logo

иқтисод

"ОЗОД ТРАНС". ТЕРМИНАЛИ НАВИ МУСОФИРБАРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

Терминали «Озод транс», ки барои хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирону ронандагон бунёд шудааст, дар назди дарвозаи шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар бино ва майдони назди терминал барои хизматрасонии баландсифат ба мусофирон ва ронандаҳо тамоми шароит фароҳам аст. Мусофирону гуселкунандагон метавонанд то лаҳзаи саворшавӣ ба автобус, микроавтобус ё мошинҳои сабукрав дар толори барҳавои интизорӣ фароғат намоянд, рӯзномаю маҷалла, китоб хонанд, телевизор тамошо кунанд, ба бозиҳои шавқовари зеҳнӣ машғул шаванд, хӯроки гарм хӯранд, чой, қаҳва ва нӯшокиҳои дигар нӯшанд. Ронандагон имкон доранд мошинҳои худро пеш аз сафар (ё баъд) аз муоинаи техникӣ гузаронанд, шустушӯ ва тоза намоянд.
Бинои марказии терминали «Озод транс» хуштарҳу зебо ва сеошёна буда, дар ошёнаи аввал бинои интизорӣ бо ғунҷоиши 90 кас дар як вақт, ошхона барои 60 кас, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ҷой гирифтаанд. Дар ошёнаҳои дуюму сеюми бино меҳмонхона барои мусофирону ронандагон ҷойгир аст. Майдони умумии терминал 1,48 гектарро ташкил дода, аз таваққуфгоҳ барои то 300 воситаи нақлиёти автомобилӣ, нуқтаҳои шустушӯй, таъмир ва хизматрасониҳои дигари техникӣ иборат мебошад. Дар як гӯшаи майдони терминал нуқтаи фурӯши сӯзишвории нақлиёт ба муштариён хизмат мерасонад.
Терминал дар давоми ду сол аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» бунёд гардид. Маблағи лоиҳавии сохтмон қариб 4 миллион сомониро ташкил дода, камтар аз нисфи ин маблағ барои харидан ва насби таҷҳизоту воситаҳои техникӣ масраф шудааст.
«Озод транс», тибқи нақша, барои мусофироне, ки аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Файзобод ва минтақаи Рашт сафар мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, ҳаракати автобусу микроавтобусҳои 7 хатсайри нақлиётӣ, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасонанд – автобусҳои № 2, 7, микроавтобусҳои № 2, 5, 5А, 18, 43 аз ҳамин макон оғоз меёбад.
Корҳои сохтмонии иншоотро беш аз 50 нафар мутахассисони бинокори тоҷик анҷом доданд. Айни ҳол дар терминали нав қариб 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст. Дар назар аст, ки бо васеъ гардидани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти дигари хизматрасон шумораи ҷойҳои нави кор зиёд карда шавад.
Роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ҷамъияти «Озод интернейшнл» бунёди ин иншооти замонавиро самараи неъмати ваҳдати миллӣ, оромию суботи кишвар ва фазои мусоиди соҳибкорию созандагӣ, ки дар натиҷаи фидокорию заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, арзёбӣ намуданд.
Терминал шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Он ба Душанбашаҳр ҳусни тоза зам намуда, ҳамчунин, иқдоми муҳимест дар самти боло бурдани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт, озодатар гардидани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳо, коҳиш ёфтани танбашавӣ ва туҳфаи арзандаест ба истиқболи солгарди Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 364

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед