logo

иқтисод

РОҲИ ОҲАН. РУШДИ СОҲА РУШДИ ИҚТИСОД АСТ

Нақлиёти роҳи оҳан яке аз самтҳои афзалиятноки коммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди миллист. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ наздики 200 километр роҳи оҳан сохтаю таҷдид карда шуд. Ҳамчунин, баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии соҳа КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қариб бо 1000 вагони нави мусофиру боркашонӣ ва 9 тепловоз таъмин гардид. Шароити мусоиди фароҳамомада ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ, гардиши бор ва мусофирбарӣ мусоидат намуд.
Тайи шаш моҳи аввали соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳан ҳаҷми боркашонӣ зиёда аз 2, 2 миллион тонна ва гардиши он 72,8 миллион тонна - километрро ташкил намуд. Бахши мусофирбарӣ беш аз 242 ҳазор мусофир ва гардиши он 12,7 миллион мусофир - километрро дар бар мегирад. Назар ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ зиёда аз 24 ва гардиши он 45,2 дарсад коҳиш ёфта, ҳаҷми мусофирбарӣ 15,5 ва гардиши он беш аз 56 дарсад афзудааст.
Содироти молҳои хоҷагии халқ 315 ҳазор тонна, воридот 1744 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар бахши содирот 3,3 дарсад зиёд буда, воридот 6,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра 57 вагони боркашию мусофирбарӣ аз таъмири асосӣ ва 620 вагон аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, ба маблағи 16 миллиону 597 ҳазор сомонӣ хати роҳ таъмир карда шуд.
Корхонаи фаръии “Қитъаоти қӯрғонтеппагии роҳи оҳан” барои таъмири қитъаҳои роҳи оҳан ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ 4800 дона шпалҳои оҳану бетонӣ истеҳсол намуд.
Баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рушди содирот “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сехҳои нави истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ташкил намуд. Бо ин восита барои вагонҳо, локомотивҳо ва таъмиру сохтмони хати роҳ беш аз 17800 дона пук, 37 ҳазор вошар ва 9 намуди дигар қисмҳои эҳтиётию аломати роҳи оҳан истеҳсол гардид. Баробари имтиёзҳои зиёди гумрукӣ дар хатсайрҳои роҳи оҳани кишвар бо  назардошти  тақвияти  иқтидори содиротии мамлакат барои интиқоли маҳсулот тахфифҳои зиёд муайян карда шуданд.
Роҳбарияти корхона ҷиҳати рушди соҳа ва рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста чораҳои нав меандешад. Аз  ҷумла, барои  навсозии  парки  локомотивҳою  вагонҳо, сохтмони фосилаи хатти  роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон бо азнавсозии қитъаи Ёвон – Вахш, соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Ишмасой, Ҳисор ва Қаратоғ кормандони  корхона имрӯзҳо меҳнати софдилона менамоянд. Кушодани  роҳ ба ҳамаи самтҳо аз ҳадафҳои асосии мо мебошад.
Мирзоалӣ КОМИЛ,
сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 481

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед