logo

иқтисод

ВАҲДАТ. ДАР БОРАИ ОМОДАГИҲОИ ШАҲР БА ЗИМИСТОН

Ҷиҳати   амалисозии  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018»  (№ 177,  аз 4 апрели соли 2017) дар шаҳри Ваҳдат то имрӯз як қатор тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд. 

Маҳмадбек  Зарабеков, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои  шаҳр, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ  дод,  ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии  шаҳр бобати таъмин намудани сӯзишворӣ  барои печҳои аловӣ  ва дегхонаҳои муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соҳаҳои маориф  зиёда аз 327 ҳазор,   тандурустӣ  - 53 ҳазор  ва  фарҳанг - 3500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то имрӯз 303 ҳазору 850 сомонӣ пардохт  шудааст.
Бо мақсади таъмини  аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ, керосин ва ҳезум  42 нуқтаи фурӯши сӯзишвории дизелӣ  ва гази моеъ фаъолият дорад. То охири мавсим боз 5 нуқтаи фурӯши ангишт ва ҳезум таъсис дода мешавад. Тибқи нақшаи пешниҳодшуда,  то охири соли ҷорӣ дар ҶДММ «Сайёд» нисбат ба соли  гузашта  истихроҷи  ангишт  4  ҳазор тонна афзоиш хоҳад ёфт. 
Ҷамъияти «Матлубот» - и шаҳр барои харид, захира ва нигоҳдории 70 тонна картошкаю бехпиёз бо корхонаҳои кишоварзӣ шартнома бастааст. Ҳамзамон, анбори захираи маҳсулоти кишоварзии ҷамъият барои нигоҳдории маҳсулот  омода карда шудааст.
Шабакаи барқи  шаҳр трансформаторҳои корношоямро  аз таъмири асосӣ  бароварда, зиёда аз 3000 метр  ноқилҳои пӯлодӣ, 104 дона  ҷудокунак (рубилник) ва 61 симчӯби фарсудаю   корношоямро  иваз намуд.  
Бо вуҷуди ин, камбудиҳои ҳалталаб ҳанӯз кам нестанд. Аз ҷумла Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр   то 1 августи соли  равон   150 метри мукааб  маводи зидди лағжиш захира намудааст, ки назар ба имкониятҳо хеле кам мебошад. 
Ҳамчунин, роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон» ва  Абдувосиев  таъмир нашудаанд. Роҳҳои  пайвасткунандаи шаҳри Ваҳдат бо ноҳияи Рӯдакӣ  ба талаботи меъёрҳо  ҷавобгӯй  нестанд, ки ин ҳол  таъмини бехавфи  ҳаракати  нақлиёту амнияти сокинонро   дар мавсими  зимистон  мушкил месозад. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 376

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед