logo

сиёсат

ТАНЗИМ. ТАКМИЛИ ҚОНУН ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, барои таҳкиму тақвияти раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ талош меварзад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати ниҳоди тавонои  иҷтимоӣ, ки аз фаъолони маданӣ таркиб ёфтааст, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо сохторҳои давлатӣ баҳри ташхис, расидагӣ, ислоҳ ва рафъи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо иқдом намуда, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дастаҷамъона саҳм мегирад.
Бо назардошти ин, ҳар мушкил ва масоиле, ки боиси тангии рӯзгор ва рӯйи кор омадани буҳронҳо дар сатҳи хонавода ва минбаъд ҷомеа мегардад,  пеш аз ҳама, мавриди назари бевоситаи давлат ва Ҳукумат қарор мегирад. Аз ин ҷост, ки расидагӣ ба масоили муҳими иҷтимоӣ, дар ин замина ба тасвиб расондани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар доираи қонунмандӣ  ҳаллу фасл кардани онҳо рисолати давлати миллӣ буда, бо истифода аз ҳикмат ва волоияти қонун муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сиёсӣ дар баробари баррасии мушкилоти сиёсӣ ва мафкуравӣ ба масоили муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таваҷҷуҳ намуда, ба танзим даровардани урфу одатҳои миллию диниро тақозо карданд. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2007 Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки замони танзими маросимҳои мардумӣ ва динӣ фаро расидааст ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бар пояи тасвиби қонуни алоҳида ба манфиати ҷомеа ва давлат хоҳад буд.
Тибқи таҳлилҳо, то қабули қонуни танзим ба ҳар хонаводаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Ин буд, ки 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳадаф аз тасвиби ин санад ба ҳеҷ ваҷҳ дур кардани мардум аз суннату анъаноти миллию динӣ набуду нест. Ин нуктаро Сарвари давлат ахиран дар суханрониашон ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли ҷорӣ баён доштанд.
Акнун бо гузашти даҳ сол зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш омад.
Тағйир ёфтани фазои иттилоотӣ, ҷойгоҳ пайдо кардани хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ, нуфузи рӯҳонияти муҳофизакор дар умури иҷтимоӣ ва маросимҳои мазҳабӣ, бетафовутӣ ва саҳлангории баъзе ниҳодҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ба сарнавишти  арзишҳои миллӣ давлат ва Ҳукуматро  водошт, ки дар ин самт тадбирҳои судманд андешад.  Бад-ин минвол, бо мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ва бо ҷалби бевоситаи аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ банду бобҳои қонун тавассути васоити ахбори омма мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мувофиқи таклифу пешниҳодҳои мардум дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11-и қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамояд, иртибот мегирад. Дар миёни урфу одатҳои мазҳабӣ, ки бар асоси хурофоту таассуби динӣ дар ҳаёти мардум ҷойгоҳ пайдо кардаанд, маросими мотам нақши калидӣ дорад. Воқеият ин аст, ки дар маросими мотам дахлу харҷи хонаводаҳо сарҳади инсофро убур карда, дар ниҳоят, боиси қашшоқии гурӯҳҳои осебпазир мегардад. Забҳи чорво, ки дар маросимҳои азодорӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ба буҷет ва сабади истеъмолии хонавода зарари сахт мерасонад. Аз ин рӯ, пешниҳод шудааст, ки тамоми маросимҳои азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда шаванд.
Нуктаи дигар, ки дар доираи тағйиру иловаҳо таъкид шудааст, ба моддаи 14- и қонун марбут буда, тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад. Аз меъёр зиёд даъват кардани меҳмонон ба маросимҳо, ки дар ҳудуди шаҳр, одатан, дар ошхона, қаҳвахона ва тарабхонаҳо гузаронда мешаванд, ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда, қонун маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳоро дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳоро масъул ва муваззаф месозад.
Масъалаи дигаре, ки дар иҷрои маросимот як навъ риёкориҳои саросариро ба дунбол дошт, зиёдаравии мансабдорон дар тӯю маъракаҳо мебошад. Дар асоси дархосту пешниҳодҳои мардум муҷозоти ҷиддӣ таъйин кардан ба аъзои Ҳукумат ва шахсони мансабдор зимни баргузор намудани маъракаҳои серхарҷ дар лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст. Бар ин асос, минбаъд аъзои Ҳукумат, раисони вилояту шаҳрҳо ва дигар шахсони мансабдор барои вайрон кардани қонун ҷавобгар дониста шуда, дар баробари ҷарима шудан, аз мансаб сабукдӯш мегарданд.
Ҳамин тавр, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои иҷтимоии маросимиро ба танзим медарорад, тақозои замон буда, дар ҳалли мушкилоти мардум нақши муҳим мебозад. Риояи бечунучарои меъёрҳои ин санади миллӣ бурди ҷомеа, давлат ва Ҳукумат  мебошад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи илмҳои 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 458

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед