logo

иқтисод

РУШДИ КӮЛОБ. МАРДУМ АЗ ИҶРОИ БАРНОМА ИНТИЗОРИҲОИ ЗИЁД ДОРАД!

Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди самтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ қабул шудааст. Давоми ин муҳлат 262 лоиҳа бо маблағи 1 миллиарду 46 миллион сомонӣ бо ҷалби ҳама намуди сарчашмаҳои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.
Абдураззоқ Хӯҷамқулов, мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, иброз дошт, ки дар доираи барнома то ҳол 12 корхона сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, корхонаҳои хишт бо иқтидори истеҳсолии 4 миллион дона дар як сол ва коркарди шир, инчунин, 10 коргоҳи хурди қаннодӣ, дӯзандагӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ба фаъолият пардохтанд. Корҳои сохтмонӣ дар 26 иншооти дигар идома доранд.
Бо ҷалби сармояи хориҷӣ  бояд корхонаҳои консервабарорӣ ва ресандагӣ сохта мешуданд, вале бинобар сабаби нарасидани сармоя корҳо дар ин самт оғоз нагардидаанд.
Дар бахши маориф бояд 8 муассисаи таълимӣ сохта мешуд. Мутаассифона, айни замон танҳо як мактаб аз ҳисоби соҳибкорон сохта, мактабҳои Ҷамоати деҳоти Даҳана ва № 37-и маркази шаҳр дар асоси барнома навсозӣ шудааст.  Сохтмони муассисаҳои дигар идома дорад.
Барои ободу зебо гардондани намои шаҳри Кӯлоб ва таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт дар дохили шаҳр дар асоси барнома сохтани биноҳои бисёрошёна ва тармиму таҷдиди 24 километр роҳҳои байнишаҳрӣ дар назар аст. То ин давра аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бунёд ёфта, меҳмонхонаи “Чинор” ба фаъолият оғоз кард. Сохтмони ду бинои нуҳошёнаи дигар бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтодааст. Дар марҳилаи аввал бо ҷалби сармояи хориҷӣ 5,8 километр роҳ таҷдиду азнавсозӣ шуд. Дар марҳилаи дуюм 11,4 километр роҳ сохта мешавад ва корҳо аллакай оғоз гардиданд. Сохтмони як пул ба итмом расида, пули дигар бо дарозии 24 метр то ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад. 
Барои таъмин намудани бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти худӣ дар доираи барнома бояд зиёда аз 300 гектар боғ барқарор карда мешуд. Вале танҳо 15 гектар барқарор гардидааст.
Яке аз мушкилиҳои асосии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Дар доираи барнома сокинони 4 деҳа ва 6 маҳаллаи аҳолинишин аллакай бо оби нӯшиданӣ таъмин гардиданд.
Дар ду сол 116 лоиҳа амалӣ шуд, ки 56,6 дарсади дурнамои дар барнома муайяншударо ташкил медиҳад. Саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии барнома нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шудааст.
Комрон САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 407

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед