logo

фарҳанг

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. ПАЖӮҲИШҲОИ МУҲИМ ҲАНӮЗ ДАР ПЕШАНД!

Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои муҳими бостоншиносии минтақаи Осиёи Миёна ба шумор  меравад. Ба ин, аз як ҷониб миқдори зиёди ёдгориҳои таърихии кишварамон мусоидат намуда бошад, аз ҷониби дигар базаи мукаммали моддию техникии пажӯҳишгоҳи мазкур ва савияи баланди тахассусии бостоншиносони ҷумҳурӣ замина гузоштааст. Аз ин ҷост, ки тӯли солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҳафриёти муштараки олимони  тоҷик бо ҳамтоёни хориҷиашон зиёд гардида истодааст.
- Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва мустақилияти бадастомада мо бо бисёр давлатҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондем, - мегӯяд Нуриддин Сайфуллоев, мудири шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи мазкур. - Дар асоси ин созишномаҳо ҳамроҳи олимони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (АИР), Эрмитажи давлатӣ (Санкт - Петербург) ва Институти таърихи фарҳанги АИР, инчунин бо бостоншиносони Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон ва Чин ҳафриёти муштарак мегузаронем. Аспирантону кормандони пажӯҳишгоҳ дар ин кишварҳо дониш ва маҳорати касбии худро такмил дода, дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурсамари илмӣ мебаранд.
Имсол бо ҳамроҳии бостоншиносони олмонӣ дар деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара ҳафриёт гузарондем. Аз бозёфтҳо маълум гардид, ки ба давраи Юнону Бохтари қадим рост меоянд.
Ҳафриёти муштараки дигар дар деҳаи Сари Ҷари ноҳияи Ховалинг сурат гирифт. Нигораҳои дарёфтшуда ба давраи аввали асри оҳан тааллуқ доранд. Масоҳати он 4 гектарро дар бар гирифта, аз қисмҳои истиқоматӣ, хоҷагӣ - истеҳсолӣ, мудофиавӣ ва гӯристон иборат аст. Дар он боқимондаҳои хумдон, деворҳои похсагини биноҳое, ки кунҷҳояшон дар таҳкурсӣ бо сангҳои калон мустаҳкам гардидаанд ва платформаҳои аз хиштҳои хом сохташуда ошкор гардиданд. Дар байни бозёфтҳо маҳсулоти сафолин (хумҳо, кӯзаҳо, мевадонҳои биринҷӣ, миқдори зиёди маҳсулоти аз санг сохташуда - дасттозҳо, хованҳо, теғасангҳо, кордҳо, зерпояи дарҳо) мавҷуданд. Зарфҳои сафолини ёфтшуда аз осори давраи анҷомёбандаи фарҳанги саппалии зироаткорӣ, моҳигирӣ ва бофандагӣ шаҳодат медиҳанд.
Натиҷаҳои ҳафриёти ёдгории Сари Ҷар барои омӯзиши бостоншиносии  минбаъдаи он имкони хуб фароҳам меорад. Зеро он яке аз деҳшаҳрҳои камшумори асри биринҷии дар тамоми минтақа кашфшуда мебошад. Омӯзиши он барои боз намудани саҳифаҳои нави таърихи халқи тоҷик дар ҳазораи  II – и пеш аз мелод имкони хубе фароҳам меорад. Як қисми бозёфтҳо дар осорхонаи ноҳияи Ховалинг ва қисми дигарашон дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Пажӯҳишгоҳ, ҳамчунин,  харитаҳои бостоншиносии кишварро омода намуда истодааст. Дар асоси маводи зиёди бостоншиносӣ, ки тӯли 50 соли охир ҷамъоварӣ шудаанд, харитаҳои бостоншиносии Помири Шарқиву Ғарбӣ ва Ҳисор омода ва нашр шуданд. Харитаи ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Ёвон дар дасти чоп аст. Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи бостоншиносӣ имсол омодасозии харитаи ноҳияҳои Фархор, Темурмалик, Муъминобод ва Ҷалолиддини Балхӣ дар назар аст.
Аз ҷониби бостоншиносони кишвар кашфи дайри буддоӣ дар ҷануби Тоҷикистон – Аҷинатеппа яке аз бозёфтҳои бузурги илмӣ гардид. Муҷассамаи нодири «Буддо дар нирвана» таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд. Он имкон фароҳам овард, ки  марҳилаҳои алоҳидаи таърихи халқҳои маскуни ин сарзамин ва равобити онҳо бо тамаддунҳои ҳамсоя бештар таҳқиқ карда шавад. Тоҷикистонро олимони хориҷӣ саразми ёдгориҳои бостонӣ мегӯянд. Новобаста аз  корҳои зиёди дар самти омӯзиш ва ҳифзи онҳо амалигардида бештари ёдгориҳои  таърихии кишварамон ҳанӯз пурра ва ҳамаҷониба омӯхта нашудаанд. Пас, корҳои муҳим ва зиёде дар пеш аст. 
Ш. ҚУРБОН,
Н. РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 518
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед