logo

номаҳо

ҚИССАИ ЯК ТАШВИШ

28 июли соли равон тавассути ҳавопаймо ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе омадам. Пеш аз парвоз ба набераам Рукниддини 13 – сола занг зада гуфтам, ки соатҳои 15 – 16 – и рӯз маро дар фурудгоҳ интизор шавад.
Бояд зикр бинамоям, ки синну солам аз 70 гузаштаву неруи бардоштани борро надорам. Яъне, Рукниддин дар ин маврид бояд барои мададам меомад.
Бовар доштам, ки бо фуруд омаданам маро набераам мебинаду ба ёриям мешитобад. Не, чунин нашуд. Бо парешонхотирию андешаҳои гуногун набераамро аз гирду атрофи фурудгоҳ ҷустуҷӯ кардам. Наёфтам.
Ба назди ронандагони таксӣ омадам. Аз телефони ронандае ба телефони набераам занг задам. Телефонаш хомӯш буд. Гумонҳои зиёд домангирам шуданд. Аз худ бо изтироб мепурсидам: «Ба ӯ чӣ  шуда бошад? Чаро наёмад? Магар рухдоди воқеае нохуш ба омаданаш монеъ гардид?». Ба ҳеҷ пурсишам посух намеёфтам. Аз ронандае хоҳиш намудам, ки маро то ба хонаам бибарад. Дар хона ҳам аз Рукниддин хабаре набуд. Баъди 15 – 20 дақиқа ҷиянам Маҳинабону бо ӯ пайдо шуд. Бар асари гиря чашмони набераам сурху нам гардида буд. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ воқеа рӯй дод ва чаро гиристааст. Магар аламаш тоза шуд, ки инони гиряро сар дод. Дар ин ҳол аз тарсу ваҳм ёрои сухан кардан надошт. Маҳинабону гуфт, ки «ӯро аз милисахона ё худ аз дасти милитсияи минтақаи маъмурии № 8 – и назди фурудгоҳ озод карда овардам».
Маълум гардид, ки набераам дар фурудгоҳ интизори омаданамро мекашидааст. Дар ин ҳол милитсия ё худ корманди шуъбаи корҳои дохилӣ ӯро оварда, бе он ки чизе фаҳмонад маҳкам карда будааст.
Ба ҷуз набераи ман 8 нафар интизорбударо низ оварда маҳкам намудаанд.
Фикр намекунам, ки чунин тарзи муносибат аз рӯи адолату талаботи муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ бошад. Аз ин рӯ, ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин номаро ирсол кардам. Бовар дорам, ки масъулон сари ин масъала тадбирҳои заруриро меандешанд ва чораҷӯӣ менамоянд.
Қ. ШОҲЗОДАҲАСАНОВА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 1545

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед