logo

сиёсат

АХЛОҚ ҒАНОВАТИ МАЪНАВИСТ

Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Илм ва амният», «Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017
Вазъи феълии ҷаҳони муосир аз ҳар нафари худогоҳу хештаншинос тақозо менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ беш аз ҳар вақти дигар камари ҳиммат бандад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро ба сифати ғояи миллӣ муайян карданд.
Ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ҳимояи асолат, забон, расму ойин, фарҳанг ва адабу ахлоқи миллӣ низ марбут аст. Ин ҷо сухан, пеш аз ҳама, атрофи истифодаи афкори ҷомеа меравад. Заифии ақлу идрок, ки ба дониш, таълиму тарбия вобастагӣ дорад, метавонад барои пиёдасозии ҳадафҳои тахрибкоронаю ғаразноки гурӯҳҳои алоҳида истифода шавад. Ба муқобили ин падидаи номатлуб, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонад, чиро метавон садд гузошт? Дар ин маврид профессор С. Ятимов дар мақолааш хеле ҳадафманд ва боварибахш андешаи худро баён кардааст: «Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавонад».
Дар ин ҷо муаллиф унсур ё воситаҳоеро нишон додааст, ки онҳо омили муҳиме дар мубориза алайҳи терроризм, дигар намуди тахрибкорӣ шуда метавонад. Аз ин миён метавон ахлоқро муҳим арзёбӣ кард. Пайдост, ки ахлоқ ва анвои он (тарбияи ақлонӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи равонӣ, фарҳангӣ ва ғайра) дар заминаи холӣ ташаккул намеёбанд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбия, муҳити ҷомеа вобастагӣ доранд. Яъне, таълиму тарбия заминаи устувор дар тарбияи ахлоқианд ва онҳо дар ташаккули насли наврас ҳамчун шахсияти комил ба воя расидан нақши муҳим доранд. Ғановати маънавӣ дар ташаккули шахсият бештар аз сарватҳои моддӣ арзиш дорад. Ин ғановати маънавӣ  ахлоқ аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши таълиму тарбияро омили асосии таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат меҳисобанд. Зеро танҳо инсонҳои соҳибмаърифату худшинос, дорои ахлоқи неку фарҳанги воло метавонанд ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дигар барномаҳои давлатӣ маҳз ба ин мақсади наҷиб равона шудаанд. Сарвари давлат тарбияи ахлоқиро бахши муҳими низоми омӯзиши кишвар меҳисобанд. Зеро худи ахлоқ мактаби асолати арзишҳои миллист. Ин неруи қавист, ки метавонад ба ангеза, таъсири харобиовари ҷаҳонишавӣ дар муқовимат бошад.
Тӯли асрҳо ҳифз намудани асолати миллӣ, забону фарҳанг аз дош-тани ахлоқу иродаи қавии халқамон гувоҳӣ медиҳад. Он имрӯз ҳам идома дошта, қавию устувор гардидааст, ки ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар меҳвари он қарор дорад. Дар ин маврид профессор С. Ятимов намунаи ибратомӯзу ҷолибе овардааст: «Агар ба хотири барпо кардани давлат чи қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад». 
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 362

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед