logo

маориф

ДУ МАСЪАЛАИ МУҲИМ: МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Ҳадафи ниҳоии ислоҳоти соҳаи маориф ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани дараҷаи донишандӯзии хонандагон ва дар фаъолияти педагогӣ истифода бурда тавонистани малакаҳои ҳосилшуда мебошад.

Дар амалӣ гаштани ин ҳадафҳо ва таъмини таҳсилоти сифатан нав нақши омӯзгор ва дараҷаи касбияту маҳорати ӯ басо бузург аст. Вобаста ба ин, ҳамкории кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро бо донишкадаҳои такмили ихтисос ва дар якҷоягӣ расондани ёрии методӣ ба муассисаҳои таълимиро  ба  инобат гирифтан хеле муҳим аст.
Хадамоти методӣ дар ислоҳоти соҳа нақши муҳим дошта, ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия вазифаҳои муҳим ва масъулиятнокро иҷро менамояд. Фаъолияти хадамоти методӣ ба амалӣ намудани падидаҳои тоза ва шаклу усулҳои навини раванди таҳсилот, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва ёрии амалӣ ба муассисаҳои таълимию тарбиявӣ нигаронда шудааст.
Рушди хадамоти методӣ тақозои замон аст,  зеро хизмати методӣ аз зинаҳои аввал то боло ба сатҳи талаботи имрӯзаи ислоҳоти маориф, тақвияти ёрии амалии таълимию методӣ ба ҳамаи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷавобгӯй набошад, дигаргунсозии сифати раванди таҳсилот имконнопазир аст. Мақсад аз ташкили ҳамкориҳои дуҷониба, пеш аз ҳама, расондани ёрии методӣ ба омӯзгорон дар баланд  бардоштани маҳорати касбӣ, дастрас намудани навгониҳои педагогӣ, ёрӣ ба омӯзгорони ҷавон, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Инчунин, яке аз вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои методӣ мунтазам назорат бурдан ва мавриди таҳлилу муҳокима қарор додани раванди истифодаи навгониҳо мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки иттиҳодияҳои методӣ дар ҳама намуди таълимгоҳҳо вазифаи пешбурди таълиму тарбияро ба уҳда доранд. Нақши онҳо дар баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорон, мусаллаҳ намудани онҳо бо методу усулҳои нави таълимӣ, тарғиби дастовардҳои навтарини педагогика ва афкори педагогии халқи тоҷик басо арзишманд аст. Ин ҷо рисолати донишкадаҳои такмили ихтисос, кабинетҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методиро дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ махсус қайд намудан ҷоиз аст, зеро ин ниҳод дар амалӣ гаштани ҳадафу вазифаҳои ислоҳот саҳми назаррас мегузорад.
Дар ҳамкорӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос ва кабинетҳои методӣ ташкилу гузарондани семинарҳо, ҷаласаҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, машваратҳо вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия ва хизмати методӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ба воситаи барномаҳои радио ва телевизион ташкилу гузарондани дарсҳои намунавӣ низ ба фаъолияти якҷояи донишкадаҳои такмили ихтисос ва кабинетҳои методӣ дохил шуда, ба омӯзгорону роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимӣ оид ба истифодаи методу усулҳои нави таълим маълумот медиҳад.
Аз ин ҷиҳат, дар такмил ва беҳдошти маҳорати касбии омӯзгорон роҳнамо ва дар ташкилу муайян намудани мазмуни корҳои методӣ дар мактаб нақши арзанда дорад. Хушбахтона, имрӯз моро имконият даст додаву ҳамаи шароит барои дуруст ба роҳ мондани кори кабинети методӣ дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудаанд. Танҳо барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо хоҳиш, малака, маҳорати касбӣ ва сабру таҳаммул лозим аст. Дар ин самт мақсаду маром, ҳадафҳо, пешниҳод ва дархостҳо гуногунанд, вале вобаста ба он ки чӣ гуна ҳадаф ва маромро бояд пайгир бошем андешаҳои мушаххасу возеҳе то ҳол рӯи кор наомадаанд. Аз таҷрибаҳои гузарондашуда метавон ба хулосае омад, ки барои боз ҳам самаранок ба роҳ мондани ҳамкории кабинетҳои методӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос хуб мебуд  онҳо дар оянда на  дар  назди шуъбаҳои раёсати маориф,  балки  дар  назди маркази таълимӣ - методӣ  ё  донишкадаҳои такмили ихтисос фаъолият намоянд. Кабинетҳои методӣ бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шуда,  дар ҳамкорӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос курсҳо ба  таври  таълими фосилавӣ гузаронда шаванд. Донишкадаҳои такмили ихтисос,  маркази таълимии методӣ ва кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф бо мутахассисони варзидаи соҳибкасб таъмин карда шаванд.
Ҷамшед НАМОЗОВ,
директори  ФДҶТИБКСМ
дар шаҳри Кӯлоб,
Ситора МАХТУБОВА,
 муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ – методӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 1897

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед