омӯзанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


26 СОЛ БО ИНТЕРНЕТ
Интернет имсол 26 – солагии худро таҷлил менамояд. 23 августи соли 1991 Тимоти Бернерс - Ли ба ҷаҳониён тори ҷаҳонӣ - World Wide Web - ро пешниҳод дошт, ки ба он тамоми хоҳишмандон дастрасӣ пайдо карданд.
Корҳои бунёдии тор давоми ду сол сурат гирифт. Интернет зодрӯзи дуюм ҳам дорад, он 6 август ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1991 аввалин сомона таъсис дода шуд. Вале ба ин портал танҳо кормандони Созмони аврупоӣ оид ба тадқиқотҳои ҳастаӣ дастрасӣ доштанд. 
Аҷиб аст, ки прототипи Интернет соли 1969 пайдо шуд. Сухан дар бораи лоиҳаи Агентӣ оид ба лоиҳаҳои мудофиавии илмӣ - тадқиқотии ИМА меравад. Дар он вақт торро чор компютери дорои имконияти мубодилаи маълумот ташкил медод.
Соли 1989 Бернерс - Ли ба корҳои таъсиси тори ҷаҳонӣ оғоз кард. Дар аввал Интернет барои мутолиаи ҳуҷҷатҳо бо гиперпайнавиштҳо пешбинӣ шуда буд.
Имрӯз беш аз миллиард сомона дастрас аст, вале танҳо 25 дарсади онҳо фаъоланд. Феълан ҳудуди 3,4 миллиард одамон аз Интернет истифода мебаранд, ки 46 дарсади аҳолии Заминро ташкил медиҳанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ЧАРОҒАКҲОИ ДОНО
Ширкати «AT&T»  шаҳрҳои  Амрикоро бо чароғакҳое таҷҳизониданӣ  аст, ки ҳолати экологии шаҳрро назорат  мекунанд.  Лоиҳа дар доираи барномаи «Шаҳри доно» дар амал тадбиқ карда мешавад. Чароғакҳои мазкур ҳарорати ҳаво ва таркиби кимиёвии онро ба қайд мегиранд. Инчунин,  тавассути ин дастгоҳ дар бораи танбаю  зичии автомобилҳо дар роҳ, теъдоди ҷойҳои автомобилгузорӣ ва дигар маълумотҳоро гирифтан мумкин аст. Минбаъд  донистани ин маълумот  на танҳо барои экологҳо, балки барои одамони одӣ низ қулай ва дастрас мегардад. Барои насби чароғакҳои доно аллакай 30 миллион доллар маблағ  сарф шудааст. Барои насби  нахустин чароғакҳо  шаҳри Сан-Диего интихоб шуд.
Таҳияи Нигинаи РАҲМОН


ИН АҶИБ АСТ
Хонаи намакин
Дар Плав ном шаҳраки Сербия хонаи қадимае ҳаст, ки манораи на он қадар баланде онро зебу зинат медиҳад. Бошандагони шаҳр сайёҳонро даъват менамоянд, ки мазаи деворҳои ин манораро чашида бинанд. Зеро манора аз сангҳои бо намак омехта сохта шудааст. Тавре ривоят мекунанд, соҳиби аввали ин хона, ки онро қариб 500 сол пеш сохта буд, ба сифати масолеҳи бинокорӣ беш аз сад кило намакро истифода бурдааст. Ӯ бовар дошт, ки ин тадбир хонаро мустаҳкам нигоҳ медорад.

Дом
Табиат барои зиндагӣ ба ҳар ҷонвар қобилияти хосеро раво дидааст. Наҳанги дар обҳои назди Гренландия шиномекарда биноии махсус дорад. Дар торикии зери об чашмони наҳанг чун чароғакҳо медурахшанд. Моҳиҳо чашмони наҳангро манбаи рӯшноӣ пиндошта, ба сӯи он мешитобанд ва худро ба доми марг меандозанд.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ


8 МИЛЛИАРД ТОННА ПЛАСТИК ДАР НИМ АСР
Олимон муайян карданд, ки аз солҳои 50-уми асри гузашта инсоният беш аз ҳашт миллиард тонна пластик истеҳсол кардааст. Қисмати бештари он дар ҳоли ҳозир ба партов рост меояд.
Муаллифони тадқиқот омори истеҳсоли қатрон, нах ва омехтаҳоро дар соҳаҳои гуногуни саноат таҳлил карданд. Маълум гашт, ки аз соли 1950 то соли 2015 – ум 8,3 миллиард тонна пластик истеҳсол шудааст. Аз он 6,3 миллиардаш партов мебошад. Соли 1950 ҳудуди ду миллион тонна пластик истеҳсол мешуд, дар соли 2015 бошад, 400 миллион тонна.
Танҳо нуҳ дарсади партови пластикӣ коркард ва дувоздаҳ дарсадаш нобуд карда мешавад. Пластики боқимонда дар партовгоҳҳо ва муҳити атроф ҷамъ мешавад.
Олимон таъкид медоранд, ки агар вазъият тағйир наёбад, то байни асри XXI дар Замин 12 миллиард тонна партовҳои пластикӣ ҷамъ мешаванд. Онҳо даъват доранд, ки истифодаи пластик дар саноат ва ҳаёти рӯзмарра аз нав дида баромада шавад. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


25 ҲАЗОР ДОЛЛАР НАРХИ 1 ЯХМОС
Ин намуди яхмос нодиртарин  ва гаронбаҳотарин ширинии олам этироф шуда, шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид. Яхмоси мазкурро бо арзиши 25 ҳазор доллар танҳо дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Ню – Йорк омода намуда, пешкаши  хоҳишмандон мегардонанд. Барои тайёр кардани як дона яхмос 28 намуди хокаи махсуси  какао истифода мешавад, ки  аз гӯшаву канори мухталифи олам ҷамъ меоранд.
Қисми болоии яхмос бо саршир ва пораҳои шоколади  ширкати бонуфузи «Нипшилдт Шоколате» оро ёфтааст. Ғайр аз ин, барои зинат бахшидани ин муъҷизаи қаннодӣ 5 грамм тиллои 23 карата истифода мешавад. Зарфе, ки дар он яхмос пешниҳод мегардад, хеле диққатҷалбкунанда  аст. Ҷом, табақча ва қошуқчае, ки барои хӯрдани он истифода мешавад, тиллоӣ буда, бо пораҳои алмос зеб дода шудаанд. Аз рӯйи таомул тарабхона зарфҳоро ба мизоҷонаш ҳадя мекунад.
Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО


АЛЛАИ 90-СОЛА ВА 10 000 ҶАРРОҲИИ Ӯ
Агар фикр мекунед, ки афзоиши умр садди роҳи фаъолияти шумо мегардад, пас мушаххас аст, ки дар бораи Алла Илинична Лёвушкина ном ҷарроҳи рус чизе намедонед. Бо вуҷуди он ки Алла 90 сол умр дорад, то ҳол аз касби дӯстдоштаи хеш даст намекашад ва рӯзе чор амали ҷарроҳӣ анҷом медиҳад. 67 сол аст, ки ҳамчун ҷарроҳ фаъолият дорад. Ӯ то кунун беш аз 10000 амали ҷарроҳӣ анҷом додааст. Дар посух доир ба ин суол, ки оё қасди бознишастан аз фаъолиятро надорад, чунин мегӯяд: «Пизишк будан барои ман танҳо касб нест, балки тамоми зиндагии ман аст. Агар ман кор карданро дар ҳоле, ки қуввату тавоноӣ дорам, мутаваққиф созам, ҳеҷ гоҳ худамро намебахшам. То саломат ҳастам, фаъолият хоҳам кард». Сабаби дароз будани умрашро худи ӯ чунин гуфтааст: «Ман ҳеҷ рози ниҳоне надорам, мисли ҳама мехӯрам, механдам ва мегирям».
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


Аз суҳбати ду профессор:
- Ба ҳар ҳол одам ҷонзоди аҷибест.
- Барои чӣ, якбора ба ин хулоса омадед?
- Тасаввур кун, агар ба онҳо гӯем, ки дар осмон 9567432876932176978  ситора аст, бовар мекунанд. Вале раваду бо таъкид навишта монем, ки «Эҳтиёт, харак ранг карда шудааст», ҳатман даст расонда месанҷанд!
Таҳияи Л. РИЗОЕВА


Галаи мушон назди олим арз омаданд:
- Ба мо кумак  кунед, моро ҳама озор медиҳад.
Профессор:
- Медонед чӣ, рафта худро ба хорпуштак табдил диҳед. Он вақт шумо сихҳои дароз хоҳед дошт ва аз озор халос хоҳед ёфт.
Ҳама шодон сӯи хонаҳои худ мешитобанд. Дар роҳ ногоҳ яке аз мушон мепурсад:
- Истед, ки мо чӣ  гуна ба хорпушт табдил меёбем?!
Баъди сукут, ҳама гашта назди профессор меоянд.
- Мебахшед, мо чӣ хел ба хорпушт табдил ёбем?!
- Маро дигар бо ин масъала гаранг накунед, ман ба теория машғулам.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
4. Димоғаи Дежнёв
Онро соли 1648 экспедитсияи сайёҳони рус таҳти сарварии дарёнавард ва муҳаққиқи Сибири шимолӣ ва шарқӣ Семён Дежнёв кашф кард. Аммо дар он давру замон дар Аврупо ба ин маълумот дастрасӣ надоштанд, аз ин рӯ, аврупоиҳо гумон мекарданд, ки димоғаро Витус Беринг кашф кардааст. Вале соли 1879 олими швед Нилс Эрик Норденшёлд ин ақидаро рад намуда, бо далелҳои илмӣ исбот кард, ки кашшофи он Семён Дежнёв мебошад. Ба ҳамин хотир, соли 1898 ба муносибати 250-солагии кашфи  димоға бо пешниҳоди Ҷамъияти географии Русия он ба худ номи муҳаққиқи бузурги русро гирифт.
Боиси зикр аст, ки кашфи димоға собит сохт, ки Амрико қитъаи алоҳида буда, аз Аврупо ба Хитой метавон тавассути баҳрҳои шимолӣ низ рафт.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


ҚАБРИСТОН ДАР КАЙҲОН
Илон Макс, ихтироъкор ва миллиардер, сарвари ширкати машҳури «SpaceX» охири соли ҷорӣ ба аҳолии сайёра намуди нави хизматрасонӣ – дафн дар кайҳонро пешниҳод карданист. Бо ин мақсад тибқи лоиҳаи «Elysium Star 11» киштии кайҳонӣ бо хокистари ашхоси фавтида ба мадор бароварда мешавад.
Киштии «Elysium Star 11» дар таърихи инсоният нахустин сафинаи кайҳонӣ хоҳад буд, ки таъйиноташ дафни инсон дар фазои кушоди мадори Замин мебошад. Хоҳишмандон аз ҳоло метавонанд хизматрасонии мазкурро барои ақрабои худ фармоиш диҳанд. Нархи хизмати нав на кам аз 2490 доллар хоҳад буд.
Бино ба тавзеҳи ширкат, хокистари майит дар ғилофаки махсус  ҷойгир карда мешавад ва дар рӯи он метавон навиштаҷоти дарозияш то 80 аломат фармуд. Ҳамчунин, мавқеи ҷойгиршавии киштии тобутбарро тавассути замимаи вижа мушоҳида кардан мумкин аст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, киштӣ дар кайҳон ду сол меистад, сипас ба мадори Замин фуруд омада, дар қабати зичи атмосфера месӯзад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
СИРРУШ БУД Ё НАБУД?
Ин таърихи ҳайратангезу шигифтоварро мумкин буд аз воқеаҳои солҳои наздик оғоз намоем, вале мо ба 100 сол қафо рафта, аз замоне, ки 3 июни соли 1887 профессори олмонӣ Роберт Колдевей дар мавзеи ҳафриётгузаронии Вавилони Қадим як пора хишти куҳнаро аз замин бардошт, ҳарф хоҳем зад. Як тарафи порахишт бо ранги осмонии баланд сир давонда шуда буд ва тасвири нопурра ҳам дошт, ки ин ҳисси кунҷковии олимро бедор кард. Шояд аз дил гузаронд, ки дар остонаи кашфиёте истода бошад, аммо ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонист, ки ӯ барои ояндагон муаммоеро ба мерос мегузорад, ки то имрӯз ҳам ҳаллаш дандоншикан аст.
Чи хеле ки набошад ҳам, профессор баъди 10 сол ба ҷои ҳафриёт баргашт ва бо супориши роҳбарони осорхонаи Берлин ва Ҷамъияти шарқшиносии Олмон корҳои ҷустуҷӯиро идома бахшид. Вай дар сафарномааш навистааст: «Ҳафриёт 26 марти соли 1899 дар қисми шарқии Касра, ба тарафи шимол аз дарвозаи Иштар, сар шуд. Дарвозаи маликаи Иштар асрҳои зиёд зери қабатҳои замин мехобид. Аз боду борон, сӯхтор, ғоратгариҳо, ҷангу ҷидол хеле хароб гашта бошад ҳам, бошукӯҳ менамуд. Дарвозаи Иштар  - тоқи нимдоираи муҳташами аз ду тараф бо деворҳои бузург мазбутгашта, ба саҳни васеъ, ба он ҷое, ки маросимҳои муҳташам сурат мегирифтанд, кушода мешуд. Хиштҳои деворҳои қаср ҳама сирдор, бо рангҳои кабуди баланд, зард ва сиёҳ мунаққашанд. Қатори ҳайкалчаҳои шерони бовиқор роҳравҳоро зеб медиҳанд. Дар деворҳо суратҳои ҳайвонот, парандаҳо, долу дарахтон, рӯду дарёҳо дар ҳолатҳои мухталиф нақш ёфтаанд. Дар деворҳои дарвоза аз боло то поён тасвири ду ҳайвон ҷой дорад: яке рими, яъне тур - наргови бузургҷуссаи неруманд, дуюмӣ… ана аз ҳамин ҷо муаммои саргарангкунанда ибтидо мегирад».    
Одатан ҳайвони дуюмро аждаҳои паррони вавилонӣ меноманд ва бо ҳамин ном дар китоби динии насрониҳо низ сабт ёфтааст. Дар китобчаҳои гилин бо унвони сирруш ёдрас гаштааст. Профессор ҳаҷми дарвозаи Иштарро чунин шарҳ додааст:
 «Қатори хиштҳо яке аз болои дигар чида шудагӣ. Аждаҳоён ва нарговҳо дар як қатори амудӣ боре ҳам во намехӯранд, вале қатори нарговҳо баъди қатори сиррушҳо меояд ва ҳамчунин, баръакс. Баландии ҳар як сурати алоҳида 13 хишт, масофаи байнашон 11 хишт аст. Ба ҳамин минвол, фосилаи байни нуқтаи поёнии як тасвир аз нуқтаи поёнии тасвири дигар баробар ба 24 хишт мебошад, ки ин 2 метр меояд. Ҳамагӣ дар дарвозаҳо 575 дарранда тасвир ёфтааст».
Нақши барҷастаи аждаҳо, ки баъдтар онро сирруш номиданд, ангораи бисёр ҳам аниқ дорад – тани борики пулакчапӯш, думи дарози борики пулакчадор ва ҳамин гуна гардани дарози нозук, худаш морсар аст. Даҳони аждаҳо маҳкам, вале аз он забони дарози душоха баромадааст. Дар паси сар гӯшҳои ғафспӯсти бо шохҳои рост зебёфта намоёнанд, ки онҳо шояд ҳамчун шамшер хизмат мекарданд. Эҳтимол аст, ки он ҷо ду шох бошад, зеро дар тасвири наргови ваҳшии чанбаршох низ танҳо як шох ба назар мерасад. Аҷоибаш дар он ки бо вуҷуди пулакчапӯш будан, пӯсти бадани сирруш пурпашм аст. Се даста мӯйи сар гарданашро зеб мебахшад. Ҳамчунин, аз пушти гардан то думғозааш ёлҳои мавҷзананда хамидаанд. Аммо аз ҳама ҳайратангез пойҳои сиррушанд: пеш палангина, қафо ба мисли паранда. Онҳо бисёр калонанд, чорангуштаанду бо пулакчаҳо пӯшида ва чунон тасвир шудаанд, ки гӯё зиндаанд.  «Динозаври парандапо» номид ин ҷонварро профессор Колдевей.
 Билохир муқаррар карданд, ки рими ин тур - наргови чанбаршох аст, сирруш чӣ? Шояд ин ҳайвон маҳсули тахайюлоти ҳайкалтарош бошад? Вале профессор Колдевей, зоологи донишгоҳи Флорида Уолтер Ауффенберг ва чанде дигар бар он ақидаанд, ки шояд ҳазорсолаҳо пеш чунин ҳайвон дар рӯи замин будааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ.


КОРТИ ЗАРД ВА СУРХ. АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ОН ДАР ФУТБОЛ
Футболи муосирро умуман бидуни мафҳумҳои чун корти зард ва сурх тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аввалин маротиба чунин кортҳо ҷиҳати назорати интизоми бозигарон аз тарафи доварон дар майдон соли 1970 дар Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Мексика истифода гардид. Худи идеяи ҷорӣ намудани ҷазо барои вайрон кардани қоидаи бозӣ соли 1966 ҳангоми дидори чорякниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Аргентина дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба вуҷуд омад.
Дар яке аз лаҳзаҳои бозӣ капитани мунтахаби Аргентина Антонио Раттин қоидаи бозиро дағалона вайрон карда, футболбози англисро аз по зада афтонд. Аммо сардовари ин дидор Рудолф Крайтляни олмонӣ, ки танҳо забони модарии худро медонист, натавонист ба бозигари аргентинӣ бифаҳмонад, то ӯ аз майдон берун биравад. Антонио Раттин гӯё чизе рӯй надода бошад, бозиро идома медод, то он замоне ки довари англис Кен Астон аз берун ба бозӣ мудохила кард. Довари англис каме забони испаниро медонист ва вориди  майдон шуда ба Антонио фаҳмонд, ки ӯ аз бозӣ хориҷ шавад.
Пас аз ин ҳолат функсионерҳои ФИФА барои бартараф кардани нофаҳмӣ байни бозигарону доварон ҷорӣ кардани ин гуна кортҳоро раво донистанд. Аҷибаш ин аст, ки одами кортҳои зард ва сурхро фикр карда, ҳамон довари англис Кен Астон буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 451

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед