logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Наргис Усмонова аз зумраи лаёқатмандоне маҳсуб мешуд, ки соли 2002 тариқи Квотаи президентӣ барои таҳсил ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омад. Дар факултаи журналистика таҳсил оғоз намуд. Пас аз хатми муваффақонаи он ба зодгоҳаш – ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омад. Фаъолият дар рӯзномаи «Субҳи дониш»-и шуъбаи маорифи ноҳия боз дари бисёр асрори ин касби интихобнамудаашро ба рӯи ӯ кушод. Ҳамзамон ба масоили мубрами соҳаи маориф ошно шуд. Дарёфт, ки рӯзноманигор чӣ гуна онҳоро бояд баррасӣ  намояду дар роҳи ҳаллашон саҳми дурусту саривақтӣ бигирад. Бо ин ҳама, албатта, қонеъ нагардид.
Шавқи илм ва навиштани рисолаи илмӣ ӯро боз ба донишгоҳ овард. Дар шуъбаи аспирантура таҳсил намуда, дар мавзӯи «Ҷанбаи публитсистӣ дар романи «Гузашти айём»-и Ҷумъа Одинаев» рисолаи илмӣ навишт ва онро ҳимоя кард. Алҳол ба ҳайси мудири кафедраи матбуот фаъолият намуда истодааст. Дарсҳояш дар сатҳи баланди касбият мегузаранд. Донишҷӯён ба пурсишҳои худ оид ба масъалаҳои гуногуни матбуот ҷавобҳои қаноатбахш мегиранд.
Ин омӯзгори ба дилу дидаи мо наздик дар ҳамоишҳои илмӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ӯ метавонад меҳри ин пешаро дар дили шогирдонаш ҳамеша биафзояд.
Наргис Усмонова нақшаҳои зиёде дорад. Мехоҳад пажӯҳишро идома бидиҳад, шогирдонро хубтар тарбия бикунад ва дар рушди соҳаи рӯзноманигорӣ саҳми арзандаву чашмрас бигирад.
Ба яқин, мо бо чунин устоди асил ифтихор мекунем ва ӯро дӯст медорем.
Зулайхо РАСУЛОВА,
донишҷӯи факултаи рӯзноманигории
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 320

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед