logo

иқтисод

ВМКБ. ЗАМИН ВА МУШКИЛОТИ ВОБАСТА БА ОН

Гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни иҷрои Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин”  - ро дар шаҳри  Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят мавриди   санҷиш қарор доданд.  
Ба иттилои Диловар  Насруллобеков, раиси  кумитаи  давлатии  идораи  замини  вилоят, то имрӯз дар вилоят аъзои 7798 оилаи эҳтиёҷманд барои гирифтани қитъаи замин  ва  сохтмони  манзили  истиқоматӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд. Дар маҷмӯъ барои 1772 хоҷагии эҳтиёҷманд 111,49 гектар замин ҷудо гардид. Вале, тавре санҷиш  нишон дод, аз  ин  миқдор ҳамагӣ 659 нафар ба сохтмони манзили истиқоматӣ шурӯъ кардаанду  халос. Аз  ҷумла, тибқи санадҳои мазкур дар ноҳияи Шуғнон дар  маҷмӯъ ҷудо намудани  34, 68  га замин пешбинӣ гардидааст. Ба  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҷудо кардани қитъаи замин 986  сокини ноҳия ариза пешниҳод карда, талаботи 409 нафар қонеъ гардонда шудааст. Дар баробари ин, дар давоми солҳои 2016 - 2017 дар  ноҳия 52 ҳодисаи қонуншикании марбут ба тақсимоти замин ба қайд гирифта, аз ҳисоби маблағҳои ҷаримавӣ ба суратҳисоби кумитаи идораи замини ноҳия 4400 сомонӣ ворид шудааст. Дар ин муддат 7 қарори раиси ноҳияи Шуғнон оид ба замин дар асоси эътирози прокуратураи ноҳия бекор карда шуд.
Дар  ноҳияи Рӯшон мутобиқи санадҳои мазкур ҷудо намудани 24,63 га замин пешбинӣ гардидааст. Вале то рӯзи санҷиш ҳамагӣ 18 га замин барои 375 оилаи эҳтиёҷманд ҷудо гардида, айни замон муроҷиати 975 оила беҷавоб мондааст.  
Дар ноҳияи Роштқалъа бошад, арзи 301 оилаи эҳтиёҷманд қонеъ нагардидааст. Дар давоми солҳои 2016 – 2017 аз тарафи прокуратураи ноҳия 10 қарори раиси ноҳия ҷиҳати берун аз фонди манзил ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ беэътибор дониста шуд.
Дар ноҳияи Ванҷ 206 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида бошад ҳам, танҳо 56 нафар ба сохтмони хонаи истиқоматӣ оғоз кардаанд. Дар ноҳияи Дарвоз аз 147 нафар ҳамагӣ 85 нафар сохтмони хонаҳои худро шурӯъ намудаанд.
Чаро аксари шахсоне, ки қитъаи замин гирифтаанд, сари вақт ба сохтмони хонаҳо машғул намешаванд? Шодихон Ҷамшед, раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ нисбат ба фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, раисони ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа ҷиҳати иҷрои саҳлангоронаи қарори мазкур эроди ҷиддӣ гирифт.  Ӯ таъкид намуд, ки тӯлкашии корҳои сохтмонӣ дар  қитъаҳои ҷудошудаи замин аз он дарак медиҳад, ки дар асл шаҳрвандон ба ин заминҳо эҳтиёҷ надоштаанд. Яъне, онҳо ин заминҳоро барои набераву абераҳояшон банд кардаанд. Ҳолатҳои дар ҷойҳои номувофиқ тақсим кардани қитъаҳои замин низ ҷой доранд, ки аз  бесалоҳиятиву бепарвоии мутахассисон дарак медиҳад, зеро онҳо дар вақташ мавзеъро дуруст наомӯхтаанд. Аммо дар бисёр маврид “ҷойи номувофиқ” баҳонае беш нест. Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки мавзеъҳои пешбинишударо бори дигар ҳаматарафа санҷида бароянд. Агар ин ё он мавзеъ барои хонасозӣ номувофиқ бошад, лозим меояд, ки комиссияи босалоҳияти Ҳукумати кишвар барои  омӯзишу баҳогузории такрорӣ ва иваз  кардани  мавзеъ даъват  карда шавад. Раиси  вилоят аз торафт танг шудани  ҳудуди Боғи набототи шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон супориш дод, ки масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои хонасозӣ дар ҳудуди боғро қатъиян омӯхта, ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Шодихон Ҷамшед, ҳамчунин, диққати раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба он ҷалб намуд, ки соли равон нисбат ба қарорҳо эътирозҳои зиёди прокурорӣ содир шудаанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 504

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед