logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА. ДАР ШАШ МОҲ ШАШ ГУРӮҲ ОШКОР ВА МАҲВ КАРДА ШУД

Солҳои охир як қатор зуҳуроти номатлуб, назири терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккилона ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардаанд. Мусаллам аст, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии чунин хатарҳо тадбирҳои муассир андешида, гурӯҳҳои зиёди муташаккили ҷиноятиро ошкор ва маҳв сохта, аъзои онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Аз ҷумла, бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби кормандони ин ниҳод шаш гурӯҳ дар ҳайати 21 нафар дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар соли гузашта бошад, 34 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 167 нафар ошкор ва боздошт гардид. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ин гурӯҳҳои тахрибкор дар қаламрави мамлакат 146 ҷиноят содир гардид. Аз гурӯҳҳои муташаккили дастгиршуда 27 гурӯҳаш, ки 130 нафар аъзо дошт, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, мақомоти корҳои дохилӣ дар соли сипаришуда ва шаш моҳи соли ҷорӣ ҳафт гурӯҳро дар ҳайати 27 нафар барои содир намудани ҷинояти мансуб ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир ва безарар гардондааст. Ҳамзамон, чор гурӯҳ дар ҳайати 22 нафар барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ, як гурӯҳ дар ҳайати 4 нафар барои ҷиноятҳои дуздӣ, як гурӯҳ дар ҳайати 5 нафар барои содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ боздошт ва муҷозот гардидаанд.
Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  ва  сохторҳои низомии  кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа таҳким бахшидаанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 381

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед