logo

номаҳо

ШУКРОНА АЗ РОҲҲОИ ОБОД ВА ДАВРОНИ ОЗОД

Ҳангоми сафар аз деҳа ҳамин, ки ба роҳ баромаданӣ мешудам, маро аз каҷукилебии роҳу ноҳамвории он тарс фаро мегирифт. Ҳатто боре як хешованди дурдастам иброз дошт, ки хонаи шумо омадан хуб аст, аммо ҳамин, ки аз деҳаи Зарнисор гузаштӣ, бардорузани мошин одамро хастаю лакот намуда, ин ҳол то Калининобод давом мекунад. Аммо ҳафтаи охир аз роҳ гузаштаму хеле хурсанд шудам. Орзуи дерини мо ҷомаи амал мепӯшад. Аллакай аз он роҳҳои ноҳамвор қариб, ки асаре нест.  Бино ба шунидам, имрӯз наздик ба 5 километр аз деҳаи Зарнисор то деҳаи Муҷун роҳ мумфарш гардида ва дар нақша аст, ки 8,5 километр пурра мумфарш  ва 16 километр аз таъмир бароварда мешавад. Роҳ ин муҳимтарин омили пешрафт аст. Роҳ моро ба тараққиёт, ба марказ, ба мулкҳои дур мепайвандад. Маҳз роҳ вақти моро сарфа, мушкиламонро осон мегардонад. Аз ин рӯ, ободшавии роҳро дида, бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат шукргузорӣ намудам. Дар ноҳияи мо роҳҳои хушсифату аз ин ҳам дарозтару фарохтар бошанду моро ба тамаддунҳо бипайванданд. Шукронаи роҳҳои обод, шукронаи даврони  озод, шукронаи чунин давлате, ки мақсадаш бунёду ободиву сарсабзист.
Ҳошим АЗИМОВ,
собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 1559

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед