logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Деҳаи “Роҳи нав” соҳиби мактаби нав шуд
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва  ҷавонони ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Роҳи нав” ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст оғоз бахшиданд.
Сохтмони  муассисаи мазкур ҳанӯз  соли 2015 оғоз ёфта,  то ин муддат боргоҳи таълимӣ бо назардошти талаботи муосир сохта шуд. Фармоишгари иншооти мазкур Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" буда,  тибқи иттилои масъулин, сохтмони мактаб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Фонди саудии рушд маблағгузорӣ гардидааст.
Қобил ба тазаккур аст, ки санги асоси ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014  гузошта шуда буд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз 4 бино иборат буда, дар масоҳати умумии 2 гектар замин сохта шудааст. Тибқи нақшаи тарҳрезигардида, муассисаи таълимӣ аз 25 синфхона иборат буда, барои фанҳои физика, химия, биология ва таълими меҳнат синфхонаҳои фаннии муҷаҳҳаз бо тамоми аёниятҳои хониш бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, толибилмон тайёрии ҳарбӣ ва дарси компютериро низ дар синфхонаҳои барҳаво ва муҷаҳҳазонидашуда меомӯзанд. Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дорои ҳуҷраи инкишофи кӯдак, кабинетҳои директор ва муаллимон, муҳосибот, ҳамшираи шафқат, се адад кабинет барои муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузарондани дарсҳои иловагӣ буда, дар он шароити мусоид барои омӯзгорону толибилмон фароҳам оварда шудааст.  
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дорои толори барҳавои варзишӣ буда, имконияти ғунҷоиши 200 нафарро дорад. Маҷлисгоҳи муассиса низ бо назардошти талаботи замони муосир бунёд ёфта, дорои 220 ҷойи нишаст мебошад. Дар муассисаи тозабунёд барои хонандагон майдончаҳои варзишии бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва майдончаи сафороӣ сохта шудаанд.
Дар фасли зимистон муассисаи таълимӣ тавассути системаи буғӣ гарм карда мешавад. Буғхонаи мазкур тариқи ангишт фаъолият намуда, ба тамоми ҳуҷраву синфхонаҳо гармиро баробар интиқол медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни муассисаи таълимӣ бо сокинони ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти самимиву судманд анҷом доданд.
Сарвари давлат дар назди ҳозирин бо таҳлили дақиқу амиқ роҷеъ ба дирӯзу имрӯзи ноҳия баромад намуда, ҷиҳати рушду нумӯи бештари он дар солҳои минбаъда пешниҳодҳои асоснок ироа карданд.

Дар хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"
Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷиликӯл аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1" дидан намуданд.

Шуғли асосии хоҷагии мазкур боғдорӣ буда, саҳмдорони он бештар меваҳои ситрусиро парвариш мекунанд. Хоҷагии номбурда дар ихтиёри худ 2 гектар замин дошта, дар як гектари он боғ бунёд намудаанд, ки ниҳоли дарахтони анор, шафтолу, ангур ва дигар навъи меваҷот ҳосили фаровон доданд. Феълан дар ноҳияи Дӯстӣ беш аз 1000 гектар боғҳои ситрусӣ мавҷуданд, ки ҳамасола боғдорони ноҳия аз ин ҳисоб ҳосили баланд ба даст меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмат ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои куҳна, васеъ намудани майдони боғот ва гирифтани ҳосили баланду содироти он ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ доир карда шуд, ки аз фаровонии ҳосили сабзавоту меваҷот дарак медод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия дидан карда, ба кори ибратбахши аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони қариб 15 ҳазор гектар замин кишт гузаронда, ҳосили баланди сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, ғалладонагиҳо, полизӣ ва ғайра ба даст оварданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронда, 13 ҳазору 287 тонна ҳосил ба даст оварданд.
Ҳамчунин, занбӯриасалпарвариву моҳидорӣ низ дар ноҳия рушд карда, истеҳсоли асал ба 8,1 тонна, моҳӣ то 20 тоннаро ташкил медиҳад. Меҳнати шабонарӯзии аҳли заҳмат имкон фароҳам овард, ки фаровонии маҳсулот дар ноҳия таъмин гардида, барои зиндагии шоистаи мардум заминаи хуб фароҳам оварад.
Бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад, кишоварзони ноҳия кӯшиш бар он менамоянд, ки аз як қитъа замин ду - се ҳосил ба даст оранд. Айни замон дар ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз ду ҳазор хоҷагии деҳқонӣ амал менамояд, ки истеҳсоли меваҷот, полизӣ, сабзавот ва зироати ғалладонагӣ нисбат ба чанд соли қаблӣ ба маротиб афзудааст.

Бинои нави маркази ҷавонон дар ноҳияи Дӯстӣ қомат афрохт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар вазъи мутантан бинои нави маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлатро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии маркази ҷавонон насли  хуштолеи замони истиқлол, ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хосса истиқбол намуданд.
 Бинои нави маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ аз 2 ошёна иборат буда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Иншооти мазкур дар зарфи ду сол бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бино ҳуҷраҳои   таълимӣ, ки дар онҳо ба ҷавонон дарсҳои информатика, санъати мусиқӣ, рассомӣ ва дигар касбу ҳунарҳо  омӯзонда мешаванд, ҷойгиранд.
Дар маркази ҷавонон шароит барои машқи бадан, омӯхтани дигар намудҳои варзиш, аз қабили шашкаю шоҳмот фароҳам оварда шудааст. Дар маҷлисгоҳи бино, ки 200 ҷойи нишаст дорад, имконияти  гузарондани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ ва семинару курсҳои омӯзишӣ имконпазир аст.
Сарвари давлат бинои зеборо туҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ номида, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии насли ояндасози миллат корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии кишвар дастгириҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш назаррас буда, ҷиҳати таъмини некуаҳволии ояндасозони миллат пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Соли 2017 эълон гаштани Соли ҷавонон ва дар доираи он бунёд шудани марказҳо барои ҷавонон, сохтмони иншооти варзишӣ ва ба омӯзиши касбҳои муосир фаро гирифтани онҳо аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Айни ҳол дар маркази ноҳияи Дӯстӣ сохтмони варзишгоҳи замонавӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад, ки соли оянда он низ дар ихтиёри ҷавонони ноҳия қарор хоҳад гирифт.
Пешвои миллат ҷавононро ба касбомӯзӣ, аз худ намудани илмҳои муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ даъват намуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар бозори меҳнат талабот ба он мутахассисоне зиёд аст, ки дорои малакаи баланди касбӣ ва донишҳои муосир  мебошанд. Таъкид гардид, ки ба фаъолият шурӯъ кардани бинои нави маркази ҷавонон барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, забономӯзӣ ва воқиф будан аз технологияи муосир ба ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ хизмат хоҳад кард.

Пешвои миллат дар ноҳияи Панҷ
18 август дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.
Мардуми сарбаланд ва заҳматкаши ноҳияи Панҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд ва хушҳолии беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар ин ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддинов ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 санги асос гузоштанд.
Бинои мактаб дорои 26 синфхона буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва меъморону сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Мактаби мазкур бо дастгириҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар доираи лоиҳаи «Сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи маориф аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмонии мактабҳои миёна» сохта мешавад. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳудуди бинои муассиса 2 гектарро дар бар гирифта, майдони сохтмон 2 ҳазору 500 метри мураббаъ мебошад. Тибқи лоиҳа мактаб аз 4 ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир бунёд карда мешавад. Дар мактаби нав ошхона барои 140 ҷойи нишаст, толори маҷлис барои 250 ҷой, толори варзиш бо ғунҷоиши 250 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, лингафонӣ ва кабинетҳои фаннӣ бунёд гардида, корҳои сохтмон пас аз ба имзо расидани созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оғоз мешаванд.
Айни замон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал намуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ имконияту шароити донишандӯзии хонандагон бештару беҳтар мегардад.

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ иншооти муҳими соҳаи варзишро ифтитоҳ карда, онро ба ҷавонони ноҳия ва варзишгарон тақдим намуданд.
Корҳои азнавсозии варзишгоҳ соли 2015 оғоз гардида, бо сифати ба талаботи стандартҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр”- и шаҳри Душанбе мебошанд. Лоиҳаро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САНИОСП» таҳия кардааст.
Барои азнавсозӣ ва таҷҳизондани варзишгоҳ 15 миллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст. Он барои 6000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, макони хуби баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ мебошад. Дар варзишгоҳ чор нишастгоҳи росткунҷашакл ва бинои қабули меҳмонони олимақом бунёд шуда, масоҳати умумии иншоот аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 451 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сохтмончиён дар вақти бунёди варзишгоҳ ба масъалаи таъмини тамоми инфрасохтори он аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо 4 ҷойи либосивазкунӣ, дастурӯйшӯӣ, ҳуҷраи кории мураббиён, доварон ва толорҳои махсуси маҷлисгузаронӣ сохта шудаанд.
Баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия, ки ба пешвози роҳбари ояндасози худ омада буданд, мулоқот карданд.
Сарвари давлат нахуст ифтитоҳи иншооти калони варзиширо ба мардуми ноҳия муборакбод намуда, онҳоро бо фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини ноҳия барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, бо итминон иброз доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз тадбирҳои ояндадор баҳри рушду ободии бештари ҷумҳурӣ талош меварзанд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳияи Панҷ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия, ки дар деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддинов баргузор гардид, боздид ба амал оварда, бо намунаи дастранҷи меҳнаткашони ноҳия шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ якчанд намуд маҳсулоти нониву қаннодӣ, намунаи истеҳсоли анвои ғалладонагӣ, сабзавоту полизӣ ва анвои гуногуни мева, аз қабили ангуру олу, анор, нок, себ, шафтолу ва дигар меваҳои ширин ба маъраз гузошта шуда буданд. Гӯшае аз ин намоишгоҳро хушкмеваҳо зебу оро медоданд, ки аз пиставу бодом, себу зардолуи хушк, олучаву нок, гиёҳҳои кӯҳӣ, алафҳои доруворӣ ва асал иборат буд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ аз маҳсули дастони кишоварзон изҳори қаноатмандӣ карда, нақши онҳоро дар таъмини  амнияти озуқавории ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ  намуданд.
Намунаи маҳсулоти шириву гӯштӣ, тухми мурғ, шир, ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширдор низ дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд.
Саноати хӯрокворӣ дар чанд соли охир дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ тамоюли афзоиш дошта,  истеҳсоли консерв,  маҳсулоти консервӣ ва обҳои нӯшидании ташнашикан васеъ ба роҳ монда шудааст.
Аз маҳсулоти дар шакли  пирамида барчида шуда аён буд, ки имсол кишоварзон дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ  нишондодҳои назаррасро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, имсол дар ноҳияи Панҷ бештар аз 30 ҳазор тонна ғалла, 13 ҳазор тонна картошка, 13640 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокӣ  аз 41 то 231 - сентнериро ташкил медиҳад. Имсол дар ноҳия 11 ҳазор тонна полизӣ ва 657 тонна мева истеҳсол шудааст, ки мева 42 тонна ва полизиҳо қариб 2 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дидан намуда, дар ин ҷо ба маъракаи ҷамъоварии  ҳосили пахта оғоз бахшиданд. Хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дар Ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ бо тарзи дурусти корбарӣ, истифодаи мақсадноки замин ва  ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз дигар хоҷагиҳои ноҳия тафовут дорад. Тавре деҳқони ҷавон Абдулҳафиз Хоҷаев дар суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, имсол дар замини хоҷагии деҳқониаш пахта, полизӣ, картошка, сабзӣ, шалғам, мош, лӯбиё ва карамро парвариш намуда, дар баробари беҳтар кардани сатҳи зиндагии оила,  ҳамзамон, дар фаровониву арзонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузорад.

Боздид аз отряди сарҳадии «Панҷ»
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар вазъияти тантанавӣ иншооти навбунёди онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити муҳайёгашта дар биноҳои нави замонавии отряди сарҳадии “Панҷ”, ки мутобиқ ба меъёрҳои меъмории замони имрӯз бо сатҳу сифати баланд сохта шудаанд, шинос гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳоро дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои сарҳадбонон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.
Нахуст дар “Кохи ҷасорат” ба Сарвари давлат осорхонаи таърихӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, дар он аз рӯи марҳилаҳои ташаккул то ба мукаммалгардонӣ расидани ин сипари боэътимоди миллӣ, ки имрӯз номи Қӯшунҳои сарҳадиро соҳиб аст, нишон дода шуд.
Дар ин бино, ҳамчунин, китобхона бо теъдоди зиёди адабиёти соҳавию бадеии чопӣ ва электронӣ ҷойгир буда, сарбозону афсарони отряди мазкур метавонанд бо истифода аз чунин имконият ба мутолиаи асарҳои илмию адабӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ машғул шаванд.
Толори калону барҳавои ин кох, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун басо мувофиқ мебошад, дорои 350 ҷойи нишаст буда, аз лиҳози тарҳи меъморӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Зимни ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо мақсади таъмини сарбозону афсарони отряди сарҳадии “Панҷ” бо  либоси низомӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 30 нафар занон аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар ин коргоҳ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ дар як моҳ ҳазор ҷуфт либоси ҳарбӣ ва наздики 10 ҳазор болопӯши рахти хоб ва дигар намуди либос омода карда мешаванд. Дар асоси дастуру супориши бевоситаи Сарвари давлат дар оянда дар ин коргоҳ дӯхти либосҳои мактабӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ин рӯз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди отряди сарҳадии “Панҷ” як боғчаи бачагона, ки дар он барои кӯдакони хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии атрофи он беҳтарин шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боғчаи бачагона барои таълиму тарбияи 150 кӯдак пешбинӣ гардида, омӯзгорон ва мураббияҳо асосан аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёни ҳарбии отряди мазкур интихоб шудаанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, аз ҷумла фароҳам овардани шароит барои фарзандони ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд ва бо дарки ин масъулияти бузург аз омӯзгорону мураббияҳо даъват карда шуд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносию вадандӯстӣ ба камол расонда, дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника онҳоро аз хурдӣ ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят намоянд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар ин боғчаи бачагона барои тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон маҳфилҳои гуногун амал намуда, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам роҳу усулҳои нави таълим роҳандозӣ гардидаанд.
Бинои боғчаи бачагона дуошёна буда, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҷойи гузарондани машғулиятҳо, хобгоҳҳои замонавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз толори муосири бозии кӯдакона дидан намуда, бунёди онро дар ташаккули зеҳнӣ ва таъмини истироҳату фароғати насли наврас муҳим маънидод карданд.
Дар ҳавлии боғчаи бачагона як майдончаи муосири кӯдакона бунёд гардидааст, ки барои истироҳату фароғат ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабӣ нақши калон хоҳад дошт.
Дар ҳудуди шаҳраки истиқоматии хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Панҷ” се майдончаи бозии кӯдакон, ҷойҳои истироҳату фароғат, айвонҳои болопӯшида, клуби тобистона, ҳавзи шиноварии замонавӣ, варзишгоҳ ва гулгаштҳои зебо бунёд гардидаанд.
Дар отряди сарҳадии “Панҷ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудааст, иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафаи Ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлолияти давлатӣ барои афсарони отряди мазкур, ки имрӯз соҳиби хона гардиданд, амали шоис-таи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супурданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафароне, ки соҳиби манзилҳои нав гардиданд, даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди давлату миллат содиқонаю софдилона иҷро карда, дар ҳифзи сарҳади кишвар ва музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол ҳамчун сипари боэътимод хизмат намоянд.
Биноҳои истиқоматӣ чорошёна буда, ҳар кадом дорои 48 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардидаанд.
Оилаҳои афсарони отряди сарҳадии “Панҷ” аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд.
Таъкид шуд, ки чанд сол қабл биною иншооти шаҳраки истиқоматии хизматчиёни ҳарбӣ ва отряди сарҳадии “Панҷ” харобу валангор буд. Бо таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани шароити зист ва  фаъолияти доимии хизматчиёни ҳарбӣ имрӯз ин мавзеъ ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарони тоҷику рус, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ сина сипар намуда, ҷони худро аз даст додаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони шуҷои отряди сарҳадии “Панҷ”, ки ба истиқболи меҳмони олимақом саф ороста буданд, баромад намуда, фарорасии Ҷашни Истиқлолияти давлатиро ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.
Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - медали «Ҷасорат», медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Баъди супурдани мукофотҳои давлатӣ дар ҳузури Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Панҷ” расми гузашти низомӣ доир гардид.
Зимни боздид аз толори муосири варзишӣ таъкид шуд, ки таъмиру азнавсозии отряди сарҳадии “Панҷ” далели равшани таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад.
Дар отряди сарҳадии мазкур бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат бинои афсарон, ошхона, ду бинои хобгоҳи сарбозон, ситоди қисми ҳарбӣ, клуби тобистона, меҳмонхона, клуби варзишӣ, ҳаммом, мошинсарой, нуқтаи тиббӣ, ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Хизматчиёни ҳарбӣ мегӯянд, ки дар даврони бесарусомониҳо аз инфрасохтори ба меросмондаи қисмҳои сарҳадии замони пешин нишонае боқӣ намонда буд, вале бо дастгириву тадбирҳои саривақтии давлату Ҳукумати мамлакат қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ куллан навсозӣ шуда, ҳоло сарҳадбонони даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлолияти давлати тоҷикон хизматро дар шароити муосир анҷом медиҳанд.
Маҳз хизмати арзандаву шароити вазнини сарҳадбононро ба инобат гирифта, давлату Ҳукумат барои дастгирии ҳамаҷонибаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла маблағгузории онҳоро амалӣ карда истодааст. Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминоти техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ мустаҳкам гаштааст.
Дар ин рӯз ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон техникаҳои пуриқтидори зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ ва дигар намуди лавозимоти муосири ҳарбии истеҳсоли пешрафтатарин кишварҳои дунё, ки дар вақти ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода мешаванд, муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ доданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 17 отряди сарҳадӣ, 9 комендатура, 152 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 4 маркази таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, садҳо километр хатҳои назоратӣ, роҳҳои мошингарди марзи сарҳади давлатӣ, манораҳои мушоҳидавӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ барқарор гардиданд.
Дар баробари ин, соли ҷорӣ ҷиҳати таҳкими минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти дахлдор 82 дидбонгоҳи иловагӣ таъсис дода шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 380

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед