logo

иқтисод

ҚАРЗИ ФОИЗӢ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Мувофиқи нишондиҳандаҳои низоми пулу қарзи Бонки миллӣ маблағи умумии сармояи қарзи низоми бонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд то аввали моҳи июни соли равон 9 миллиарду 650, 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта  1306,4 миллион ё 11,9 дарсад кам мебошад. Аз ҷумла, гирифтани қарз дар бахшҳои соҳибкорӣ 458,7 миллион, корхонаҳои хусусии тиҷоратӣ  685 миллион,  шахсони алоҳида 201,5 миллион ва лизинг 2,8 миллион сомонӣ коҳиш ёфт. 
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки аз байн рафтани фаъолияти «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк», инчунин, коҳиш ёфтани ҳаҷми сармояи «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» сабаби асосии кам шудани ҳаҷми маблағҳои қарзии низоми бонкии кишвар мебошад. Дар баробари ин,  аз ҷиҳати коҳиш ёфтани воридоти молу маҳсулот талабот ба қарзҳои бонк кам гардид.
Иқтисодшиносон  баробари  сабабҳои номбурда фоизҳои баланди қарзи бонкҳоро мӯҷиби коҳиш ёфтани шумораи қарзгирандагон медонанд. Дар бисёр маврид соҳибкорон аз қарзи бонкӣ ба ҷойи фоида зарар дида, муфлис  мешаванд. Ин ҳолат сабаби худдорӣ кардани соҳибкорон  аз гирифтани қарзҳои бонкӣ гаштааст.
Ба гуфтаи иқтисодшинос  Собир Вазиров,  низоми  бонкие, ки  ба қарзи фоизӣ вобаста аст, дар ҳолати буҳрон  зарари ҷиддӣ  мебинад. Дар баробари ин, вақте бонкҳои тиҷоратӣ  аз бовари мардум  суиистифода карда, амонатҳои онҳоро ғайримақсаднок ба кор мебаранд, табиист, ки эътимод ба чунин бонкҳо аз байн меравад. Дар  натиҷа, низоми  қарздиҳӣ низ мураккабтар ва  фоизи қарзҳо баланд гашта,  то рафт талабот ба чунин қарзи бонкҳо коҳиш меёбад. Дар ин ҳолат барои  муътадилии сатҳи фоизи қарзҳо  ҷалби сармоя нақши асосиро мебозад. Аз ҷониби дигар, баланд  кардани фоизи  қарзҳои Бонки миллӣ яке аз механизмҳои  танзими асъор, коҳиш додани таваррум ва ҳаннотӣ дар бозори асъор мебошад. Вале бонкҳои тиҷоратӣ аз Бонки миллӣ қарзҳоро гаронтар гирифта,  ба мизоҷон бо фоизи баланд пешниҳод мекунанд.  Ин  ҳолат  талаботро ба пул кам мекунад ва дар баробари поён рафтани сатҳи  таваррум ва ҳаннотӣ  боиси  суст гардидани  фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ мегардад. Агар механизми мазкур  тӯлонӣ  давом  ёбад, сабаби  фаъолияти сусти  субъектҳои  соҳибкорӣ гардида,  ба иқтисодиёти кишвар  таъсири манфӣ мерасонад.
- Имрӯз фоизи қарзи бонкҳо дар мамлакат ба ҳисоби миёна 25  дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин нишондиҳанда кам намудани  фоизи қарзи бонкҳо баҳри рушди истеҳсолоти дохилӣ аз ҳадафҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон аст. Аммо вақте бонкҳои ҷумҳурӣ амонатҳоро бо фоизҳои баланд қабул менамоянд, маҷбуранд, ки фоизи қарзҳои пешниҳоднамудаи хешро боназардошти  гирифтани фоида ва пешгирии хавфҳо  баланд бардоранд. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки пардохти 50 дарсади қарзи  бонкҳо ба таъхир афтодааст, дар муддати кӯтоҳ кам намудани фоизи қарзи онҳо ғайриимкон аст. Бинобар ин, бонкҳоро зарур аст, ки ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои муносиб ҷалби сармояро бештар ба роҳ монанд.  Дар баробари ин, идораи дурусти дороиҳо ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо аз ҷониби бонкдорон  барои ҷалби бештари мизоҷон нақши муҳим мебозад. Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта ҳоло сатҳи фоизи қарзҳои ипотекӣ дар кишвар ба 12 дарсад поён фароварда шуд. Мо кӯшиш менамоем, ки дар ду – се соли оянда дар ҳамаи самтҳои иқтисоди мамлакат сатҳи фоизи қарзҳоро поён фароварда шумораи қарзгирандаҳоро зиёд ва ба ин васила рушди истеҳсолоти ватаниро такон бахшем, - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2017    №: 177    Мутолиа карданд: 376

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед