logo

сиёсат

ИҚБОЛИ БАЛАНД. ИСТИҚЛОЛИЯТ СОБИҚАДОРОНРО АЗ ИМТИЁЗҲО БАРХӮРДОР КАРД

Миллати сарбаланди тоҷик 26 сол муқаддам бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳалаи комилан нави таърихӣ ворид шуда, аркони давлатдориро дигарбора истеҳком бахшид. Маҳз истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ кард ва дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати ҷумҳурӣ бо кишварҳои сершумори олам ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуданд. Дар зарфи 26 сол пешрафтҳои амиқи иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ба даст омада, ҳоло кишвари азизи мо таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат ба шоҳроҳи тараққиёт равон аст.
Ҳарчанд 26 сол дар назди таърих фурсати начандон тӯлонист, вале тавассути азму ирода ва талошҳои хастанопазири Президенти маҳбуби кишвар дар ин давра таҳаввулоте ба миён омад, ки таърих мислашро кам дидааст. Аз файзи истиқлолият дар тамоми гӯшаҳои Ватани азизамон сол ба сол дигаргуниҳои қобили мулоҳиза ба миён омада, тавассути корҳои созандагиву бунёдкорӣ намои шаҳру деҳоти мамлакат ҳусни нав пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, барои ҳар як сокини ин сарзамини биҳиштосо Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳо арзиши фавқулода муҳим касб кардааст.
Мо - собиқадорони ҷангу меҳнат сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ намуда, дар татбиқи он фаъолона иштирок менамоем. Дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо ҷомеа мардумро ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои бунёдии истиқлолият даъват намуда, дар тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии насли наврас ва ободию пешрафти диёрамон пайваста талош меварзем.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа аз он қаноатманд аст, ки дар баробари дигар масоили муҳими ҷомеа масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва дигар гурӯҳҳои собиқадорон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар ҷавоб ба ғамхориҳои бесобиқаи давлату Ҳукумат мо - собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, дар тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ахлоқию маънавии наврасону ҷавонон минбаъд низ самимона талош меварзем.
Абдувоҳид ШОДИЕВ,
раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 274

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед