logo

фарҳанг

НОМИ ЗЕБО - НИМИ ҲУСН. МУЛОҲИЗАҲО ДАР ҲОШИЯИ “ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ”

Ба шарофати истиқлолият, ба мақоми давлатӣ соҳиб шудани забони тоҷикӣ ва иқдомҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ низ ба як ҷузъи таркибии фарҳанги миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Аз ибтидои солҳои навадум ба тарзи миллӣ номгузорӣ кардани кӯдакони навзод ва табдили ному насабҳо ба шакли миллӣ оғоз гардид. Аммо густариши ин падида ҳамеша ҳамвору яксон набуда, гоҳе сабабгори пайдо шудани нофаҳмиҳо дар интихоби дурусти шаклҳои насабсозӣ ва пайвасти насабу номҳо мегардид.
Боиси хурсандист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба тасвиб расид. Нашр ва дастраси омма гардидани феҳрист, бешубҳа, амри савоб буда, он дар баланд бардоштани фарҳанги миллии номгузорӣ ва  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” саҳми назаррас хоҳад дошт. Ҳамон тавре ки дар “Муқаррароти умумӣ” зикр гардидааст, ин феҳрист на танҳо ба эҳёи ҳақиқии арзишҳои миллии номгузорӣ мусоидат мекунад, балки барои раҳо ёфтан аз каҷравию ғалатҳое, ки ба мушоҳида мерасид, кумаки амалӣ мерасонад. Бори дигар таъкид кардан мехоҳем, ки мураттибони феҳрист кори арзишмандеро ба ҷо овардаанд. Дар баробари дастгирии комил аз ин иқдоми нек мехостем чанде аз мулоҳизаҳои худро дар мавриди баъзе ҷиҳатҳои нозуки ному номгузорӣ баён намоем.

Пешниҳоди шакли дурусти
навишти номҳо
Дар банди дуюми қисми 4 муқаррарот қайд шудааст, ки “номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта мешаванд”. Ҳамчун намуна нишон дода шудааст, ки шаклҳои ихтисорию ғалати “мат”, “мад”, “мамад”, “маҳмад” ба шакли пурраи “Муҳаммад” навишта мешаванд (Муҳаммадкарим, Нормуҳаммад ва ғ.).
Ин нукта комилан қобили дастгирист. Вале зикр кардан бамаврид аст, ки он дар ҳолатҳои дигар низ бояд риоя шавад. Масалан, ҳамагон медонанд, ки “Абдулло” шакли гуфтории “Абдуллоҳ” ва “Аҳмадшо” шакли гуфтории “Аҳмадшоҳ” аст. Аз ин рӯ, новобаста ба тарзи талаффуз, ин номҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ беҳтар аст дар шакли пурра навишта шаванд ва пешниҳод намудани ҳар ду шакли навишт ҳамчун шаклҳои дуруст хуб нест (Амруллоҳ/Амрулло, Аминуллоҳ/Аминулло (с. 58-59 ва ғ.); Диноршоҳ/Диноршо, Додалишоҳ/Додалишо (с. 70 ва ғ.). Зимнан, бояд қайд кард, ки бо ҷузъи “моҳ” низ ҳодисаи ихтисоршавӣ (афтиш)-и овози “ҳ” дар забони гуфтугӯйӣ ба мушоҳида мерасад (Садафмоҳ/Садафмо). Дар феҳрист ҷузъи “моҳ” ҳамеша дар шакли пурра дода шудааст, ки комилан дуруст аст. Ҳамчунин, ба эҳтимоли зиёд ҷузъи “бӣ” дар номҳои аз қабили Ашӯрбӣ (10), Гулсумбӣ (15), Сайрамбӣ (37) ва ғайра шакли ихтисории “бибӣ” аст (Ашӯрбибӣ, Гулсумбибӣ, Сайрамбибӣ), бинобар ин танҳо шакли пурраи онро пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Ба ин гурӯҳ номҳои Муҳаммадаюб ва “Муҳаммадрафиро низ дохил кардан мумкин аст, ки шакли дурусташон Муҳаммадайюб ва  Муҳаммадрафеъ аст. 
Аз тарафи дигар, бо вуҷуди он ки баъзан шаклҳои гуногуни ҳамон як ном дар байни мардум ба мушоҳида мерасанд, танҳо шакли дурусти китобии онро барои ояндагон пешниҳод кардан лозим аст. Масалан, дар  феҳрист номҳои Ёсуман ва Ёсамин ҳар ду пешниҳод шудаанд, ҳол он ки шакли дурусташ Ёсуман аст.

Доир ба истифодаи ҷузъҳои номсози “моҳ”, “шоҳ”, “бибӣ”, “гул” “ҷон” ва ғайра
Дар феҳрист ба номҳои алоҳида илова кардани ҷузъҳои “моҳ”, “шоҳ”, “бибӣ”, “гул”, “ҷон” пурра равшан нест. Масалан, агар номҳои писаронаи бо ҳарфи “н” саршударо таҳлил кунем, мебинем, ки номҳои Наврӯзшоҳ, Назаршоҳ, Назришоҳ, Наимшоҳ, Наҷибшоҳ, Неъматшоҳ, Нодиршоҳ, Ноёбшоҳ дода шудаанд, аммо номҳои Насимшоҳ, Низомшоҳ, Ноилшоҳ, Ноибшоҳ, Нуралишоҳ ва амсоли онҳо нишон дода нашудаанд. Ё худ, номҳои Савригул, Сабзагул, Санамгул, Сифатгул, Сомонгул, Сосонгул ва ғайра пешниҳод шудаанд, аммо номҳои Савсангул, Хандонгул, Хуморгул ва ғайра дар феҳрист навишта нашудаанд. Ин ҳодисаро бо ҷузъҳои дигари номбаршуда низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, номҳои Алиҷон, Аминҷон, Акрамҷон, Азизҷон омадаанд, аммо номҳои Акбарҷон, Акмалҷон, Амонҷон, Асрорҷон ва ғайра пешниҳод нашудаанд.
Андешаи ғолиб он аст, ки дар шарҳу тавзеҳоти номгузорӣ ва номсозӣ оид ба истеъмоли ин ҷузъҳои номсозӣ маслиҳатҳои муфид дода, ба тарзи пурра овардани ин гуна номҳои мураккаб шарт нест, зеро шумораи ин қабил номҳо номаҳдуд буда метавонад.
Дар феҳрист бо истинод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” таъкид гардидааст, ки ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои “мулло”, “халифа”, “тӯра”, “хоҷа”, “амир” ва ғайра, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст. Мисол: Сайид Носири Хусрав, Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва ғ. (с. 6). Дар худи ҳамин ҷо илова шудааст: “Вале чун ном ва ҷузъи номсоз истифода шудани калимаҳои мазкур манъ нагардидааст. Мисол: Муллоаҳмад, Саидхоҷа, Амиршоҳ...”
Ғояи асосӣ – пешгирӣ кардан аз тафриқаандозӣ дар ҷомеа қобили дастгирист, аммо пешниҳоди роҳи пешгирӣ кардан, ба андешаи мо, на он қадар равшан аст.
Аввалан, ҳамчун намунаи ғайри қобили қабул будани чунин тарзҳои номгузорӣ овардани номҳои шахсиятҳои шинохта аз ҷониби мураттибон хуб нест. Беҳтар мебуд ба ҷойи он номҳои дигарро истифода мекарданд (бигзор сунъӣ сохта шуда бошанд).
Сониян, тафриқаандозӣ на танҳо ҳангоми ба тарзи алоҳида истеъмол шудани чунин номҳо (Мулло Ҳабибуллоҳ, Амир Абдуллоҳ ва ғ.), балки маҳз дар дохили номҳо оварда шудани ин гуна калимаҳо низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, то имрӯз хонаводаҳое вомехӯранд, ки дар номи ҳар аъзои онҳо ин қабил калимаҳо ҳастанд: Саидхоҷа, Амирхоҷа, Раҳимхоҷа, ё худ Сайидмуъмин, Сайидраҳим, Сайидраҳмон, Сайидакрам ва ғайра. Мардум ба ин гуна ашхос дар ғайбашон “аз авлоди хоҷаҳо/хӯҷаҳо”, ё “аз авлоди сайидон” гуфта муроҷиат ё ишора мекунанд. Бинобар ин, таъкид кардан бамаврид аст, ки дар истеъмоли ин гуна калимаҳо дар таркиби номҳои мураккаб ба ҳадди ифрот роҳ дода нашавад, яъне, ба ҳама номи аҷдоду авлод онҳоро илова накунанд.
Аз тарафи дигар, истеъмоли калимаи “амир” ҳамчун номи алоҳида рад шуда, “Амиршоҳ”  салоҳ дониста шудааст, аммо ин калима (Амир) дар қатори номҳо боз ҷой дода шудааст (с. 59).  
Мавқеи пасванди “а”  дар сохтани номҳои духтарона ва истеъмоли дурусти он
Аз номҳои ҳамсони писарона бо иловаи пасванди “а” сохта шудани номҳои духтарона имрӯз ба расмият даромадааст. Истеъмоли пасванди “а” на танҳо бо исмҳои арабиасл (Шариф – Шарифа, Ҳабиб – Ҳабиба, Азиз – Азиза ва ғ.), балки бо исмҳои хоси тоҷикӣ низ маъмул аст (Умед – Умеда, Хуршед – Хуршеда, Насим – Насима ва ғ.). Аммо ба назар чунин мерасад, ки дар баъзе мавридҳо мо ба ҳар номи духтарона, бе таваҷҷуҳ кардан ба решаи он, илова кардани пасванди “а”-ро “дӯст медорем”. Дар натиҷа, аз номҳои бисёр зебои духтаронаи “Нӯшин”, “Маҳин”, “Симин”, “Парвин” номҳои сохтаи “Нӯшина”, “Маҳина”, “Симина”, “Парвина” ба вуҷуд омадаанд ва истифода мешаванд. Ҳатто номи “Мижгон” дар феҳрист танҳо дар шакли “Мижгона” пешниҳод шудааст. Феҳристи номҳои миллӣ барои ояндагон пешниҳод шудааст, бинобар ин месазад, ки дар оянда аз ин гуна каҷравиҳо низ пешгирӣ шавад, яъне танҳо шаклҳои аслии ин номҳо (бе пасванди “а”) пешниҳод шаванд.
Номҳои муштарак
Мураттибони феҳрист комилан дуруст қайд кардаанд, ки баъзе номҳо барои писарону духтарон муштараканд. Ин гуна номҳоро дар феҳрист бо аломати ситорача ишора намуда, дар ин бора чунин тавзеҳот додаанд: “Ситорача аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ном дар дигар минтақаи Тоҷикистон ба ҷинси дигар хос аст: Муҳаббат*, Равшан*, Меҳрубон*” (с. 6). Дар ин маврид чанд нуктаро зикр кардан лозим аст:
Аввалан, баъзе номҳое ҳастанд, ки дар ҳамон як минтақа низ ба ҷинсҳои мухталиф тааллуқ дошта метавонанд: Равшан, Дилшод ва ғ. Сониян, ишораи “дар дигар минтақаи Тоҷикистон ба ҷинси дигар хос аст” хуб нест. Аз як тараф, маълум нест, ки кадом минтақа барои интихоби ном дар мадди аввал асту кадом минтақа “дигар” шумурда мешавад. Беҳтар аст ин тавзеҳот аз қисми “Муқаррароти умумӣ” бароварда шавад. Ниҳоят, вақте ки ин ё он ном муштарак аст, он бояд ҳам дар гурӯҳи номҳои духтарона зикр гардад, ҳам дар гурӯҳи номҳои писарона. Дар феҳрист баъзе аз ин гуна номҳо дар гурӯҳи номҳои писарона ворид шуда, дар гурӯҳи номҳои духтарона танҳо шакли ба истилоҳ занонаи онҳо бо иловаи пасванди “а” дода шудаанд: Дилшод*, Зариф* (ин ном дар ҳамин шакл писарона аст), Муаззам*, Мунаввар*, Муҳтарам* ва ғайра. Дар гурӯҳи номҳои духтарона фақат шаклҳои  Дилшода, Зарифа, Муаззама, Мунаввара, Муҳтарама оварда шудаанд. Ин масъала, ба андешаи мо, хеле муҳим аст. Масалан, агар номи духтаре Мунаввар бошад, ӯ номи худро фақат дар гурӯҳи номҳои писарона пайдо карда, метавонад дар байни дӯстонаш дар хиҷолат монад, зеро дар гурӯҳи номҳои духтарона фақат шакли Мунаввара дода шудааст. Ҳамчунин, баъзе аз номҳо бо аломати ситорача танҳо дар гурӯҳи номҳои духтарона оварда шудаанд: Навбаҳор*, Ниҳол*, Офарида*, Санавбар*, Саховат*, Фараҳ*, Шаҳризод* ва ғайра.      
Ба андешаи мо, баъзе номҳо иштибоҳан “ҷинс”-и худро дигар кардаанд, ё худ иштибоҳан бе ситорача оварда шудаанд. Масалан, номи “Матлаб” фақат дар гурӯҳи номҳои писарона ва бе аломати ситорача оварда шудааст, ҳол он ки метавонад духтарона низ бошад. Ё худ, “Меҳрнӯш”, ки он бе аломати ситорача дар ҳар ду гурӯҳ оварда шудааст. Ин ном, ба андешаи ғолиб, номи духтарона аст.         
Оё овардани номи падар ҳатмист?
Ба андешаи мо, ин масъала хеле муҳим аст. Дар қисмати охири феҳрист намунаи насабнависӣ дар асоси қисмҳои 4 ва 6-и моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” оварда шудааст. Дар ин намуна роҳҳои гуногуни сохта шудани насаб ва номи падар дода шудаанд. Ҳамаи намунаҳо аз насаб, ном ва номи падар, яъне се ҷузъ иборатанд. Ин тарзи пешниҳод дар зеҳни хонанда ва кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чунин андешаеро талқин мекунад, ки номи пурраи фарзандони мо бояд ҳатман аз се ҷузъ – насаб (номи хонаводагӣ), номи худи шахс ва номи падари ӯ иборат бошад.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин анъана (номҳои сеҷузъа) ба мо аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст, аниқтараш аз фарҳанги русӣ гузаштааст.  Дар он замон ҳатто ба номҳое, ки аз ду ҷузъ (насаб ва ном) иборат буданд, ба тарзи шартӣ ҳангоми муроҷиат номи падарро аз ҳамон насаб сохта илова мекарданд. Масалан, ба шахсе, ки ному насабаш дар шиноснома расман Каримов Салим бошад, ҳангоми муроҷиат Салим Каримович, ё Анварова Саодат  бошад, Саодат Анваровна мегуфтанд. Дар аксар фарҳангҳои номгузории халқҳои ҷаҳон танҳо насабу ном истифода мешавад (Пабло Неруда, Марк Твен, Маргарет Тетчер, Жорж Помпиду, Беназир Бҳутто, Азиз Несин). Дар ҳамон замони шӯравӣ низ мо номҳои анъанавие доштем, ки фақат аз насаб ва ном таркиб ёфта буданд: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ. Имрӯз низ чунин тарзи ному насабсозӣ (бе номи падар) маъмул аст.
Ҳамин тариқ, аз се ҷузъ иборат будани номро ба падару модарони кӯдакони навзод талқин кардан он қадар хуб нест.
Масъалаи дигаре, ки ба миён меояд, сохтани номи падар (агар зарур шуморем) аст. Дар намуна пешниҳод шудааст, ки дар сохтани номи падар низ аз пасвандҳои “зод”, ”зода”, “ёр”, “ниё” ва “фар” истифода кардан мумкин аст. Пасвандҳои “ӣ”, “он”, “ён”, “иён” танҳо дар насабсозӣ нишон дода шудаанд.
Аз ин ҷо чанд савол ба миён меояд:
1) Чаро бо пасвандҳои  “ӣ”, “он”, “ён”, “иён” номи падар сохтан мумкин нест?
2) Оё хуб аст, ки ҳам дар насаб ва ҳам дар номи падар аз шаклҳои гуногуни ҳамон як ҷузъи насабсоз истифода кунем (масалан, Фаррухзод Хуршед Ализода ё Ализода Лола Самадзод, с. 124)?
3) Чаро аз пасвандҳои номи падарсози “пур” (Синопур, Олимпур, Салимпур) ва “духт” (Шоҳиндухт, Парвиздухт) ва ғайра сарфи назар шудааст?
4) Умуман, дар байни пасвандҳои насабсоз ва номи падарсоз тафовуте бояд бошад ё не?
Ба ин саволҳо бадоҳатан ҷавоб додан хуб нест. Ин масъалаест, ки таҳлили ҳамаҷониба ва беғаразонаро тақозо мекунад. Бори дигар таъкид кардан мехоҳем, ки феҳрист барои ояндагон аст. Пас месазад, ки фақат “ба мавҷуд будани чунин тарзи насаб ё номи падарсозӣ дар ҳоли ҳозир” такя накарда, роҳҳои беҳтар ва асилтари ному насабсозиро барои ояндагон пешниҳод кунем.
Ниҳоят, азбаски аксари падару модарон ва ҳатто кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз нозукиҳои ному насабсозӣ огоҳии пурра надоранд, феҳрист бояд бо шарҳу тавзеҳоти бештар пешниҳод шавад. Муҳимтар аз ҳама, феҳрист бояд орӣ аз ҳар гуна ғалат ва пешниҳоди нопурра бошад. Вагарна, агар ман набераамро “Шарифабону” ном ниҳодан хоҳам, кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонанд бо такя ба феҳрист инро рад кунанду маро маҷбур кунанд, ки “Шарифбону”-ро интихоб кунам, зеро номи Шарифбону пешниҳод шудааст, аммо Шарифабону нест (с. 49).
Дар оянда таҳия ва чоп намудани тафсири муҳимтарин номҳои миллӣ низ ба фоидаи кор аст, зеро пеш аз номгузорӣ кардани кӯдак ба маънои он пай бурдан лозим аст.
Умедворем, ки ин нуктаҳо дар нашрҳои минбаъдаи феҳрист ба эътибор гирифта мешаванд.
Азим БАЙЗОЕВ,
 номзади илми филология,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 973

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед