logo

иқтисод

ХАТЛОН. ЧАРО САРИ МУШКИЛОТИ ДЕҲҚОН НАМЕАНДЕШЕМ?!

Аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат саҳми муносиб мегузоранд. Онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 413 ҳазор гектар замини кишт дар 13,5 ҳазор гектар (101,3 дарсад) полизӣ кишт кардаанд, ки ҳосили он 164 ҳазор тоннаро (10 дарсад нисбат ба соли гузашта зиёд) ташкил намуд. Маҳсулоти полизӣ - тарбузу харбуза фаровон гардида, бозорҳоро пур кард. Афзоиши зироатҳои полизӣ ба ҳадде расид, ки деҳқонон ҳатто маҳсулоти худро сари вақт фурӯхта натавонистанд ва он то андозае талаф низ ёфт. Барои огоҳии бештар ба омӯзишу таҳлили ҳолати воқеӣ хабарнигори «Ҷумҳурият» ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Панҷи вилояти Хатлон, минтақае, ки кишоварзонаш бештар ба кишти полизӣ машғуланд, сафар кард.

Кишоварзон аз кишти полизӣ даст мекашанд?
- Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун истеҳсоли маҳсулоти боғу киштаҳоро ба 100 ҳазор тонна расонданд. Миқдори зиёди ҳосилро полизӣ ва сабзавот, аз ҷумла тарбузу харбуза, ҳандала ва пиёз, ташкил медиҳад. Имсол нархи полизӣ, хеле арзон шуд. Ҳарчанд нархи картошкаву пиёзро кишоварзон поин фароварда натавонистанд. Кишти аз меъёр зиёди маҳсулоти полизӣ сабаби фаровонии он гардид. Деҳқонони ноҳия назар ба порсола 269 гектар (дар маҷмӯъ 1884 гектар) зиёд полизӣ кишт намуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар беш аз 260 - сентнерӣ маҳсулот ҷамъ оварданд, - гуфт Нуралӣ Валиев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия.
- Мо барои ба кишт омода кардани замин чанд сол кор кардем, маблағи зиёд сарф шуд. Имсол ҳосилнокии тарбуз хуб буд, аммо, афсӯс, набудани харидор, мо - деҳқононро нороҳат кардааст. Ҳосили кишти барвақтии полизиро арзон фурӯхта, алҳол дар ҷойи он сабзӣ коштам. Дар 2 гектари боқимонда дертар тарбуз кошта будам, ҳоло харидоронро интизорам, - гуфт Ғолиб Хайруллоев, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Убайд».
Дар сари замини зироатҳои полизии ноҳия дидем, ки бештари тарбуз сӯхта ва нобуд шудааст. Деҳқонон барои он ки зарари зиёд набинанд, ҳосили бехаридори пеширо канда, ба кишти такрорӣ омодагӣ медиданд. Онҳо розӣ буданд, то маҳсулоти полизии худро бо нархи паст фурӯшанд. «Баъзан ҳолатҳое мешуд, ки тарбузро ройгон медодем. Зеро бештари он талаф меёфт», - гуфтанд кишоварзон.
Кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои парвариши тарбузу пиёз аз тухмиҳои серҳосил ва кишти зери плёнка истифода мебаранд, ки алъон самараи хуб медиҳад.
- Имсол кори кишоварзони ноҳияи мо омад кард. Натиҷаҳо назар ба  соли гузашта хеле беҳтаранд. Ҳосили 800 гектар тарбуз нағз шуд. Аз Қирғизистону Афғонистон низ омада ин навъи маҳсулотро мехариданд. Аммо деҳқонон аз арзон шудани нархи он шиква доштанд, -  гуфт Ҷамолиддин Ғуломов, сардори раёсати кишоварзии ин ноҳия.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Аюбов Маҳмадшариф» аз он нигарон аст, ки заҳмати зиёд кашида бошад ҳам, ба зиёни иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст.
- Барои кишти 2 гектар тарбуз 6200 сомонӣ сарф кардам, аммо, бо вуҷуди ҳосили хуб, маблағи ҷамъоварда бо сабаби арзонии нарх танҳо 4000 сомониро ташкил дод. Шояд аз ҳосили боқимонда каме маблағ ҷамъ кунам. Ният дорам, ки аз ҳисоби кишти такрорӣ зиёни дидаро ҷуброн созам.
Кори деҳқонони полизикори ноҳияи Дӯстӣ имсол омад накард. Ҳосил ба савдо нарафт. Каримов Ҷумагелдӣ, яке аз деҳқонони ноҳия, мегӯяд, ки аз ҳосили имсола ҳандала хуб ба савдо рафт. Аз тарбуз бошад, зарар дид. Барои хароҷотро пӯшондан дар 0,45 гектар тамоку кошт. Кишти тамоку дар ҳама ҳолат фоидаи зиёдтар дорад. Нархи як килои он аз 16 сомонии соли гузашта имсол ба 22 - 25 сомонӣ расидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки кишоварзони ноҳия мувофиқи дурнамо бояд дар 45 гектар тамоку кишт мекарданд, аммо майдони онро ба 74 гектар расондаанд. Онҳо мегӯянд, ки бо ин роҳ зарари кишти полизии имсоларо пӯшондан мехоҳанд.
Маҳмадҷон Абдуллоев, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Фарғона» - и ноҳияи Панҷ бошад, аз кишти тарбузу харбуза зарари калон дид. Барои ҷуброни он дар кишти такрорӣ дар 4,5 гектар сабзиву пиёз коштанист.
- Барои зиёд намудани майдони кишти картошкаву сабзавоти дигар дар ноҳияи Панҷ имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Кӯшиш дорем, ки барои кишоварзон шароити хуб фароҳам орем, то ки онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро зиёдтар кунанд, - гуфт Шералӣ Одинаев, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия.

Ба ҷойи хулоса
Зимни сафар худ шоҳид будам, ки нархи як тарбуз дар сари палак вобаста ба минтақаи кишт аз 30 дирам оғоз мешавад. Аммо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо нархи он аз 4 то 12 сомонӣ боло меравад.
Мушоҳида шуд, ки мушкилоти деҳқон сохторҳои масъулро кам ба ташвиш меоранд. Барои хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ меҳваре, ки дар лаҳзаҳои душвор такягоҳашон бошад, намерасад. Деҳқон дар интихоби кишти маҳсулот ба роҳнамоии нархи бозор муҳтоҷ аст. Бозор бошад, доим якхел нест. Имсол талафёбии ҳосили полизӣ дар натиҷаи бенизомӣ афзуд.
Коршиносони соҳаи кишоварзӣ низ камчинии картошкаву пиёз ва фаровонии маҳсулоти полизиро аз норасоии омилҳои зерин вобаста медонанд:
- танзими кишт дар хоҷагиҳо ва бахши аҳолӣ;
- ёрӣ дар фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
- тавоноии рақобатпазирӣ бо ҳаннотон;
- марказҳои тиҷоратӣ;
- қарзҳои имтиёзнок барои деҳқонон.
Вақти он расидааст, ки марказе таъсис ёбад, ки ёвари ҳақиқии деҳқон гардад. Деҳқон танҳо ба кишт машғул шаваду дар фикри савдои он набошад. Имрӯз, мутаассифона, нақши чунин марказро тоҷирону ҳаннотон мебозанд. Ҳарчанд ҳосили тарбузу харбуза дар кишвар афзуд ва он аз сари замин бо нархи ночиз фурӯхта шуд, ҳаннотони бозорҳои пойтахт нархи онро нисбат ба арзиши аслӣ чанд карат зиёд кардаанд. Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо онҳо рақобат карда натавонист. Аслан, «Тоҷикматлубот» - ро дар замони шӯравӣ барои миёнаравӣ миёни деҳқону харидор ташкил намуда буданд. Бояд маҳсулоти хоҷагии қишлоқро аз дасти аввал (хоҷагии деҳқонӣ  ё деҳқон) ба истеъмолкунанда расонад ва бо тоҷирону ҳаннотон рақобат намуда, нархи бозорро бо роҳи табиӣ ба танзим дарорад. Аммо имрӯз «Тоҷикматлубот» аз уҳдаи ин вазифа куллан намебарояд. Яъне на ба нарх таъсир расонда метавонад, на аз уҳдаи таъмини сокинони кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ мебарояд. Гузашта аз ин, нархи маҳсулоте, ки он мефурӯшад, аз нархи бозор қариб фарқе надорад. Модоме имкониятҳои «Тоҷикматлубот» ин қадар маҳдуданд, пас, он аз ҳаннотон, ки маҳз бо айби онҳо нархи тарбузи 30 - 50 - дирама дар бозор то 4 - 12 сомонӣ дакка мехӯрад, чӣ фарқ дорад? Ё андешаи роҳбарони вазорату сохторҳои масъул дигар аст?
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 439

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед