logo

иқтисод

ИХТИРОЪ ВА НАВОВАРӢ. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!

Ихтирооту  навоварӣ дар ҳама давру замон барои рушду маҳсулнокии меҳнату самаранокии истеҳсолот мусоидат намуда, яке аз омилҳои асосии беҳтар намудани шароити зиндагии мардум маҳсуб меёбад.

Инсон аз қадимулайём ба тахайюлоти офариниш дода шудааст. Маҳз  маҳсули хирад ва ғояҳои неки инсонӣ имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳусни дигар бахшидааст. Моликияти зеҳнӣ  ганҷест пурарзиш ва гаронбаҳо. Дар шароити имрӯза иқтидор ва қувваи  давлат на танҳо аз рӯи боигариҳои табиию канданиҳои фоиданоки он, балки аз рӯи истифодаи моликияти зеҳнӣ, аз  ҷумла моликияти саноатӣ ва технологияҳои иттилоотии нави он, баҳогузорӣ мешавад. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рушд ва тараққӣ додани соҳаи моликияти зеҳниро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ дониста, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” ҳамасола дар доираи як қатор озмунҳо ва чорабиниҳо онҳоеро қадрдонӣ менамояд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, бо эҷоди тахайюлот ҷиҳати  беҳбудии зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза  кору фаъолият менамоянд ва дастовардҳои зеҳнии хешро барои манфиати халқ равона месозанд. Муассиса  ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ  амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла ихтироот, таъмин менамояд. Бо ибтикори муассиса дар ду сол як маротиба дар доираи ҷашнҳои Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ (26 апрел) озмуни ғайритиҷоратии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мешавад.
Ҳукумати кишвар ба неруи зеҳниву ақлонии ихтироъкорону навоварон умед ва боварии комил дошта,  баҳри  дар амал татбиқ намудани андешаҳои илмии онҳо ва барои дастгирии аҳли илм, ихтироъкорону навоварон ҳамаҷониба талош менамояд. Дар  солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ихтироъкориву навоварӣ як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ бо нишону ҷоизаҳои ватанӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ  шудаанд. Аз ҷумла, 21 нафар ихтироъкор бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 16 нафар бо Нишони фахрии «Маркази миллии патенту иттилоот» сарфароз гардидаанд.  
Солҳои охир дар қатори ҷавонон сафи занони ихтироъкор низ рӯз то рӯз афзуда истодааст. Маҳсули дасти занҳои ихтироъкори кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон»  солҳои 2012 - 2016 (шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея) сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.
Асри XXI асри иттилоот ва технология буда, навоварию эҷодкорӣ бо суръати баланд пеш рафта истодааст. Ихтироъкорон ва навоварони моро низ зарур аст, то ҷиҳати ҳамқадами замони муосир гардидан боз ҳам кӯшиш ба харҷ дода, бо ихтирооту эъҷодиёти навин, маҳорату истеъдод ва донишу малакаи хеш дар рушду шукуфоии кишвар бештар саҳм гиранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 307

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед