logo

фарҳанг

АНГЕЗАНДАИ ЭҲСОСИ ОЛӢ

Вақте дар бораи устод Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, сухан мекунем, беихтиёр пеши назар ҳикмати ҳазорсолаи башарият – “бузургонро бузургон зинда медоранд” ҷилвагар мешавад ва бори дигар ба бузургию арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан мегӯем, зеро корномаи бемисли устод Айниро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр карданд. 

Устод Айнӣ дар замони барои миллат тақдирсоз ҳамчун адиби оташинқалам ва миллатдӯсту меҳанпараст барои собит намудани ҳастии он тамоми қобилияту маҳорат ва имконоти худро истифода намуда, бо душманони миллат муборизаи беамон бурд. “Намунаи адабиёти тоҷик” беҳтарин ва мантиқитарин посух ба муқобили он даъвогароне буд, ки ҳастии миллати тоҷикро инкор карда, мегуфтанд, тоҷикон туркҳое ҳастанд, ки бо таъсири эрониён забони худро ба форсӣ иваз кардаанд.
Ин хидматҳои ӯ аз ҷониби муҳаққиқони соҳа ба таври пурра омӯхта шудааст. Ман ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик танҳо ба як масъала таваҷҷуҳ кардан мехоҳам.
Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаҳои оид ба забони тоҷикӣ навиштааш ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки ба тозагӣ, осонбаёнӣ ва пойдории он диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамеша дар нутқу баромадҳо, дар мақола ва асарҳои илмию бадеиаш ба осонбаёнӣ ва тозагии забон аҳамияти махсус медод.  Доимо таъкид мекард, ки мо барои халқ эҷод мекунем, бояд фикрамонро чунон баён намоем, ки аз халқи одӣ сар карда, то олим дар фаҳмидани онҳо душворӣ накашанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки устод боре ба бозори шаҳри Душанбе барои харидани ангур меояд. Дар ҳамин вақт ду писарбачаи ангурфурӯшон байни ҳам ҷанг мекунанд. Яке аз ангурфурӯшон ба бачаҳо мегӯяд, ки арбада накунед.  Устод пас аз шунидани ин сухан мегӯяд, ки то ҳол ман дар асарҳоям ин калимаро кор нафармудаам, чунки “ба халқ фаҳмо нест” гӯён андеша мекардам. Имрӯз шоҳиди он гардидам, ки ин калима дар забони мардумӣ “зинда” будааст ва онро дар гуфтугӯй истифода мекардаанд. Ба ҳамин монанд якчанд калимаҳои дигарро низ устод мисол меорад.
Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки устод осонбаёниро ба шогирдонаш низ меомӯзонд. Боре дар яке аз барномаҳои телевизионӣ як шарқшиноси олмонӣ, ки ба омӯхтани забони тоҷикӣ машғул будааст, баён намуд, ки ман вақте ки асарҳои Садриддин Айниро мехонам, ба ягон душворӣ дучор намеоям. Ба осонӣ мефаҳмам, вале дигар асарҳоро на он қадар хуб мефаҳмам.
Чунин анъанаи ӯро шогирдонаш дар наз-му наср устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон идома доданд.
Бояд ин анъанаро зинда гардонд ва давом дод. Устод Айнӣ ба рӯзнома баҳои баланд дода, навишта буд: “Рӯзномаи ҳар қавм забони эшон аст, қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад”. Ӯ барои кор фармудани як калима чӣ қадар андеша мекард, ҳусну қубҳи онро, оммафаҳм буданашро ба эътибор мегирифт, вале имрӯз аксар рӯзномаю маҷаллаҳо бо он ки бо ғалатҳои бешумори имлоӣ нашр мешаванд, инчунин, ба ин ҷиҳати муҳим ҳеҷ таваҷҷуҳ намекунанд. Маро ҳамчун омӯзгор ин масъала ба ташвиш меорад, зеро рӯзномаю маҷаллаҳо оина ва покизанигоҳдори забони модарӣ ҳастанд, вале вақте бетаваҷҷуҳӣ мекунанд, ин боиси нигаронист.
Масъалаи дигаре, ки қайд карданӣ ҳастам, ин забони китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, забони асарҳои бадеӣ мебошад. Муаллифони китобҳои дарсӣ бояд ба инобат гиранд, ки китобро на барои омӯзгор, балки барои хонандагон таълиф мекунанд. Бинобар ин, набояд забони китобҳои дарсӣ олимона, балки содаю осонфаҳм бошанд, талабагон онро бе истифодаи луғат фаҳмида тавонанд. Махсусан забони китобҳои дарсии адабиёт барои синфҳои 8 ва 10 мисоли гуфтаҳои болост. Маводе, ки дар ин китобҳои дарсӣ оварда шудаанд, ҷавобгӯи талаботи барномаи таълимӣ нестанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд: “Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст”.
Ин ифтихор, ин ангезандаи эҳсосоти олӣ бояд намунаи барҷастае барои масъулияти ҳама наслҳои миллат бошад. Набояд фаромӯш кунем, ки ифтихори соҳиби забони нобу зебо ва ширину шево будан масъулияти бузурги поку бегазанд нигоҳ доштан ва ба наслҳои минбаъда мерос гузоштани онро ба уҳдаи мо гузоштааст. Аз ин рӯ, бетаваҷҷуҳӣ ҳеҷ гоҳ қобили бахшоиш нест. Муҳимтар аз ҳама, бо ин масъулиятшиносии хеш бояд собит бинамоем, ки ворисони арзандаи устоди бузургу равоншод Садриддин Айнӣ ҳастем. Тавре Бозор Собир мефармояд:
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Умарқул БЕКЗОДА,
омӯзгор, деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 816

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед