logo

фарҳанг

АЙНӢ ВА ДУРДОНАҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  борҳо таъкид доштаанд, ки барои таҳкиму эҳёи фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама,  пояҳои забони  тоҷикиро мустаҳкам намудан зарур аст ва барҳақ  мефармоянд: “Ба шарофати истиқлолият мо ғояи худшиносии миллӣ, андешаи миллиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ баровардем, забони миллӣ забони давлатӣ эълон шуд, аммо пояи ин ҳамаро дар осори безаволи худ устод Айнӣ гузошта буданд”.

Бешубҳа, дар даврони истиқлолият андешаву афкори забоншиносӣ  ва осори публитсистии устод Айнӣ  рӯҳияи тозае пайдо кард. Зеро маҳз   Сарвари давлат ба хидматҳои арзишманди  ӯ   дар роҳи эҳёи  фарҳангу адабиёт ва хоса забони тоҷикӣ баҳои сазовор доданд ва ба унвони олии  Қаҳрамони Тоҷикистон қадршиносӣ карданд. Барҳақ дар ибтидои асри 20, вақте ки марҳалаи сарнавиштсози миллати тоҷик буду  бадхоҳони миллат  бо ҳар баҳона  ҳастии  миллатеро бо номи тоҷик инкор кардан мехостанд, устод Айнӣ ба мубориза ва ҳимояи он баромаданд.
Адабиётшиноси маъруф Раҳим Ҳошим  он рӯзҳои сиёҳро ба хотир оварда, дар китоби худ ”Сухан аз устодон ва дӯстон” чунин навиштаанд: "Як дақиқа тасаввур кунед, агар дар чунин вазъияте мисли Айнӣ як донишманди забон, як дӯстдори забони тоҷик, як марди дилсӯзу ғамхор дар сари гаҳвораи забони адабии навзоди мо, бале, хато намекунам, забони адабии навзоди мо намебуд, барои барҳам додани он дӯлобӣ, он дарҳаму барҳамӣ чӣ қадар вақт, чӣ қадар қувват ва чӣ қадар маблағҳо сарф кардан лозим меомад ва он ҳам оё натиҷаи мусбате медод ё не. Ман тараққиёти забони адабии имрӯзаи тоҷикро бе фаъолияти Айнӣ, бе меҳнати шабонарӯзии вай дар он рӯзҳо тасаввур карда, ба фикрам ғунҷонда наметавонам”.
Бо таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи забон  якбора ба таври ҷиддӣ ба майдон омад. Зеро дар он давра  нафароне буданд, ки як забон мустақил будани забони тоҷикиро тамоман инкор мекарданд ва ё онро чун  яке аз шеваҳои забони форсӣ  ба қалам медоданд.
Устод  Садриддин Айнӣ ҳуҷумҳои шадиди пантуркистонро ба ҷасорати том ва далелҳои қотеу муътамад посух мегуфтанд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос мақолаҳои  арзишманди публитсистии  устод Айнӣ “Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ”, ”Забони тоҷикӣ”, ”Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, ”Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон”,  “Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии тоҷикон”  таълиф гардиданд ва  пеши роҳи ин бадгӯиҳоро бастанд.
Устод бо дилу ҷон, ҳастӣ ва қуввату ғайрати худро сарфи  наҷоти забон  мекарданд. Он замон ҳар як мақолаву нигоштаи вай  чун сипари боэътимоде забонро ҳифз дошт ва нагузошт, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ афтад. Соли 1925 “Намунаи адабиёти тоҷик-”ро таълиф намуда, исбот кард, ки  халқи тоҷик дорои адабиёти ҳазорсола ва забони ширину гуворову  қадимаи  худ мебошад. Он солҳо  барои ҳимояи забони тоҷикӣ пайваста дар конфронсу  ҷамъомадҳои калони илмӣ  фаъолона ширкат мекарданд  ва ба тамоми ҷараёни табъу нашри аввалин китобҳои тоҷикӣ,  тарҷума, сарфу навҳи забон, мактабу маорифи миллӣ диққати ҷиддӣ медоданд.
Соли 1928 дар мақолаашон  “Забони тоҷикӣ”,  ки дар шумораҳои 11 - 12 маҷаллаи “Раҳбари дониш” ба табъ  расидааст,  перомуни “Нашриёти тоҷик аз ҷиҳати забон вазифаи худро адо кард ё не?”  ҳарф зада, чунин  таъкид менамоянд: “Ман бо ин ҷавоби худ айбдор кардани коркунони нашриётро намехоҳам, балки мақсади ман он аст, ки ба нашриёти тоҷик дар адо кардани вазифааш шароит ёрӣ ва ғунҷоиш надод”.  Устод Айнӣ пас аз ин камбудиҳои баъзе аз китобҳои тарҷумашудаи онрӯзаро зикр намуда, ба ҷои ҷумлаҳои ғайритоҷикӣ вариантҳои сода, фаҳмо ва дурусти  онҳоро нишон дода, ба баъзе калима ва луғатҳои нодуруст корфармудашуда эрод гирифта мегӯяд, ки “Ин чизҳо чизҳои бисёр хурд ва назарногир аст, бо вуҷуди ин ба сабаби бепарвоӣ кардан дар монанди ин чизҳо хусусияти забони тоҷик барбод меравад”.
Устод  Садриддин  Айнӣ  дар тамоми давраи  фаъолияти  илмӣ - эҷодии худ ба ҳунари нависандагӣ ва адабӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва аз адиб, рӯзноманигор  риояи тозагии забонро тақозо мекарданд. Ва дар як силсила нигоштаҳояшон ба истифодаи  бамавриди лаҳҷа низ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар ин маврид ҳамеша забонро воситаи муҳими пешрафту рушди адиб ва адабиёт донистаанд.
Номаи Айнӣ ба адиби зиндаёд Пӯлод Толис чӣ қадар дилсӯзу дилбастаи забони шевои тоҷикӣ будани устодро ошкор месозад. Он ҳамзамон як дарси омӯзиши забон ва истифодаи дурусти калима, ибора  мебошад, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардааст. Дар ҳақиқат, ин нома  бештар ба  нигоштаи илмӣ – адабӣ наздикӣ дорад . Худи устод Айни дар як номааш ба адиб Ҷалол Икромӣ  чунин изҳори ақида кардаанд: “Ман мактуби дарозеро ҳамроҳи руқъа фиристодам, ки ба тарзи хусусӣ ба номи рафиқ Толис навишта будам. Баъд аз навишта шудан дидам, ки он мақола шудааст. Акнун фикри ман он аст, ки агар доираи журнали “Садои Шарқ” муносиб бинад, ин мактубро дар мошинка чоп карда, ба журнал фиристонед ва дастнависи  маро ба Толис диҳед, ки дар вай ёдгорӣ монад ва агар Толис дар Сталинобод  набошад, мактубро конверт карда, ба адреси  ӯ фиристонед”.
Устод Айнӣ дар ин нома – мақолааш бо дилсӯзӣ  атрофи тозагии забон, муносибати адиб ба забон ва қоидаҳои  иншои ҳикоя сухан ронда, маслиҳатҳои  судманд додаанд. Бахусус перомуни  забони зиндаи халқ, гӯйишҳои мардумӣ ва дурдонаҳои забони халқ  навиштаанд : “Дар забони зиндаи халқи тоҷик  чунон хазинаҳо ҳастанд, ки пур аз дурдонаҳои  пурқимат мебошанд. Вазифаи мо -  нависандагон  ана ҳамон дурдонаҳоро ёфта, ба омма туҳфа кардан аст”.  Номаи устод Айниро метавон як мақолаи хеле ҷолиби омӯзишӣ  барои адибони ҷавон ва умуман қаламкашони имрӯз ва оянда донист. Устод калиди ҳамаи ин муваффақиятҳоро дар дуруст кор фармудани забон дидаанд.  Дар ин нома  боз навиштаанд:
 “Рафиқ Толис! Ман аз ин пеш ҳам дар забони адабии  баъзе ҳаваскорони нависандагӣ ин гуна ҳолатҳоро дидаам. Аммо азбаски муаллифони он гуна порчаҳо кирои гап задан намекарданд, ман дар бораи онҳо чизе нагуфта будам. Аммо Шумо, Фарҳат ва Шукӯҳӣ чизи дигаред. Забони адабии  тоҷик аз шумо - ҷавонон сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор аст”. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ  маҳз бо  кӯшишу талошҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои забони тоҷикӣ баланд ва ҳама имконот барои пешрафту рушди он ва фарҳангу  адабиёти асил таъмин гардид.
Бо иқдомоти  Пешвои миллат забони тоҷикӣ на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар низ  густариш ёфта, овозадор гардид. Сарвари давлат акнун аз минбарҳои ҷаҳонӣ бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ мекунанд, ки боиси ифтихори ҳар яки мост. Худи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо ифтихори бузург таъкид намудаанд, ки “Забон як ҷузъи муҳим ва ҷуднопазири  фарҳанги миллист. Он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад”.
Маҷид САЛИМ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 688

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед