logo

фарҳанг

АСАРҲОИ УСТОД АЙНӢ ОИНАИ ДИЛИ МИЛЛАТИ ТОҶИКАНД

Моҷарои зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ пур аз ҳаводиси ибратомӯзу ҳикматомезест, ки таваҷҷуҳ ба он дар замири кас майли худогоҳию хештаншиносиро бедор месозад. Бузургтарин фарзанди миллати тоҷик мебошад, ки манфиатҳои халқу Ватанро аз ҳама арзишҳо муқаддастар медонист. Чуноне ки худи устод гуфтааст:
«Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад магар аз мактабу мадорис».
Оре. Танҳо тавассути дониш ва тарбияи дуруст мо метавонем фотеҳи қуллаҳои баланди инсонӣ шавем. Тавлиди устод Айнӣ тулӯи як хуршед буд, ки тавонист дар оянда синаи зулмотро бишкофад ва бо нури маърифати хеш ҷаҳонро равшанӣ бахшад. Ин офтоб бунёдгузори адабиёти ҷадиди шӯравии тоҷик, нависанда, олим, академик, нахустин Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1951), ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон (1997) Садриддин Саидмуродхоҷаи Айнӣ аст.
Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он чеҳраҳои фарҳангии дунёи форсизабонон буд, ки овони тифливу наврасиаш миёни мардуми деҳот гузашта, баъдан дар шаҳр рӯзгор мебинад. Айнӣ нуздаҳ соли умрашро сарфи таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро карда, дар ҳамин муҳит бо бузургоне мисли Аҳмади Дониш ва Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ошноӣ пайдо мекунад ва аз афкори адабию фалсафии онон баҳра мебардорад. Дар ҳамин мавзеи фарҳангӣ бо ҷадидон риштаи дӯстӣ баста, сару садои инқилоби буржуазии русро мешунавад, зарбаи хуновари 75 чӯби амирро мечашад, доғи бебародарӣ мекашад ва нахустин шеъри инқилобиашро бо номи «Суруди озодӣ» меофарад. Инчунин, инқилоби Бухороро пешвоз мегирад. Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро устод Айнӣ аз мактабҳои меҳнат ва ҳаёт бо сари баланд гузаштааст. Барои дарёфти қути лоямут ӯ ба ҳама кори дуруст даст мезад: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашӯй ва гоҳе мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт, ҳаёти ҷамъиятиро аз худ кард. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодор дарси зиндагӣ омӯхт.
Устод Садриддин Айнӣ ҳамеша орзу мекард, ки Тоҷикистон давлати мустақил бошад. Ин аст, ки солҳо заҳмат кашида, китобҳо навишт. Оид ба масъалаҳои забони тоҷикиву манзалати миллати тоҷик баҳсҳои илмӣ ба миён овард ва ниҳоят дар фасли панҷуми романи «Дохунда» Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро табрик гуфт.
Лозим ба ёдоварист, ки пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ «донишмандон» - е пайдо шуда, мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд. Устод Айнӣ бар зидди пантуркистҳо бо шаҳомат истодагарӣ намуд ва китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ… аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Бо ин бурҳони қотеи қотеъ  мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ карда, иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ огоҳона қарор доранд. Аз ин ҷиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар пойдории забон ва миллати тоҷик бениҳоят гарон аст. Устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон ва мардуми мо аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд ва асарҳои пурарзиш меофаранд.
Бесабаб нест, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуд. Падидаи шинохт аз шахсияти устод Айнӣ ҳанӯз аз вақти ҳаёт буданаш оғоз мегирад. Аммо, бо сабаби ин ки устод бисёр шахси фурӯтан буданд, дар мавриди шахсияти хеш навиштаҳоро намепазируфтанд. Масъалаи марбута то солҳои 1954 дар қалами фарҳангиён ва алоқамандони адабиёти бадеӣ чандон равшан инъикос намеёбад. Дуруст аст, ки шеърҳои монанди «Ба устод Айнӣ»-и М. Турсунзода ва «Ҳафтоду панҷ сол»-и устод Лоҳутӣ ва дигарон арзи вуҷуд кардаанд, ки ба устод Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд. Ҳамчунин, шоирони дигаре ҳам монанди М. Қаноат, Лоиқ, Б. Собир, Гулрухсор, Фарзона, Зулфия ва амсоли онон дар бораи шахсияти устод Садриддин Айнӣ шеърҳо гуфтаанд. Шоирони ӯзбеку рус ва ҳавзаҳои адабии Афғонистону Покистону Эрон низ Айниро васф кардаанд. Достони «Чароғи абадӣ»-и М. Турсунзода, ба ақидаи адабиётшинос Хуршеда Отахонова, симои устод Айниро «чун нависандаи бузург ва заҳматкаш, инсони башардӯст, ватанпараст, маърифатхоҳ ва халқпарвар… шоирона тасвир намудааст». 
Мирзо Турсунзода соли 1953 дар як мақолааш бо номи «Садриддин Айнӣ» менигорад: «Ҳамаи он чиро, ки халқи ситамдидаи тоҷик диду аз сар гузаронд, Айнӣ ҳам дар айёми кӯдакӣ, баъд дар ҷавонӣ ва охир дар айёми баркамол шуданаш дидааст». Воқеан, дар зиндагӣ на ҳама вақт тарҷумаи ҳоли як шахс ба сарнавишти халқи ӯ мувофиқ омадааст.
Дар ҳақиқат ҳар гоҳ бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозем, ба хотир мавҷҳои дарёҳои бузург ва рӯдҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ ва ҳам мусаффоянд. Аз ин рӯ, асарҳои эҷодкардаи устод Айнӣ оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 504

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед